ПАЁМҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ПАЁМҲО

РАИС
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло бахшида  ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Хиради азалӣ, заминаи адабию илмӣ боис гашт, ки нуфузи илму адаб, бахусус матбуоти тоҷик мавқеи худро устувор намояд. Забони бофасоҳати тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо забони сиёсат, забони давлат, забони тиб ва соҳибкитоб буда, дар тӯли қарнҳо доираи худро васеъ намуда, матбуотро дар низоми худ ворид кард. Як саду понздаҳ сол қабл аз ин - 11 марти соли 1912 бо саъю талоши як гурӯҳ донандагони таъриху тамаддун, дар Бухорои Шариф, нахустин рӯзнома, бо унвони «Бухорои Шариф» бо забони тоҷикӣ арзи ҳастӣ намуд...
13.03.2017
Зиндагӣ аз модарон ибтидо мегардад
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати Рӯзи Модар 
Модарону хоҳарони азиз!
Иди фархундаю фараҳбахш Рӯзи Модарро, ки ҳамасола дар омад - омади Наврӯзи фархундапай ва баҳори оламоро таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва ободии рӯзгору бахти беканорро орзу менамоям...
8.03.2017 
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик.
Хиради азалӣ, заминаи адабию илмӣ боис гашт, ки нуфузи илму адаб, бахусус матбуоти тоҷик мавқеи худро устувор намояд. Забони бофасоҳати тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо забони сиёсат, забони давлат, забони тиб ва соҳибкитоб буда, дар тӯли қарнҳо доираи худро васеъ намуда, матбуотро дар низоми худ ворид кард.
8.03.2017 
Паёми табрикии  раиси  шаҳри  Қӯрғонтеппа Амирулло  Асадулло ба муносибати соли нави 2017
Ҳамдиёрони азиз!
Дӯстони  арчманд!
Инак, ба сарзамини  куҳанбунёд ва ҳамешаҷавони   мо  соли  2017 - и  мелодӣ  фаро  расид.  Дар кишвари мо   бо ба охир  расидани  ҳар сол ва омадани соли  навбати мардуми мо, коллективҳои  меҳнатӣ як  бори дигар  ба  роҳи  дар як сол паймудаи хеш назар меафкананд, бурду бохти ин давраи худро мавриди таҳлилу барраси қарор медиҳанд ва ҳадафу нақшаҳояшонро барои як соли дар пешистода муайян месозанд...
30.12.2016 
Қахрамонии бемислу монанд
Паёми табрикии раиси шахри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба шарафи 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Хамдиёрони азизу ачманд!
9-уми Майи соли чори мардуми мо, аз чумла сокинони шахри Қӯрғонтеппа, яке аз рӯйдодхои бузургу бесобиқа, ки дурахшонтарин сахифахои таърихи собиқ  Иттиходи Шӯрави, бисёр кишвархои дигари олам ва умуман тамоми инсоният мебошад, яъне Ғалабаи Бузург бар фашизмро чашн мегиранд. 
Ҷаъмбастии натиҷаҳои тарақиёти иҷтимоӣ-ӣктисодии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори кохии «Ватан» семоҳаи натиҷаҳои тарақиёти иҷтимоӣ-ӣктисодии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаъмбаст гардид.  Дар ҷаъмбастӣ  Раиси шаҳр, муовини аввал, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, ВАО  ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд. Маълум гардид, ки  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва коллективҳои меҳнатии дар шаҳр фаъолияткунанда қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
13.04.2016
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати фарорасии иди Наврӯз
Наврӯз файзу баракат орад
Ҳамдиёрони азиз!
Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо яке аз қадимтарин ва муқаддастарин идҳои миллиамон – Наврӯзи хуҷастапай, ҷашне, ки фарорасии онро двр ҳар як хонадони тоҷик бесаброна интизор мешаванд, қадам ранҷа кард. Бо омадани худ Наврӯз қалбҳои моро аз шодию фараҳ лабрез мегардонад. 
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати Рӯзи Модар – 8 Март
Ҳамдиёрони арҷманд!
Модарону хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди фархундаю фараҳбахш - 8-уми март, ки дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи  Модар ҷашн гирифта мешавад, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатию хушбахтӣ, хонаободию сарбаландӣ орзу менамоям.
7.03.2016
ПАЁМИ  ТАБРИКӢИ
РАИСИ ШАҲРИ  ҚӮРҒОНТЕППА АМИРУЛЛО АСАДУЛЛО
БА МУНОСИБАТИ   РӮЗИ   ҚУВВАҲОИ  МУСАЛЛАҲИ  ҶУМҲУРИИ   ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз !
Аз таъсис ёфтани ҳомиёни содиқи Ватан - Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол  сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, истиқоматкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа, тамоми  хизматчиёни ҳарбиро  самимона  табрику  таҳният  мегӯям.
22.02.2016
Истиқболи Пайёми пешвои миллат дар шаҳри Қӯрғонтеппа.
Имрӯз 20-уми январи соли 2016 Пайёми сарвари чумҳурӣ, асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистони соҳибиқболамон равона карда шуд.  Дар тамоми қаламрави Чумҳурӣ, аз чумла дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри   Қӯрғонтеппа Паём бо хушнудӣ ва нагаронӣ қабул карда шуд. Пайёми имсола ба Мачлиси Олӣ бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву ичтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2016 ва таъқиди афзалиятҳо барои давраи миёнамӯҳлат аз оғози сол пешбинӣ шуд.
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло
ба муносибати соли нави 2016
Ҳамдиёрони азиз!
Инак, мо бо соли 2015, ки аз бисёр ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла барои истиқоматкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа соли бофайзу баракат, соли хотирмон буд, хайрбод гуфта, соли нави 2016-ро бо як ҷаҳон орзую ормонҳо, бо ниятҳои неку начиб истиқбол мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо аз самими дил муборакбод менамоям...
Паёми Табрикии Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло Ба муносибати фарорасии Иди Шарифи Қурбон
Инак, мардуми шарифи Точикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, аз ҷумла сокинони сарбаланди шаҳри Қӯрғонтеппа, боз ба яке аз идҳои барои ҳамаамон изизу муътабар-иди мубораки Қурбон расиданд. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо аз таҳти дил табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори осуда, бахту саодат, дастархони бобаракат ва саломатию пирӯзиҳо орзу менамоям. Иди Қурбон аз асоситарин идҳои исломӣ ба шумор рафта, он дар худ фарҳанги инсонпарварӣ ва башардӯстӣ, меҳру шафқат ва саховат ростию ҳақиқат, садоқату вафодорӣ ва покиву озодагиро тачассум менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар бораи фазилатҳои иди Қурбон сухан ронда, барҳақ қайд карданд, ки дар рӯзҳои чашн гирифтани он беҳтарин амалӣ неку савоб дили касеро ба даст овардан  ва нисбат ба бечорагону муҳточон, ятимону бепарасторон, мӯйсафедону барчомондагон хайру саховат кардан аст. Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва одамият мебошад».
Дар ҳақиқат мардуми мо кӯмаку ёрӣ расонидан ба ҳамдигар, хусусан дастгирӣ кардани шахсони эҳтиёчманду камбизоатро шиори худ карда, ҳамеша, хосса дар рӯзҳои ид, анчом додани чунин корҳои савобро амали неку писандида меҳисобанд. Боиси фахр аст, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ шахсони олиҳиммат, саховатпеша ва боору номус кам нестанд, ки пайваста ба дигарон, ба қишрҳои камбизоат дасти мадад дароз мекунанд. Ман бовар дорам, ки имсол низ дар арафа ва рӯзҳои ид ин амри савобро ба ҷо меоваранд. «Ин кори хайр,- таъкид кардаанд Роҳбари давлат,-набояд амали якрӯза ва мавсимӣ бошад, балки ба анъанаи доимӣ табдил ёбад»...
Суханронии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ.
Дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нақши муҳим дошта, дар адабиёти классикии тоҷик чун «Султони шоирон», «Малик-уш-шуаро», «Соҳибқирони шоирон ва «Падари шеъри форсӣ» эътироф гардидааст. Ин омил мояи ифтихори халқи мо буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ таваччуҳ ба афкор ва осори Рӯдакӣ бештар шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати  фарҳангдӯстонаи худ баргузории ҷашнвораҳои бузургонро анъанавӣ карда, ба ин восита диққати  аҳли ҷомеаро ба омӯзиши таърих ва дар фаъолияти ҳаррӯза истифода бурдани таҷрибаи таърих, панди бузургон равон месозад.
Тачлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ дар соли 2008 ва бо қарори махсус рӯзи 22 сентябрро ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ чашн гирифтан аз ғамхориҳои беназири Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Дар пули миллӣ дарч кардани бузургони миллат аз чумла устод Рӯдакӣ нишонаи пайванди наслҳо буда, моро водор месозад, ки дар атрофи давлат ва ҳукумати мамлакат зич, муттаҳид гардида, дар кору фаъолияти хеш ба инкишофи фарҳанги миллӣ мусоидат намоем.
Роҳбари давлат дар масъалаи рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ анъанаҳои неки сомониёнро идома бахшида, дар замони ҷаҳонишавӣ ба ҳифзу густариш, анъанаҳо, тақвияти ватандӯстӣ муваффақ шуда, ба ин васила давлатдории миллиро устувор ва истиқлолиятро мустаҳкам мекунанд...

ПАЁМИ
ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА АМИРУЛЛО АСАДУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
 
Муҳтарам омӯзгорон!
Шогирдони азиз!
Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус  Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба соҳаи маориф, марҳила ба марҳала баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳа, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва донишу маърифати хонандагон дар муассисаҳои таълимии кишвар диққати чиддӣ  ва ҳамачониба зоҳир менамоянд. Яъне маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асосӣ  ва стратегӣ  эълон гардидааст...муфассал...
Иди саиди фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!
Паёми табрикии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати иди саиди Фитр

       Ҳамдиёрони азиз!
     Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр самимона табрик намуда, бароятон рӯзгори осуда, бахти нек, саломатию сарбаландӣ орзу менамоям.
     Иди саиди Фитр аз идҳои азизу муқаддас ва муътабар ба ҳисоб рафта, тамоми мусулмонони чаҳон, аз чумла мардуми кишвар ва аҳолии шаҳри мо ҳар сол ин идро баъди ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи хайру сахо ва мағфирати гуноҳҳо бо нишоту шодӣ, хурсандию хушҳолӣ, бо қалбу руҳи болида ва нияту омолҳои нек тачлил менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «моҳи шарифи Рамазон ҳамчун рамз ифодагари пайванди таърихии халқҳо буда, фарҳанг ва фалсафаи он чавҳари умумиинсонии тамаддуни исломиро ташкил медиҳад. Парҳез кардан аз худхоҳиву нафспарастӣ ва дар ниҳоят худочӯйиву инсонпарварӣ дарси моҳи шарифи Рамазон, дарси мактаби ислом аст»...муфассал...

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню