Ҳисоботи Литсейи касбии техникӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳисоботи Литсейи касбии техникӣ

Доир ба фаъолияти Литсейи касбии  техникии  шаҳри   Қӯрғонтеппа дар  нимсолаи аввали соли 2015
Банақшагирӣ ва чараёни таълим
Дар давраи ҳисоботӣ  муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Оиннома,  Низомнома, Нақшаи кории  Шурои мӯҳандисӣ – омӯзгорӣ, Нақшаи кории литсей, инчунин фармону дастур ва супоришҳои Вазорати меҳнат муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарорҳо ва амру фармонҳои мақомотҳои ичроияи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа   ба роҳ монда,  корҳои назаррасеро ба анчом расонид.
Дар ин давра мутобиқи нақшаи корӣ 5 маротиба Шурои мӯҳандисӣ – омӯзгорӣ, зиёда аз 15  маротиба машваратҳои назди директор доир гардонида шуда, масъалаҳои дар нақшаи корӣ пешбиникардашуда баррасӣ ва муҳокима  гардонида шуда,  ичроиши онҳо зери назорат гирифта шуд.
Аз чумла дар шӯроҳои мӯҳандисӣ-омӯзгорӣ масъалаҳои натичаи чамъбасти кори таълиму касбомӯзӣ дар соли 2014, Рафти ичрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2012-2020, ичрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03.07.2006, №277 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Чумҳурии  Точикистон барои солҳои 2006-2015», Ҳолати омӯзиши фанҳои тахссусӣ, дар курсҳои якум, дуйум ва сейум, Ҳолати омӯзиши фанни забони русӣ, Оиди ба таёрӣ ба тачрибаомӯзӣ сафарбар намудани донишчуёни курсҳои хатмкунанда, Назорати рафти тачрибаомузӣ, Доир ба омодагӣ ва натичаи имтиҳонҳои чорӣ курсҳои хатмкунанда «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва ғайра баррасӣ ва муҳокима карда шуда, оиди бартараф намудани камбудиҳои чойдошта қарорҳо қабул карда шуда, барои ичроиш ба асоси кор гирифта шуд.
Инчунин дар ин давра дар машваратҳои назди директор масъалаҳои
 интизоми меҳнат, баланд  бардоштани сатҳи давомоти  хонандагон, натичаи санчишӣ комиссияи Маркази таълимӣ-методии ва мониторинги сифати таълимӣ назди вазорати Меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии ЧТ,  пешгирии чиноят ва қонуншиканӣ, дигар масъалаҳои рузмарра  дида баромада шуда, барои  ислоҳи камбудиҳо дастур ва супоришҳо дода шуд. Доир ба камбудиҳои дар рафти санчишҳо ошкоргардида Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардонида шуда, барои ичроиш ба асоси кор гирифта шуд.
Таъминоти кадрӣ
Шумораи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 46 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора  22  нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ва 24 нафари онҳо маъмурият ва омӯзгорони фанни назариявӣ мебошанд. Аз  шумораи умумии омузгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ  24 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ, 1 нафар дорои маълумоти олии ноппура,  13 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 7  нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ   ва 2 нафар дорои маълумоти  миёна  мебошанд.
Аз шумораи умумии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 8 нафар бо дарачаи тахассусии олӣ, 19  нафар бо дарачаи тахссуссии якум, 12 нафар бо дарачаи тахассусии дуйум фаъолият карда истодаанд. 7 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ айни ҳол дарачаи тахассусӣ надоранд.
Айни ҳол муассиса ба як устои таълими истеҳсолӣ ихтисоси барқчӣ эҳтиёч дорад.
Шумораи донишчӯёни муассисаи таълимӣ
Ҳоло шумораи хонандагон дар литсей 611 нафарро дар шӯъбаи рузона аз руи 7 ихтисос:   чубтаррош, монтёри барқӣ, кафшергари барқӣ, радиомеханик, челонгар - таъмирчии кузови автомобил, дӯзанда, системаи компютер  ташкил медиҳад, ки аз ин шумора  55 нафари онҳо  духтарон мебошанд.  Ин шумора назар ба ҳамин давраи  соли гузашта 92 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон дар литсей  20 нафар аз чумлаи  хонандагони литсей барои омузиши забони русӣ ва 30 нафар савдогарон барои омузиши касби фурушанда барои таҳсил аз моҳи март дар курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта шудаанд.
Соли чорӣ 177 нафар хонандагон муассисаи таълимиро хатм хоҳанд намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 35 нафар зиёд буда, 5 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.
   Ин Аз ин шумора 57 нафар бо касби кафшергари барқӣ, 9 нафар бо касби радиомеханник, 9 нафар бо касбӣ чубтаррош, 35 нафар бо касби омузиши компютер, 35 нафар бо касби челнгари автомобил ва 32 нафар бо касби монтёри барқӣ мебошанд.
Ҳамзамон имсон 124 нафр шунавандагони шуъбаи ғоибона муассисаро аз руи касбҳои кафшергари барқӣ, челонгари автомобил, монтёри барқӣ,дузанда ва омузиши компютер хатм хоҳанд намуд, ки ин назар ба соли гузашта 14 нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии хатмкунандагони шуъбаи ғоибона 40 нафари онҳоро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки аз соли гузашта инчониб қабул ба шуъбаи ғоибона бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қатъ карда шудааст.  Аз ин ру барои бисёр хоҳишмадони касбомӯзӣ - хусусан занон ва духтарон имконияти гирифтани касб ва маълумоти миёна аз имконият берун гардидааст.
 
Сатҳи корҳои методӣ
Дар кори баланд бардоштани сифати таълим, тарғиби усулҳои нави шакли гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ  инчунин иттиҳодияи методии таълимгоҳ низ ҳиссаи сазовор гузошт. Иттиҳодия тачрибаи хуби устоҳои таълими истеҳсолӣ Чалилов И. Ҳотамов И. Раҳимов А. Адилов Э.  ва омӯзгорон Бобочонов А. Адилова М. Умурзоқова С. Раҳимов А.  омузгори чавон Маҳсидинов Д.-ро ҳамчун намуна,  ба устоҳои таълими истеҳсолӣ ва омӯзгорони чавон пешниҳод намуд.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади назорати  сифати таълим ва ташаккули касбомӯзии хонандагон  ба тариқи гирифтани корҳои хатӣ ва тестӣ 1 маротиба мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. Аз чумла дар ҳама курсҳо аз хонандагон корҳои хатӣ гирифта шуда, аз тариқи  саволҳои тестӣ санчиш гузаронида шуд.
Сатҳи донишазхудкунии хонандагон 63%ро муаян намуд, ки ин назар ба давраи аввали соли хониш 2% зиёд мебошад.
Барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии чавон аз чониби кормандони собиқадор ва ботачриба машғулиятҳотҳои намунавӣ дар шакли дарсҳои кушод, инчунин индивидуалӣ гузаронида шуданд.
 
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявӣ дар таълимгоҳ мутобиқи нақшаи кории литсей ба роҳ монда шуда, дар давоми сол корҳои муаянеро ба чо овард.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи гурӯҳҳо дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар мавзӯъҳои ҳиси миллию ватанпарастӣ, эҳтиром ба устодон, ба касбомӯзию дониш, сарфаю сариштакорӣ, эҳтиром ба падару модар, дӯстию ваҳдат, эҳтиёткорию беҳдошти тачҳизоти таълимгоҳ ва ғайра гузаронида шуданд.
 Ба муносибати чашнҳои Рӯзи  бунёди Артиши миллӣ, Иди модарон, Наврӯз, дар литсей бо иштироки тамоми хонандагон, омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ чорабиниҳо гузаронида шуд. Тачлили Иди ачдодӣ Навруз бошукуҳу азамат дар литсей чашн гирифт шуда аз тариқи шабакаи телевизионии Сафина намоиш дода шуд.  Барои хонандагон дар давраи ҳисоботӣ филмҳои аҳамияти тарбиявӣ дошта намоиш дода шуд. 
Ҳамзамон намоши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз тариқи телевизион барои ҳамаи кормандон ва хонандагон шароит фароҳам оварда шуда, тамошои он то охир ба роҳ монда шуд;
- оиди  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, ба асоси кор гирифта шуд;
- дар машваратҳои назди директор, чамъомадҳои пагоҳирузӣ ва соатҳои тарбиявӣ ба хонандагон аз чониби омузгорон мақсад, моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , хусусан зарурати гирифтани таҳсилоти ибтидоиии касбӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар табияи фарзанд  фаҳмонда дода шуд;
-  матни пурраи Паём ба омӯзгорон ва хонандагон дастрас гардонида шуд;
- гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар ин мавзуъ зери назорати қатъӣ гирифта шуда, ба тарзи кушод  гузаронидани онҳо бештар ба роҳ монда шуд.
Бахшида ба 70 солагии Рузи Ғалаба  7 май дар назди теппаи марказии шаҳр чорабинии намоиши театрикунонидашудаи хонандагони литсей бо иштироки кормандони масъули Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватанӣ доир гардид, ки аҳамияти калони тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ дошт.
Инчунин рузи 30 май дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳагии чавонони шаҳр дар муассиса чорабинӣ «Рузи дарҳои кушод» гузронида шуд. Хонандагони литсей таҳти шиори «Чавонон тарафдори тарзи ҳаёти солим ва Ватандуст» баромад намуда, аз шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи Ватан, пешгирии чинояткорӣ, касбомузию эҳтироми муқаддасоти Ватан ҳарф зада,  саҳначаҳои аҳамияти тарбиявӣ доштаро намоиш доданд.
 
Рафти ичрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»
Бо мақсади ичроиши  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар муассисаи таълимӣ  дар семоҳаи аввали соли 2015 корҳои  зерин ба анчом расонида шуд:
-  бо мақсади баррасии рафти таълиму тарбия ва чараёни ичрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» 14 феврал мачлиси умумии падару модарони хонандагони Литсей гузаронида шуд, ки дар он аз шумораи умумии волидайн зиёда аз 500 нафари  онҳо иштирок намуданд. Пеш аз оғози мачлис падару модарон  аз устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, хобгоҳ, толори варзиш, ошхона ва кабинетҳои таълимӣ дидан намуда, бо шароити ичтимоии хонандагон шинос гардонида шуданд.
Дар рафти мачлис ба падару модарон моҳият ва зарурияти ичрои бечунучарои ичрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Мачлиси Олӣ бармеояд, аз чониби директор фаҳмонда дода шуд. Инчунин дар ин мачлис бо волидайн оиди давомот ва дониши сусти қисми  хонандагон гуфтугӯи рӯирост ва роҳҳои рафъи ин камбудиҳо  баррасӣ гардид. Чараёни мачлис ва масъалаҳои дар он муҳокимагардида аз тариқи шабакаи телевизионии «Сафина» намоиш додашуд.        
Ҳамзамон дар давраи семоҳаи аввал  директори Литсей зиёда аз 100  нафар падару модарони хонандагонро кабул намуда, бо онҳо оиди рафти таълиму тарбия, сифати таълим, масъалаҳои ичтимоии хонандагон, таъмин бо хӯрок, хобгоҳ, китобҳои дарсӣ, риояи низоми Литсей, либоспӯшӣ, давомоти хонандагон, рафти таълими истеҳсолӣ ва ғайра сӯҳбатҳо гузаронид. Ҳамзамон чунин сӯҳбатҳо бо падару модарони хонандагони сустхон, дарсгурез, давомоти сустдошта, ба таълимгоҳ даъват карда шуда, гузаронида шуд. Ғайр аз ин дар гурӯҳҳо бо даъвати устоҳои таълимӣ ва роҳбарони гурӯҳ, мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида, мачлисҳои падару модарон гузаронида шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрам дида баромада шуда, барои рафъи камбудиҳо чораҳои зарурӣ пешниҳод гардонида шуда, барои ичроиш ба асоси кор гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар дохил ва беруни таълимгоҳ зиёда аз 50 дарахтони сояфкан шинонида шуд. Айни ҳол корҳои нигоҳубини онҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра дар арафаи Иди Наврӯз ба 1 хонандаи ятими кул ба маблағи 200 сомонӣ маблағи пулӣ ёрӣ расонида шуд.
Фаъолияти молиявию хочагидорӣ
Дар семоҳаи авал ба  муассиса 13,300  сомонӣ  ворид гардидааст, ки назар ба соли гузашта 7200 сомонӣ  зиёд мебошад. Ин маблағ аз ҳисоби истиқоматкунандагони хобгоҳ - 2700 сомонӣ,  аз даромади сехҳо - 1400 сомонӣ ва 9200 сомонии он аз ҳисоби тачрибаомузии хонандагони муассиса ба даст омадааст, ки ин назар ба соли гузашта 5100  сомонӣ зиёд аст. 
Қайд кардан чоиз аст, ки даромади устохонаҳо асосан дар вақти аз машғулиятҳо фориғ будан, аз сохтан ва фуруши масолеҳи сохтмонӣ: дару тиреза, швабра, қолаби хиштрезӣ, ба даст меояд,
Лозим ба ёдоварист, ки  таълимгоҳ дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа чойгир буда, хочагии истеҳсолии ёрирасон надорад.
Дар баробари ин фаъолияти  Литсей аз камбудиҳо холӣ нест.
Аз чумла:
- биноҳои таълимӣ, устохона, толорҳои варзиш ва мачлисгоҳ ба таъмири асосӣ ниёзманд ҳастанд.
Бо мақсади бехтар намудани шароити таълим, муассиса  бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ : Хазинаи европоии таҳсилон, Бонки рушди Осиё, Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкори карда истодааст, Аз чумла дар соли чон таъмири муассиса бо маблағи 155  ҳазор доллари амрикои дар назар дошта шудааст.
Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнар омузиши касбҳои нав: хиштчин, таъмиргари девор (обделка), сантехник ба роҳ монда хоҳад шуд..
Маъмурияти литсей аз ҳама имкониятҳо истифода намуда баҳри бартараф намудани камбудиҳо кушиш  намуда истодааст.

   Директор:                             М. Бояков
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню