БАХШИ ҶАВОНОН - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

БАХШИ ҶАВОНОН

ХАБАРҲО
Баргузории мусобиқаҳои варзиши байни хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умуми ва литсейҳои шахри Қӯрғонтеппа дар давраи таътили зимистона
Таҳти роҳбарии бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва литсейҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар давраи таътили зимистона мусобиқаҳои варзиши доир шуда истодааст...
24.01.2017 
Озмуни рақсҳои замонавӣ
Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори кохи «Ватан» бахшида ба Соли нави мелоди байни ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа...
22.12.2016  
Ғолибияти оташнишонони наврас
Макони баргузории озмуни «Оташнишони наврас» байни шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа – муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардид. Барои иштирок дар ин озмун аз шаҳри Қӯрғонтеппа хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва аз шаҳри Сарбанд литсейи давлатии рақами 1-и шаҳр сафарбар гардида...
22.12.2016 
Оиди дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди туризми дохила ва ба сайёҳат сафарбар намудани наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба минтақаҳои сайёҳи, таърихи-фарҳанги ва табиии кишвар...
30.11.2016
Мавқеи географии шаҳр
Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Шаҳр дар охили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, иқлимаш хушки субтропикист. Харорати миёнаи январ 0,90 с, июл 28,90 с, боришоти солона 271 мм...
30.11.2016
Баргузории мусобиқаи шашка байни бонувони маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 то 23 ноябри соли ҷори дар толори Литсеи №1...
30.11.2016
Мусобиқаи гуштини милли (писарон, духтарон) байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тибқи нақшаи чорабинихо, бахшида ба тачлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»...
30.11.2016
Мусобиқаи "Туби чармин"
Дар доираи накшаи чорабиниҳо, бахши ба Рӯзи "Ваҳдати миллӣ" Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзҳои 13-24 июни соли 2016 мусобиқаи "Туби чармин" байни дастаҳои футболи маҳаллаҳои шахри Қӯрғонтеппа...
27.06.2016
Ҳамоиши ҷавонони вилояти Хатлон аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа ба хоитири якдилона иштирок намудн дар райъпурӣ.
Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қўрғонтеппа ва вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиш ва роҳпаймоии идона ба хотири даъвати якдилона ба Раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 май доир мегардад, баргузор карда шуд.
20.05.2016

Бозиҳои варзишии мактаббачагон
Бо мақсади рушди варзиш дар байни мактаббачагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон дар ҳамкори бо шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа... 
28.04.2016

Бозихои варзиши оғоз шуданд
Бо мақсади чалби бештари ҷавонон ва наврасон ба машғулиятхои варзиши, оммавигардони ва рушди варзиш дар байни муассисахои таълимии шахр бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёхии мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар хамбастаги бо бахши хуқуқи кӯдак, бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон бозихои варзишии мактаббачагон оғоз ёфт. 
26.04.2016

Вохурии таблиғотӣ бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтепппа
Бо ташабусси роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  Профессор Азимов Назир  ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа Исматулозода Ҷамолиддин бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҷавонон ва тераризм» вохӯрии таблиғотӣ баргузор карда шуд. Вохӯриро бо сухани ифтитоӣ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Профессор Азимов Назир оғоз намуда, мухтасаран оиди мафҳуми терроризм, мақсад ва оқибтҳои ногувори он ба ҷавонон  бо нишон додани мисолҳои мушахас...
13.04.2016

Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа
Бахшида ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз аз 27 феврал то 7 апрели соли 2016 мусобиқаи футбол байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа  барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа" гузаронида шуд. 

Рӯзи 1 марти соли 2016 тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба "Рӯзи модарон" дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа байни тарбитгирандагони муассисаҳои томактаби бозиҳои шавқовари "Офарин" гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз чор муассисаи томактабӣ, ки ҳайати дастаҳо даҳ нафариро ташкил медод, аз рӯи панҷ намуди шартҳои озмун кудакон бо як омодагии хуб иштирок доштанд. 
1.03.2016
Озмуни харбӣ -  ватандустии "Ватанпарвар"
Санаи 15-уми феврали соли 2016, Озмуни харбӣ -  ватандустии "Ватанпарвар" бахшида ба 23-солагии ташкилёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст карда шуд. Озмуни мазкур аз 4 то 15 феврал бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Маориф...
15.02.2016

«Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу суббот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба чо овардан аз чумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».                
Эмомалӣ РАҲМОН
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки имрӯз мо ҷавонон қувваи пешбарандаи давлат ба ҳисоб рафта, баҳри рушду нумуи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем. Мо ҷавонон имкон дорем, ки бо истифода аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар гӯшаву канори дунё таҳсили илм намоему мутахассиси арзанда гардида, баҳри рушду нумуи Ватани азизамон хизмати шоиставу содиқона намоем.

Ифротгароӣ-ҷаҳолат аст
Аз бостонзамон то имрӯз халқи тоҷик бо инсондӯстии хеш шинохта шуда, дар ин замина мачмуи талаботи ахлоқиро кор карда баромадааст, ки он пурра ба тарбия ва камолёбии инсон ихтисос ёфтааст. Ҳамчун сарчашмаи парвариши руҳу чисми одам дар тӯли ҳазорсолаи охир ақидаҳои инсонпарваронаи бузургмардони миллати мо ба башарият хидмат кардаанд. Ин омили ифтихорӣ сарчашма ба ду тамаддуни инсонӣ-тамадуни ориёӣ ва исломӣ дорад, ки халқи тоҷик дар шаклгирии ин ду тамаддун нақши бориз дорад.

Чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ байни наврасон ва чавонон.
Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон бо дастгирии бевоситаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи бахши чавонон...








Оиди фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
шаҳри Қӯрғонтеппа дар нуҳ моҳи соли 2015
 Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ фаъолияташро дар соли чорӣ барои дастгирии ичтимоию иқтисодии ҷавонон  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ, таъмини иштироки фаъолонаи варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва чумҳуриявӣ, рушди соҳаи туризм ва фаъолияти байнисоҳавӣ равона намудааст...

«Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу суббот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба чо овардан аз чумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонни мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».                
Эмомалӣ РАҲМОН.

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки имрӯз мо ҷавонн қувваи пешбарандаи давлат ба ҳисоб рафта, баҳри рушду нумуи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем. Мо ҷавонон имкон дорем, ки бо истифода аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар гӯшаву канори дунё таҳсили илм намоему мутахассиси арзанда гардида, баҳри рушду нумуи Ватани азизамон хизмати шоиставу содиқона намоем...

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳр, дар марказҳои компютерӣ рейди муштарак гузаронид. Дар натичаи гузаронидани амалиёти мазкур  наврасонеро, ки ба ҳар гуна бозиҳои фаҳшу зӯроварӣ машғул буданд, дастгир карданд.  Наврасон барои худро раҳонидан, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш меоварданд.   Гӯё ки  барои дарёфти рафиқаш омада бошанд, ё модараш равон кардааст, то рафта бародарашро аз маркази компютерӣ биёрад ва амсоли инҳо. 
Дилшод Шодиев, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, оиди мақсади гузаронидани амалиёти мазкур  чунин андешаронӣ кард:муфассал...

Ғамхории ҳамагон зарур аст
Тарбияи насли оянда таваччуҳу ғамхории ҳамагониро тақозо дорад. Ба ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки он ҳар як падару модарро мекунад, то нисбат ба тақдири фарзанди хеш бепарвоӣ накунад. Инчунин соли 2015- «Соли оила» эълон гардидааст.
Вале имрӯзҳо дар кӯчаю бозорҳо алфози қабеҳи бархе аз чавонону наврасонро шунида, кас дар ҳайрат мемонад, ки наход онҳо зодаю парвардаи модар бошанд? Канӣ ичрои Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»?
Сабабҳои зуҳури чунин ахлоқи паст муҳити носолими оила, маънавиёти коста доштани падару модар ва ё робитаи сусти оила бо мактаб мебошад...муфассал...

Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади арч гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ,тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии чавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ як қатор корҳои назаррасро ба анчом расонидааст.
  Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба муқовиматнокӣ ба падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр ва пешгирии чинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар маҳалҳо, байни хонандагон, донишчӯён ва варзишгарон  13 суҳбату вохӯриҳо бо иштироки зиёда аз 2832 нафар баргузор намудааст. Инчунин Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба  шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва пешгирии чинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар байни варзишгарон мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, марбут ба ин масъала рӯзи 28 июли соли чорӣ вохӯрӣ бо чавонони шаҳр ба нақша гирифта шудааст...муфассал...

Чунин буд мақсади мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ
Дар ҶДММ “Фаровони Қӯрғонтеппа”  вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо соҳибкорон баргузор гашт. Дар он Варқа Зайниддинов, намояндаи Прокуратураи вилояти Хатлон, Сафарзода Баҳриддини Сафар, прокурори шаҳр, Солеҳҳа Қосимова, муовини раиси шаҳр ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Сафарзода Баҳриддини Сафар, прокурори шаҳр, дар назди ҳозирин баромад карда, таъкид дошт, ки баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайр шомил гашта, натанҳо ҷони худ балки ҷони наздикону пайвандони хешро низ ба хатар гузошта, аҳлу байти хешро ба давлатҳои Сурияву Ироқ бурда, дигар ба ватан барнагаштаанд...муфассал...

Сазовори ҷойҳои ифтихорӣ
Аз 1 то 5 августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба бокс байни варзишгарони синни 14-15-сола баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 160 варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон-, шаҳри Кӯлоб, ШНТМ иштирок доштанд...муфассал...

Бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаи футбол байни наврасони синнашон 14-15 баргузор гардид.
Дар мусобиқаи дастаи маҳаллаи «Ч. Мирзоқодирова»  маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори  чойи аввал, «Кайҳоннавардон» чойи 2-юм, «Ургут» чойи-3-юм гашта, бо туҳфа ва диплом қадрдонӣ шуданд.
 
4 август дар байни муассисаҳои томактабии шаҳр бозии шавқовари «Офарин» шуда гузашт, ки дастаи муассисаи таҳсилти томактабии №2 чойи 1, муассисаи таҳсилти томактабии №16 чойи 2-юм, муассисаи таҳсилти томактабии №18 ва №10 сазовори чойи 3-юм гардиданд...муфассал...
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню