САЙЁҲӢ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

САЙЁҲӢ

ИҚТИСОДИЁТ
Қӯрғонтеппа нигинест дар ангуштарини Хатлонзамин
Қӯрғонтеппаро шаҳри чавон ва дӯсти унвон мекунанд. Дар ин макони ободу зебо имрӯз халқияту миллатҳои гуногун зиндаги ва фаъолият доранд. Махсусан шаҳри Қӯрғонтеппа дар ду-се соли даврони сохибистиқлоли рушд ёфта, ободу зебою дилрабо гаштааст. Ҳар як меҳмонони хориҷие ки боре ба Қӯрғонтеппа меояд, аз зебоии шаҳр ва меҳмоннавозию пазироии сокинонаш мафтун гашта, орзу мекунад боз бори дигар ба шаҳри Қӯрғонтеппа биояд...
Мавқеи географии шаҳр
Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Шаҳр дар охили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, иқлимаш хушки субтропикист. Харорати миёнаи январ 0,90 с, июл 28,90 с, боришоти солона 271 мм.
Каме аз таърихи пайдоиши шаҳр
Қӯрғонтеппа асрхои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст, ки маънои «шаҳри гӯша» -ро дорад. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табии набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъи ба вуҷуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» ҷори кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фуруш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд хар кадом як хӯрчини хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҷа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятхо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр ихота мекард, ки аз болои он ароба бемалол гашта метавонист...
3.12.2016
Оиди дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди туризми дохила ва ба сайёҳат сафарбар намудани наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба минтақаҳои сайёҳи, таърихи-фарҳанги ва табиии кишвар
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади рушди туризми дохила, васеъ намудани чахонбинии ҷавонон ва шинисои бо мавзеҳои таърихи, фарҳанги ва табиии кишвар дар рӯзи 23 январи соли 2016, 48 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Душанбе ба сайёҳат сафарбар карда шуданд. Дар рафти сайёҳат наврасону ҷавонон аз Осорхонаи милли, боғи Парчам, Сирки давлати ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе назар намуданд.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню