МАҶЛИСҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

МАҶЛИСҲО

РАИС
Сухане, ки қалбҳоро гарму мулкро обод кард
Вақте, ки тундбоди ҳаводис фазои нилгуну атрогин, қалбҳои беғаму андӯҳ ва замони шодмонию фараҳро маҳв намуд, дарду ғам натанҳо ба ҷисму ҷони инсонҳо, балки дар саросари Ватан қадам ба қадам мавқеашро устувор мекард. Оташи рашку кин дару даргоҳ, манзилҳои умеду ормони одамонро месӯхт. Тирҳои аз камонҷаста дар ҷисму қалб маскан гирифта, тани оғӯштаи хунро ба хок меафканд.
Тарсу ҳарос, оҳу нола, ашки шӯри гунаҳои модарони фарзандгумкарда водии Вахшро ба водии мотамзада табдил дода буд. Гурӯҳе аз тарси он ки ҷони худро аз даст надиҳанд, дороиву сарват, хонаву дари худро кушода тарки Ватан кардаву дар он сӯи марз бо дили пур аз ғаму ранҷ, бо сари хаму яъсу ноумедӣ интизори пайки неку бад буданд...
Ҷаласаи Раиси шаҳр
Дар толори барҳавою зебо, ки аввалин маротиба пас аз таъмири пурра таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Қӯрғонтепа  - Амирулло Асадулло ҷаласаи васеъи ҳукуматӣ бо иштироки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мудирони ҳамаи бахшҳои МИМҲД шаҳри Қӯрғонтепа баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ҷаласа Раиси шаҳр иштирокдоронро бо иди 23-юми феврал - Рузи Артишии Миллии ҶТ табрику таҳният намуда ба онҳо тинҷии Ватан  ва  барори кор орзӯ намуд...
21.02.2017
Конфренсияи илми-амали бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар толори моқомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси шаҳр мӯхтарам Амируллло Асадулло бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илми-амали доир гардид. Дар конфренсия дар баробари роҳбарони тшкилоту муассисаҳо ва вакилони маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин мовини Раиси вилоят доктори илмҳои сиёсатшиноси профессор М. Хидирзода низ иштирок намуданд... 
Баромади Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯхтарам Амирулло Асадулло дар конфренсияи илми-адаби бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷум хурии Тоҷикистон
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоҳии механи маҳбуб – Тоҷикистон.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёси, иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангиаш паём фиристад...
Баромади роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Н.Б дар конфренсияи илми-адаби бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу суббот ва таъмини амнияти мардуми кишвар.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷаноби Си Ҷинпин дар хаққи Сарвари давлати тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Дар 25 – соли соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикстон ваҳдати милли, суботи иҷтимои ва беҳбудии некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагии миллии кишвари худ мувофиқ буда, аз ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад»...
Конфренсияи илми-амали дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории милли»
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи «Лоҳути» Конфренсияи илми-амали дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории милли» баргузор карда шуд. Конфронсро бо сухани ифтитои раиси шаҳр мӯхтарам - Амирулло Асадулло оғоз намуда, баъдан аз роҳҳои пурмшаккати тайнамудаи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти маҳбубамон мӯхтарам - Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаву дастоварҳои даврони истиқлолият (иҷроиши хадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)... 
Қабули шаҳрвандон
Рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтепппа тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» аз тарафи Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва муовинони раиси шаҳр рӯзҳои қабули шаҳрвандони шаҳри Қӯрғонтеппа ба роҳ монда шуда аст...
Суханронии Раиси шаҳр дар конфренсияи илми-амали бахшида ба 22-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     
Чи тавре, ки таърих гувоҳи медиҳад, аз лаҳзаи барпо – шави ва ташаккулёбии давлати миллии тоҷикон инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон 5 марҳиларо аз сар гузаронидааст. Ин марҳилаҳо солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994-ро дарбар мегирад. Чунки дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст.
Баромади Раиси шаҳр дар конфренсияи илми амали дар мавзуи - «Сабабҳои пошхурдани оилаҳо ва роҳҳо пешгири намудани онҳо»
Чи тавре, ки ба хамагон маълум аст санаи 23 январи соли 2015 дар Паёми навбатии худ аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оилдори, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдори оила таваҷҷӯҳи хоса зохир намуда, соли 2015 - ро «Соли оила»... 
Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панҷум
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва намояндаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлаии вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода Ичлосияи хаштуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум баргузор гардид,ки  рӯзномаи онро  масъалахои зерин ташкил дод...
Ҷамъбастии шашмоҳаи натиҷаҳои тараққиёти иxтимоӣқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа             
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппамаxлиси xаъбастии шашмоҳаи натиxаҳои тараққиёти иxтимои-иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки муовини Раиси вилоят баргузор гардид. 
9.07.2016
Дар толори “Кохи Ватан”-и  маҷлиси панҷдақиқаи назди Раиси шаҳр  баргузор гардид.                                       
Маҷлисро муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуллоев И. Н. оғоз бахшида фаъолони шаҳрро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуданд. Муовини якуми раиси шаҳр Абдуллоев И. дар давоми суханрониашон нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда барои иҷрои саривақтии он ба муовинон, роҳбари дастгоҳ ва масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо доданд. Инчунин таъкид намуданд, ки иҷрои супоришҳои додашударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда саривақт ва бо сифати баланд иҷро карда шавад...

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи натичаҳои тараққиёти ичтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2015
Рушди босуботу устувори хочагии халқи шаҳр шаҳодати соҳибистиқлолӣ, устувории давлат ва азму иродаи қавии меҳнаткашони шаҳр мебошад. Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якчоягӣ бо коллективҳои меҳнатии шаҳр, бо азму иродаи қавӣ супориш ва дастурҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, чиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Чумҳурӣ ва бо мақсади ичрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди ичтимоию иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа барои соли 2015, нақшаҳои аксар соҳаҳои хочагии халқи шаҳр бо натичаҳои арзандаи истеҳсолӣ чамъбаст карда шуданд.

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панчум таҳти раёсати раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар толори кохии «Ватан» баргузор гардид.
Дар он ҳисоботи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар бораи тараққиёти иқтисодию ичтимоии хочагии халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015 ва вазифаҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои соли 2016 ҳисобот дод. Дар бораи ичрои бучети соли 2014 ва тасдиқи бучети шаҳр барои соли 2016 гузориши сардори раёсати молияи шаҳр Умед Зарифов шунида шуд...

Ташаббуси созанда бояд дастгирӣ ёбад
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа ин навбат хеле ғайримуқаррарӣ ва бо муҳокимарониҳои тезу тунди музокирачиён сурат гирифт. Ин бесабаб набуд, зеро сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, бахусус вакилони Маҷлиси халқи шаҳр пас аз ирсоли Мурочиатнома ба унвони раиси вилояти Хатлон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят умед доштанд, ки Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва раиси вилоят ба он вокуниш нишон дода, ба дархости депутатҳо таваччуҳ зоҳир мекунанд...


Вохурӣ дар Донишгоҳи Энергетикӣ.
Бо ташабусси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар Донишкадаи Энергетикии Точикистон дар вилояти Хатлон вохӯрӣ оиди пешгирии чавонон аз шомил шудан ба гӯруҳҳои ифротӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбари ТЧЧ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло низ иштирок намуданд. Раҳмонзода Абдулло дар баромадашон чунин қайд намуданд: Президенти мамлакат Чаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадашон таъқид намуданд, ки дар тарбия насли наврас ҳар яки мо  доимо бодиққат бошем...


Мизи мудавар дар мавзӯи Парчам-ифтихори миллату давлат.
 Бо ташабусси бахши занон ва кор бо оилаҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа а котиби матбуотиии Раис  дар толори китобхонаи марказии шаҳр мизи мудавар дар мавзӯи «Парчам-ифтихори миллату давлат» баргузор гардид...





Амирулло Асадулло: «Ватандору ватандӯст ватан обод мекунад»
24 июли соли равон дар ҳузури раиси шаҳр муҳтарам Амирулло Асадулло нишасти матбуотӣ  доир гардид. Дар он кормандони масъули мақомоти ичроия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони корхонаву идораҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд... 




Маҷлис барпо гардид.
        Маҷлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло оғоз бахшида сараввал оид ба  тағйироти кадрӣ суханронӣ намуданд. Аз чумла қайд карда шуд, ки Холмуродов Нуралӣ – менечери Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 10 июли соли 2015 бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шуд.
Мирсаев Сулаймоншо Саидович аз 10 июли соли 2015 ба мансаби менечери Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа бо фармони...

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси шаҳр, муовини якум, муовинон,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар намудани вазъи корҳои ободони дар шаҳр, муҳокима  ва   баррасии  супоришҳои додашуда  ва дигар масъалаҳои  рӯзмара  13 07 2015 маҷлис барпо гардид.
 
        Маҷлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло оғоз бахшида сараввал оид ба  тағйироти кадрӣ суханронӣ намуданд. Аз чумла қайд карда шуд, ки Холмуродов Нуралӣ – менечери Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 10 июли соли 2015 бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шуд.
        Мирсаев Сулаймоншо Саидович аз 10 июли соли 2015 ба мансаби менечери Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Чумҳурии Точикистон таъин карда шуд. Раиси шаҳр Амирулло Асадулло ба ӯ барои ичрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно намуданд...
        

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню