ЭЪЛОНҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ЭЪЛОНҲО

ИҚТИСОДИЁТ
Н О М Г Ӯ И
мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Эзоҳ: Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд ба комиссияи озмуни мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли чои холӣ дар мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ҳуччатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1.       Ариза ба унвони раиси шаҳр
2.       Варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо
3.       2-дона расм (андозаи 4х6)
4.       Нусхаи шиноснома
5.       Ҳуччатҳо дар барои маълумот (дипломҳо)
6.       Ҳуччатҳои тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)
7.       Эъломия оид ба амвол ва даромад
8.       Маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида (086)
9.       Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон...

Муроҷиат ба сокинони шаҳр
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилоту муасисаҳои давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои  мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи  ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2015 як қатор корҳоро ба анчом расонид. Хушбахтона, дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта  дар давоми соли сипаригардида ба қайд гирифта нашуд. Вазъи бемориҳои сирояткунанда низ муътадил буда, дар миқёси шаҳр бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта нашудааст...

Машқхои оташнишони  тайёри -   дар шохрох.
Бо  мақсади пешгирии холати сӯхтор  дар  иншооти  давлативу  чамъияти,  чоннок  гардонидани  корхои  тарғиботи - ташвиқоти дар мавзуъи  сӯхтор, баланд бардоштани  малакаи касбии  кормандони  сохаи оташнишони, дар  асоси нақшаи  кории  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии  Вазорати  корхои  дохилии  Ҷумхурии Тоҷикистон    гурӯхи  кори  таъсис дода шуда, дар мавзӯи «Хомӯш  намудани  сӯхтор  дар нуктахои  фурӯши  сӯзишвори»  шахру  нохияхои  вилоят машқхои  тактики - оташнишони ташкил  ва  гузаронида  шуданд.
Чунин  машқи  тактиқи – оташнишони дар нуктаи  фурӯши  сӯзишвории «Шохрох»-и  шахри   Қӯрғонтеппа, ки дар   шафати рохи  нақлиётгарди  Душанбе-Қӯрғонтеппа  чойгир  аст,  аз  тарафи  гурӯхи  кори сӯхтори  шарти  ташкил  ва  бонги  хатар  эълон  гардид. Нахуст  холати омодагии аъзоёни  дастаи ихтиёрии  оташнишонони  нуктаи  фурӯши  сӯзишвори  мавриди санчиш   қарор гирифт.

Хамоиши дастгирии Сарвари Чумхур.
Бо ташабуси бахши занон ва кор бо оилаҳои мақомоти ичроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯргонтеппа дар колечи омӯзгории шаҳр ҳамоиши дастгирии пешвои миллат интихоб шудани Сарвари Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабини муовини Раиси шаҳр Қосимова С рочеъ ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сухан ронданд. Ба андешаи Қосимова С таърихи чаҳонӣ ва назарбиниҳои илмӣ гӯвоҳӣ медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилллӣ дар ҷаҳони муосир шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати язиятдида, ранчхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрум-гардидаи точик доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи бунёдгузории давлати миллӣ ва мутаҳид намудани халқ атрофии ғоя ва андешаҳои ӯ боз аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд...

Озмуни «Оилаи солим – ҷомеаи солим»
Бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила, чавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 – и шаҳр озмуни «Оилаи солим – чомеаи солим» баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, завқи эстетикии оилаҳои чавон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиш, чалб намудани оилаҳо ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд. Дар он оилаҳои чавон ширкат варзида, аз рӯи шартҳои муайяншуда қувваозмоӣ карданд. Дар охир ғолибон ва иштирокчиёни чорабинӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуданд...

Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  
Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  дар самти меҳнат дар асоси Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Точикистон аз 4 июни соли 2014, №391
“Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” тасдиқ шудаст ва Низомномаи шуъба ба роҳ мондааст. Шуъба дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз чумла, қонунҳои Чумҳурии Точикистон “Дар бораи ҳифзи меҳнат”, “Дар бораи шарикии ичтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ”, Кодекси  меҳнати Чумҳурии Точикистон...

Оид ба рафти ичрои Кодекси шаҳрсозии Чумҳурии Точикистон ва татбиқи нақшаи  генералӣ дар шаҳри  Қӯрғонтеппа
Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Чумҳурии Точикистон ва татбиқи нақшаи  генералӣ, инчунин фаъолияти комплекси сохтмон аз чониби шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар даҳ моҳи соли 2015 корҳои муайяне ба сомон  расонида шудааст...





        Оиди гузаронидани «Ярмаркаи чойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод» аз тарафи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи  13 август  соли 2015.
       Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа корро аз рӯи ҳамаи самтҳо тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва қарорҳои раиси шаҳри Қуғонтеппа ба роҳ монда бо мақсади бо чоӣ корӣ доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони корчӯ ва бо ин васила паст намудани чараёни бекорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 13 август соли 2015 дар боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Р. Мурчаеви  шаҳри Қӯрғонтеппа  «Ярмаркаи чойҳои кории холи ва вазифаҳои озод»  гузаронид... муфассал...
Н О М Г Ӯ И
мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа 
р/т
Номгӯи мансабҳои холӣ
Маоши мансабӣ
 


 
 
   
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню