БАХШИ ДИН - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

БАХШИ ДИН

ХАБАРҲО
А Х  Б  О  Р  О Т
оид ба рафти ичрои Қонуни Ҷумчурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумчурии Тоҷикистон»
дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015
Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии бевоситаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумчурии Тоҷикистон, шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр риояи талаботи Қонуни Ҷумчурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумчурии Тоҷикистон»-ро дар соли 2015 таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ин чода як қатор корҳоро ба анчом расонид...

Ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон
Огоҳинома
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ӯҳдадор аст, ки талаботи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.
Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст.
1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қатъ кардаанд.
Дар маҷмӯъ ба Вазорат 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои зерини ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст:...

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳр, дар марказҳои компютерӣ рейди муштарак гузаронид. Дар натичаи гузаронидани амалиёти мазкур  наврасонеро, ки ба ҳар гуна бозиҳои фаҳшу зӯроварӣ машғул буданд, дастгир карданд.  Наврасон барои худро раҳонидан, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш меоварданд.   Гӯё ки  барои дарёфти рафиқаш омада бошанд, ё модараш равон кардааст, то рафта бародарашро аз маркази компютерӣ биёрад ва амсоли инҳо. 
Дилшод Шодиев, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, оиди мақсади гузаронидани амалиёти мазкур  чунин андешаронӣ кард:муфассал...

Ғамхории ҳамагон зарур аст
Тарбияи насли оянда таваччуҳу ғамхории ҳамагониро тақозо дорад. Ба ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки он ҳар як падару модарро мекунад, то нисбат ба тақдири фарзанди хеш бепарвоӣ накунад. Инчунин соли 2015- «Соли оила» эълон гардидааст.
Вале имрӯзҳо дар кӯчаю бозорҳо алфози қабеҳи бархе аз чавонону наврасонро шунида, кас дар ҳайрат мемонад, ки наход онҳо зодаю парвардаи модар бошанд? Канӣ ичрои Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»?
Сабабҳои зуҳури чунин ахлоқи паст муҳити носолими оила, маънавиёти коста доштани падару модар ва ё робитаи сусти оила бо мактаб мебошад...муфассал...
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню