БАХШИ ЗАНОН - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

БАХШИ ЗАНОН

ХАБАРҲО
Дар маҳаллаи Қӯрғон-2 бо занони хонашин вохури гузаронида шуд
Дар доираи нақша чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», рӯзи 20 январи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Қӯрғон-2 бо занони хонашин вохӯри гузаронида шуд...
24.01.2017   
Дастгирии ашхоси камбизоат ва барҷомонда
Аз тарафи бахши занон ва кор бо оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии  мудири бахш Қурбонова Б. ҳамарӯза қабули сокинони  шаҳри Қӯрғонтеппа марбут ба масоили ҳалталаби оилавӣ ва дигар мушкилоти рӯзғордорӣ  ба роҳ монда шуда аст. Бахши мазкур дар доираи имкониятҳои мавҷуда бо ёрӣ ва дастгирии дигар ташкилоту корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъияти ба муроҷиаткунандагон ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамоянд... 
20.01.2017   
Шурои занони шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тахти роҳбароии Раиси Шурои занони шаҳри Қӯрғонтеппа муовини Раиси шаҳр Қосимзода Солияхон, мудири бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Қурбонова ва бо иштироки  котиби Шуро М. Бобоҷонова, раисони шурои занони ташкилоту корхонаҳои қаламрави шаҳр ва дигар масъулини соха баргузор гардид...
29.12.2016   
Вохӯрии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар маҳаллаи «Ҳаёти Нав» бо занон бонувони хонашин
Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар маҳаллаи «Ҳаёти Нав» бо занон бонувони хонашин доир ба масъалаҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб...
27.12.2016  
Вохӯри бо занони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа
Таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр – Қосимзода Солияхон ва мусоидати бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа...
30.10.2016    
Ақлхоро ақлхо ёри дихад…
Акрами СОҲИБНАЗАР, имомхатиби масчиди марказии нохияи Ҷ. Балхӣ:
-Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар хамкори бо шуъбаи сабти асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа...
24.10.2016   
Махфили тарғиботию омӯзишии “Мактаби  модарон”
Бе шакку шубха метавон гуфт, ки имрӯз сахми занону бонувон дар рушди хаёти иқтисодию ичтимои, амали  намудани мақсад ва вазифахое, ки хамасола дар Паёми солонаи  пешвои миллат, сарвари давлат муайян ва мушаххас карда мешаванд, рохандози намудани иқдомхои шоистаи тарбияи фарзандони босаводу ояндасоз назаррас аст...
18.10.2016  
Семинари омӯзиши бо занони маҳалли
Бо ташаббуси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҷалби занони маҳаллии маҳаллаи «Ваҳдат-3» семинарии омӯзиши бо мақсади пешгири аз ҷудошавии оилаҳо, пешгири аз никоҳи хешутабори ва пешгири аз ҷиноятоятсодиркунии занону духтарбачаҳо, доир карда шуд...
3.10.2016 
Мизи мудаввар
Бо ташаббуси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори мақомот бо мақсади пешгири аз чудошавии оилаҳо, кам намудани сатҳи ҷинояткори дар байни занон мизи мудаввар доир гардид...
3.10.2016 
Семинари омӯзишӣ
Бо ташаббуси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори маxлисгоҳи тарабхонаи «Леваканд» бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии маснуният...
3.10.2016 
САҲШ дар ҳамбастагӣ бахши кор ба занон ва одила
Дар арафаи иди шарифи Рамазон бо ташабусси шуъбаи САҲШ дар ҳамбастагӣ бахши кор ба занон ва одила тасмин гирифта, дар санаи 23 июни соли ҷорӣ, ки 5 нафар занони пирони барҷомонда, маъюбон ва шахсони якаву танҳо, кумаки яквақта маводҳои хурока аз қабили равған, шакар, биринҷ, маҳсулотҳои ордӣ ва хокаи шустушувӣ дода шуд.
24.06.2016
Курси таълимӣ
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа бо дастгириии ташкилоти ҷамъияти ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа курсхои таълимии атласу адрасбофи ба роҳ мемонад. Курсхои мазкур дар тӯли як сол  фаъолият карда, дар он ба занону духтарони хохишманд ва хонанишин бо хунари атласу адрасбофи омӯзонида мешавад.
Орипова М.
22.06.2016
Машғулияти омӯзишии «Зан –роҳбар»
Тибқи нақшаи тасдидгардидаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа машғулияти омӯзишии «Зан –роҳбар» барои мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, инчунин як нафари зан аз ҳисоби кадрҳои захиравии мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. 
Санаи 28 апрели соли 2016 бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «ИНИС» дар вилояти Хатлон – Маҳмадова Сайёра, дар маҳаллаи Зархез бо занону бонувони хонашин вохӯрӣ бургузор намуда... 

Конфренсияи занони шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори Кохи Ватни  шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташабусси бахши занон ва кор бо оилаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи зан дар Тоҷикистони муосир» конфренсия багузор карда шуд. 

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...
27.02.2016

Шӯрои ғайри навбатӣ
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳаокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, шӯрои ғайри навбати занонро баргузор намуд.
16.02.2016

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии занону ҷавонон дар боби ташкили оила дар маҳаллаи «Зархез» ва «Ургутмаҳалла» дар ҷамъомад баргузор намуд.

Занон ҳиссагузори шароити арзандаи зиндагӣ.
Дар Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба он равона шудааст, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад...

Дар толори литсеи рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласи Шӯрои занони шаҳр баргузор гардид.
Дар толори литсеи рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа чаласи Шӯрои занони шаҳр баргузор гардид.Ҷаласаро бо сухани ифтитоӣ, табрикӣ-оиди ба асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Эмомали Раҳмон  сазовор донистани мақоми пешвои миллат, муовини Раиси шаҳр Қосимова С кушода, тибқи овоздиҳӣ рӯзномаи...
 
Занон ба иттилоот ниёз доранд
Имрӯзҳо аз тарафи ташкилоти чамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани Лоиҳаи “Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон” бо дастгирии Оҷонсии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба занҳои 8 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон (ш.Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Абдурањмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Қумсангир) хизматрасониҳои машваратӣ – ҳуқуқӣ расонида мешавад.
Таҳлили муроҷиатҳо ҳаминро нишон медињад, ки ҳанӯз ҳам занҳо барои гирифтани маълумот оиди тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ эҳтиёҷ доранд...

Хамоиши дастгирии Сарвари Чумхур.
Бо ташабуси бахши занон ва кор бо оилаҳои мақомоти ичроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯргонтеппа дар колечи омӯзгории шаҳр ҳамоиши дастгирии пешвои миллат интихоб шудани Сарвари Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабини муовини Раиси шаҳр Қосимова С рочеъ ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сухан ронданд. Ба андешаи Қосимова С таърихи чаҳонӣ ва назарбиниҳои илмӣ гӯвоҳӣ медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилллӣ дар ҷаҳони муосир шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати язиятдида, ранчхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрум-гардидаи точик доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи бунёдгузории давлати миллӣ ва мутаҳид намудани халқ атрофии ғоя ва андешаҳои ӯ боз аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд...

Зан дар оилаи точикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад.
Зан дар оилаи точикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшишдааст, ки занон дар чомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси  фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устувории оила  дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар чомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустахқилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои  оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз мачмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз чумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират омӯзонда мешавад...

Рузи 21 августи соли 2015 дар толори беморхонаи марказии  шаҳри Қӯрғонтеппа, дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо шуъбаю бахшҳои дахлдори шаҳр, инчунин мақомоти Прокуратураи шаҳр ҷиҳати пешгирии  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротгароӣ аз ҷумла терроризм ва экстремизм бо иштироки беш аз 60 нафар кормандони беморхона вохурӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти баргузории вохурӣ намоянда аз прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷабборзода А.С., раиси ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Наҷидуллоев Т., муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Нуров Усмоналӣ баромад намуданд...мафассал...

Санаи 13 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳои калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласи Шурои занон дар назди бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа дар навбати аввал ҳисоботи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Махсуддинова Хуршеда оид ба кор ва фаъолияти бахш дар давраи  ҳисоботӣ шунида шуд.
Баъд аз он раиси Шурои занон – муовини раиси шаҳри Қӯргонтеппа Қосимова с., муовини Шуро ва бархе аз аъзоёни Шуро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, ки айни ҳол ҳамаро ба ташвиш овардааст, суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон  иштирокчиёни вохуриро даъват ба он карданд, ки  ҳамаи мо занони фаъол ва раисони занони ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои шаҳр, новобаста аз шакли моликияташон ва маҳаллаҳои шаҳр мебошем. Моро лозим аст, ки бо аҳолӣ, аллалхусус бо ҷавонзанон ва духтарон  бештар корҳои ташвиқотӣ барем. Онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, меҳнатдӯстӣ ва илмомузӣ ташвиқ намоем, ба  ҳаёти мустақилона омода намоем, пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатиро дар рафти баргузории ҷашну маросимҳо гирифта, барои барпо намудани оилаҳои солиму хушбахт кушиш ба харҷ диҳем...муфассал...

Курси омӯзишӣ самарабахш гузашт.
4 августи равон ба курси 5-рӯзаи омӯзишӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроия таҳти унвони «Зан-роҳбар» баргузор гардид, даъватӣ будам.
Мақсад аз баргузор намудани курси омӯзиш омода намудани занон барои кадрҳои захиравиии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби занон буд. Дастгириҳои Чаноби Олиро оид ба  баланд бардоштани мавқеи зан дар чомеа шаҳрдории Қӯӯрғғонтеппа амалан чонибдорӣ мекунад.
Ҳанӯз аз рӯзи аввали  курси омӯзишӣ дарк намудам, ки мо бояд бо як ифтихори миллию ватандорӣ ва бо сари баланд ба ин марзу бум хизмат намоем. Дар давоми 5 рӯз мо бо шуъбаҳои Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ошно гаштем ва мутахассисон, муовин, раиси дастгоҳ ва ҳамчунин Пракурори шаҳри Қӯрғонтеппа, сардори раёсати молия, намояндаи суд, коррупсия, САҲШ дар мавзуҳои чолиб ва мубрами рӯз ба-мо иштирокдорон суҳбат намуданд...муфассал...

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи
Маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
 
Бахши кор бозанон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ичрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар чомеа» чораю тадбирҳои зарурӣ андешида, дар бобати ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони маълумоти олидор ва зиёд намудани сафи занони роҳбар тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст.
Вобаста ба қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 3 апрели соли 2014, № 213 Комиссияи муштараки таблиғотӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаю бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр таъсис гардида, дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, коллективҳои меҳнатӣ ва дар байни занону духтарон зиёда аз 160 сӯҳбату вохӯриҳо «Оид ба амалҳоиноматлуб дар байнизанон, чиноят, чалбидухтарон ба мактаб, ҳолатҳои худкӯшӣ ва худсӯзии занонва духтарон, нашъамандӣ, пешгиринамудани бемориҳои сирояткунанда, арчгузорӣ ба либоси миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии парастиши анъанаҳои бегона ва хурофотпарастӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги миллии мо бегона», чиҳати ичрои босамари талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон », инчунин масъулияти фарзандон дар нигоҳубини волидайн ва худшиносии миллӣ ташкил ва баргузор намуда, корҳо дар ин самт давом доранд...муфассал...
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню