ВОХӮРИҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ВОХӮРИҲО

ХАБАРҲО
Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа
Санаи 31 – уми майи соли 2017 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокмияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи ғайринавбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Мавзӯи Шурои мазкур «Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон дар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистидошта» буда бо маърӯзаҳои худ роҳбари Дастгоҳи...
31.05.2017
Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи «Соли ҷавонон» ва Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» бо сокинону аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа. Рӯзҳои 12, 13, 14 июни соли 2017 вохӯрии гурӯҳи таблиғоти бо сокинони маҳаллаҳои Ваҳдат – 1, Ваҳдат – 2, Ваҳдат – 3, Зарбдор, Ургутмаҳалла ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид...
14.06.2017
Сафари кории сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа
17 июни соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ бахшида ба таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва ба истифода додани як чанд иншооти маъмурӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф овард. Сарваризи мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода А.А. ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамроҳӣ намуданд...
17.06.2017
Вохӯрӣ дар маҳаллаи Зарбдор
Дар масчиди деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа, санаи 17 марти соли 2017 вохӯрии прокурори шаҳр – Сафарзода Баҳодур, сардори ШКВД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, полковник – Исозода Н. ва дигар роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа...
17.05.2017
Ташрифи сафир ба шаҳри Қӯрғонтеппа
Санаи 2 майи соли 2017 Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Хю Филпотт вобаста ба ҷашнгирии рӯзи забони англисӣ, дар мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа
бо устодону шогирдони ин муассисаи таълимии санъат ва ҳунар вохӯри намуд...
02.05.2017
Фестивали вилояти «Тоҷикистон-Ватани маҳбуби ҳамаи мо»
Рузи 28 апрели соли 2017 дар театри ба номи «Ато Муҳаммадчонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши ҳунарҳои миллии ҳар халқу миллате, ки дар вилоят зиндагӣ мекунанд баргузор гардид. Қисми ҷамъбастии фестивал дар толори фарҳангип театр баргузор гардид...
27.04.2017
Семинар
Санаи 20-уми прели соли 2017 дар бинои театри ба номи «Ато Муҳаммадҷонов» -и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа » бо иштироки муовинони соҳаи иҷтимоиёт, мудирони шӯъбаи рушди иҷтимоиёт...
20.04.2017
Ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ
Имрӯз 31-уми марти солли 2017 дар толори МИМҲД шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳои ҳукумат, директорони муассисаҳои талимӣ, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибони масҷидҳо ва кормандони ВАО баргузор гардид...
31.03.2017
Ҷамъомади таълимӣ-методӣ
Рузи 15-уми март дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар асоси нақша-чорабиниҳои асосии шаҳр оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2017, ҷамъомади таълимӣ-методии якрӯза бо сардорони ситодҳои мудофиаи граждании хадамот ва иншоотҳои иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид...
Вохӯрӣ дар МТМУ-и №3
Санаи 14-уми марти соли 2017 дар МТМУ № 3-вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар мавзӯи «Сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» баргузор гашт...
Ҷаласаи Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак
Санаи 21-уми феврали соли 2017, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти роҳбарии раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, муовини раиси шаҳр – Қосимзода Солияхон, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - Шодиев Дилшод...
21.02.2017
Вохурӣ дар литсейи интернати физикӣ - математикии «Ориёно» - и шаҳри Қӯрғонтеппа
Санаи 12 феврали соли 2017 дар маҷлисгоҳи литсейи «Ориёно» вохурии гурӯҳи таблиғотии МИМҲД шаҳри Қӯрғонтеппа бо хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар мавзӯи «Худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он дар байни наврасону ҷавонон» баргузор гардид...
21.02.2017
Дар Литсейи №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Баробари ворид шудан ба Литсейи №1 шаҳри Қӯрғонтеппа хонандагон бо шеърхонӣ ва муаррифии намоиши дастовардҳои Литсей гурӯҳи кориро истиқбол гирифтанд.
Дар Литсейи №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзуи ҷавонон зидди нашъаманди вохурии гурӯҳи кории МИМҲД шаҳри Қӯрғонтеппа...
15.02.2017
Вохӯри бо эмомхатибинои масчидхои панҷвақтаи шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар утоқи кории муовини якуми раиси шаҳр Абдуллозода Искандар бо эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва масъулини соҳаи идеологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯри доир гардид...
25.01.2017   
Мизи мудаввар дар толори шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташабусси мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа Муродов Сафаралӣ ва таҳти роҳбарии муовини соҳавии Раиси шаҳр Қосимзода Солияхон дар толори шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи маънидокунии «Мӯхтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ва ҳамчунин вобаста ба Соли ҷавонон – элон намудаи соли 2017 дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба  «Пешгирии никоҳҳои байни хешутаборони наздик» мизи мудаввар доир карда шуд...
20.01.2017   
Вохӯриҳои комисияи мушарак дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолони шаҳр ва бо сокинони маҳаллаи «Кайҳонавардон» ва маҳаллаи «Борбад» -и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати маънидодкунии нуқтаҳои мухтавои Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолони шаҳр ва дар литсеи хонандагони лаёқатманди шаҳри Қӯрғонтеппа  вохурии комисияи таблиғотӣ (ин комиссия дар асоси амри Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмуҳамадзода...
13.01.2017  
Рейди муштаркаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар санаи 21 декабри соли 2016 тибқи нақшаи кории комиссия аз тарафи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – Қосимзода Солияхон...
22.12.2016  
Вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи вазорати корҳои дохили  бо ҷавонон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва соҳаи маорифи  шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба масъалаи «Ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгири намудани он».
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Қӯрғонтеппа тахти роҳбарии роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азимзода Назир  вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи вазорати корҳои дохили  бо ҷавонон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва сохаи маорифи  шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба масъалаи «Ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгири намудани он» доир  гардид...
13.12.2016  
Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси шахри Қӯрғонтеппа
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа тибқи нақшаи чорабинихои  Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Шӯрои навбатиии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси Шӯро мӯхтарам Амирулло Асадулло, муовини Раиси Шӯро Қосимзода Солияхон ва як зумра ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид...
12.12.2016  
Чорабинии ҳизбӣ бахшида ба 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ҲХДТ – НЕРӮИ  ТАВОНОИ  СИЁСИ                                                                           
«Хар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар толори кохи «Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки рохбарони ташкилотхои ибтидоии ҳизбии шаҳрӣ, собиқадорони ҲХДТ, фаъолон, ҷонибдорони ҳизб, кормандони масъули Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа чорабини доир карда шуд...
12.12.2016 
Вохӯри бо вакили мардумӣ дар маҳаллаи «Хочи Шариф»-и шаҳри  Қӯрғонтеппа
Дар маҳаллаи «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии навбатии намояндаи бовариноки вакили маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа  А. Саидҳасанов бо сокинони ин маҳалла баргузор гардид. Маҳаллаи «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2013 аз ҳудуди ноҳияи Бохтар  ба шаҳри Қӯрғонтеппа гузашт ва  соли 2015 аз ин ҳавзаи интихоботии № 39, ки 2126 нафар интихобкунанда дорад, ба тариқи овоздиҳии пинҳони З. Соҳибов  вакил ба маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа  интихоб гардид...
8.12.2016 
Рейди комиссияи муштарак
Таҳти рохбарии муовини Раиси шаҳр Қосимзода Солияхон комиссияи муштарак дар ҳайати мудири бахши оила ва кор бо занони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Каримова, вакилони мардуми аз маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа У. Собирзода, С. Эргашева, Иброҳимзода ва Р. Ҳақбердиева, сармутахасиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Ф. Забиров, котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Шодиев Дилшод...
7.12.2016 
Рафти иҷрои барномаи пешгирии зуровари дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Каримова ва таҳти  роҳбарии мувини Раиси шаҳр Қосимзода Солияхон ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбари  Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Назаир,  Ташкилоти Ҷамъиятии “Дилафруз”-и вилояти Хатлон ва Ташкилоти Ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ташкилоти Ҷамъиятии “PDV”, ҷиҳати дастгирии барномаи пешгирии зуровари дар оила таҳти шиори «16 Рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила»  дар саҳни майдони кохи  «Ватан» намоиши ҳунарҳои дастии занони хунарманди шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар толори ҳамин коҳ намоиши барномаи консерти бо иштироки хунармандони шинохтаи ҷумҳуриро ройгон ташкил карда шуд...
7.12.2016 
Вохӯри бо вакили мардумӣ
Дар толори муассисаи таҳсилоти умуии № 4 вохӯрии сокинони маҳаллаи  Б. Ғаффоров (кучаҳои М. Тусунзода, Низоми, А. Расулов, М. Қодири)  бо вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа аз  ҳамин минтақа Абдуллозода Искандар доир карда шуд. Абдуллозода Искандар аввали соли 2016 дар ҳамин минтака – дар ҳавзи интихоботии № 25...
3.12.2016 
Вохӯри бо намояндагони мақомоти суди
Тибқи нақшаи кории Суди вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии намояндагони Суди вилояти Хатлон бо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор карда шуд. Дар вохӯри Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон – Муҳидинов, Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Хатлон – Сафозода, Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои маъмурии Суди вилояти Хатлон - С. Пирмуҳамадзода ва дигар намояндагони Суди вилояти Хатлон иштирок намуданд. Вохӯриро бо сухани ифтиои муовини аввали Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа - Абдуллозода Искандар оғоз намуда...
3.12.2016 
Мизи мудаввар бахшида ба 5 - солагии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Дар санаи 29 ноябри соли 2016 аз тарафи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа бо иштироки котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа Шодиев Д. сармутахассиси шӯъбаи маорифи шахр Рачабов С. 
3.12.2016 
Нишасти матбуоти
Дар толори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппа нишасти матбуотии намояндагони васоити ахбори омма бо намояндагони донорҳои байналмилалии гурӯҳи кории «Ҷоизаи мусиқии Боб», ки аз мохи ноябри соли ҷори то моҳи апрели соли 2017 озмуни миллии суруди тоҷики «Ҷоизаи мусиқии Боб» - ро ташкил менамоянд, доир гардид.
3.12.2016 
Вохӯри бо занони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа
Таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр – Қосимзода Солияхон ва мусоидати бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа...
30.11.2016 
Бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Китобхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтепппа дар асоси нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Дар таърихи давлатдориҳои ҷаҳон санадҳои муҳим, қонунгузориҳои муҳиме дар рафти инкишофи ҷомеа вобаста ба заруриятҳои объективӣ ва субъективӣ ба амал омада қабул гаштааанд, ки баъди қабули чунин ҳуҷҷатҳо, санадҳои муҳими қонунгузорӣ боиси рушду нумуи давлатдориҳо, дигаргунгаштани рафти тараққиёти ҷамъият...
08.11.2016 
Конфренсияи илми-амалӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористи ва ифротгароидошта»
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастаги бо ШКВД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи «Ватан» Конфренсияи илми-амалӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористи ва ифротгароидошта» баргузор карда шуд...
30.08.2016 
Пешвози Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳриҚӯрғонтеппа
Имрӯз тамоми сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, хурду калон бесаброна ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Қӯрғонтеппа...
24.08.2016
Ташрифи Пешвои миллат ба шаҳриҚӯрғонтепппа
Субҳи 25-уми августи соли xорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварданд. Пешвои миллат ҳамроҳи раиси вилоят ва раиси шаҳр бинои мактаби хусусӣ барои 1240 хонанда дар ду баст воқеъ дар кучаи Дустии Халқҳоро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бас аз кушодашавии расмии мактаби хусусӣ Пешвои миллат ба бинои маъмурии ҶСПТАКХ Спитамен капиталбонк воқеъ дар кучаи Борбад ва бинои истиқоматии 15-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ воқеъ дар кучаи ба номи С. Айнӣ ташриф овард... 
26.08.2016
Намоиши фарҳангӣ ва театрикунонидашуда бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шоми 25-уми августи соли xорӣ-дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат -Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши фарҳангӣ ва  театрикунонидашуда бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон баргузор гардид. Дар оғози намоиш Роҳбари давлат тмоми сокинони вилояти Хатлонро ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуданд. 
26.08.2016
Конфренсияи илми бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани
Бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки собиқадорони ҷангу мехнат ва намояндагони мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа...
6.05.2016 

Масъалахои муҳим барраси гардиданд
Дар вохӯрие, ки комиссияи муштараки таблиғотии мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр бо ахолии махаллаи Хатлон дар толори  муассисаи таълимии  рақами 7-и  шахр доир намуд, як қатор масъалахо мавриди  барраси қарор дода шуд.

Кадрдонии иштирокчиёни ҶБВ
Дар арафи таҷдиди 71-умин Солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар толори мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри татбиқи сиёсати раиятпарварона аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат мӯҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон...

Вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҶБВ
Дар арафи таҷдиди 71-умин Солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дарт олори мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
4.05.2016
 
Бахшида ба 5 - солагии рафти Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар Дар санаи 29 апрели соли 2016 тибқи нақша – чорабинихои Комиссия оид ба хуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар хайати Қосимова С. раиси Комиссия оид ба хуқуқи кӯдаки шахр, Исмонқулова М. сармутахассиси бахш оид ба хуқуқи кӯдаки вилояти Хатлон, Шодиев Д. 

Тренинг дар толори  Кохи Ватан
Санаи 27 апрели соли 2016, соати 14:00 дар толори кКохи Ватан бо иштироки бевоситаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа –Азимзода Н.Б. ҷаласаи якҷояи кормандони Дастгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯргонетеппа ва бо раисони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.

Аксия тахти унвони «Ман овоз медихам»
Дар шахри Қӯрғонтеппа бо ташабусси мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа, дастгирии бевоситаи Раиси шахр мӯхтарам Амирулло Асадулло ва Комиссияи хавзавии райъпурсии Қӯрғонтеппа №44 ба хотири дар сатхи баланди сиёси омадаги дидан ба баргузор намудани рӯзи райпурсии умумихалқи, ки 22 майи соли чори баргузор мегардад,  аксия тахти унвони «Ман овоз медихам» барпо карда шуд. 

Конфренсияи илмӣ бахшида ба 5-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
Дар толори кохи «Ватан» бахшида ба 5-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ҷалби наврасони муассисаҳои таълимӣ, конфренсияи илмӣ-омавӣ баргузор гардид. 

Тренингҳо оид ба «Моҳияти додаҳои боз дар рушди хизматрасонии электронӣ».
Дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроқум бо иштироки намояндгони мақомотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ва ВАО  аз 01 04 2016 то 06 04 2016 сол  тренингҳо оид ба «Моҳияти додаҳои боз дар рушди хизматрасонии электронӣ»  доир карда шуд. 

Конфронсияи хисоботӣ-интихоботи Шурои собиқадорони шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори китобхонаи марказӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, Конференсияи 5-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор карда шуд. 

Вохӯри навбатии гурӯҳҳои  кории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони маҳаллаҳои «Баҳор», «Б. Ғафуров», «М. Турсунзода», «Н. Ҳувайдуллоев» шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори литсеи касби техникии рақами № 9  шаҳр вохӯрии якҷояи комиссияи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа (роҳбари комиссия-муовини Раиси шаҳр Қосимова Солияхон) ва гӯрӯхӣ корӣ таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр профессор Азимов Назир бо сокинони маҳаллаҳои «Баҳор», «Б Ғафуров», «М. Турсунзода», «Н. Ҳувайдуллоев»-и шаҳр  баргузор гардид. 
14.03.2016

Санаи 24-уми феврали соли 2016 дар МТМУ-и №15 вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбарии муов
ини раиси шаҳр -Қосимова Солияхон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр- Азимов Назир бо сокинони маҳаллаҳои Ваҳдат-1, Ваҳдат-2 ва Ваҳдат-3 баргузор гардид.
24.02.2016

Вохӯрӣ дар литсейи касбии техникии №9 –и шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар санади 19 феврали соли ҷорӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Азимов Назир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (профессор) бо гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар летсейи касбии техникии №9 вохӯрӣ баргузор намуданд.
19.02.2016 

Вохурии сокинони шаҳри Қурғонтепппа бо бо ҳайти гӯрӯхи кории намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ва вакили мардуми аз маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон
Дар толори «Кохи Ватан»-и  шаҳри Қурғонтепппа вохурии сокинони шаҳри Қурғонтепппа  бо ҳайти гӯрӯхи кории намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ва  вакили мардуми аз маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон Тағаймуродов Анвар  баргузор карда шуд. 
18.02.2016

Вохурии сокинони шаҳри Қурғонтепппа   бо ҳайти гӯрӯхи кории намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон,  Вазири маориф ва илми  Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷӯмҳурии Тоҷикистон
Дар толори «Кохи Ватан»-и  шаҳри Қурғонтепппа тибқи нақшаи таҳия намудаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон,  вохурии  сокинони шаҳри Қурғонтепппа  бо ҳайти гӯрӯхи кории намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми  Ҷӯмҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин...

Вохӯрӣ дар «Кохи Ватан»
Врбаста ба ин гуруҳи таблиғотии иҷроияи дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ва муалимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори «Кохи Ватан» вохӯрӣ баргузор намуданд.
17.02.2016

Вохурии гурӯҳи кори намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа.
Дар толори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 12-и шаҳри Қӯрғонтеппа гурӯҳи кории  намояндагони   дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон  бо мақсади фаҳмондадиҳии баъзе аз нуқтаҳои Пайёми навбатии асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Э Раҳмон, ки ба  Маҷлиси Олӣ ирлос гардида буд, бо сокинони маҳаллаҳои «Ч Румӣ», «Борбад», «Д Халқҳо» ва «Ваҳдат»-и  шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ  баргузор намуданд.
17.02.2016 

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо толибилмони Колеҷи омӯзгорӣ.
Дар колеҷи омузгории шаҳри Қӯрғонтеппа вохурии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (профессор)- Азимов Назир  бо толибилмон ва омӯзгорони он баргузор гардид.
16.02.2016

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо толибилмони Колеҷи тиббӣ.
12-уми феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Азимов Назир - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (профессор) бо донишҷӯёну устодони коллеҷ дар мавзӯъи- «Терроризм» баргузор гардида шуд.
12.02.2016

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо толибилмони Донишкадаи Энергетикӣ.
10 феврали соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи Энергетикӣ вохӯрии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр (доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор) Азимов Назир бо донишҷӯёну устодони донишкада баргузор гардид.
10.02.2016

Вохӯрӣ бо Сафири ИМА
Дар санади 10-уми феврали соли ҷорӣ дар ташкилоти омузишӣ «Ҷаҳони мо» вохӯрии донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки дар ташкилоти номбурда ба омӯзиши забони англиси фаро гирифта шудаанд, бо Сафири ИМА Элизабет Миллард баргузор гардид. 
10.02.2016

Вохурии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа.
Дар кохи «Ватан»-и шаҳр вохурии гуруҳи кории мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   бо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа дар мазӯи  «Пайём сармашқи фаъолияти минбаъдаи ҳар як сокини вилоят» баргузор гардид. 

Дар литсеи хонандагони болаёқати шаҳр  вохурии навбатии тибқи нақша пешбини шудаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр профессор  Азимов Назир доир гардид. Мазӯи вохуриро пешгирии ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва чиноятсодикунӣ дар бар гирифт. Зимни сӯҳбат профессор Азимов Назир оиди сабаҳои чиноятсодиркунии ноболиғон аз қабили, таъсири манфии оилаҳои бефарҳанг ё нопура, паст будани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб…

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо хонандагони литсейи «Ориёно»
Бо ташабуси роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Азимов Назир, дар толори  муассисаи таҳсилоти умумии №11  дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқшуда, бо хонандагони ин муасиса, литсеи «Ориёно» ва мактаби №2 дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз чиноятсодиркунӣ ва сабабҳои чиноятсодиркунии онҳо» вохӯрӣ барпо карда шуд. 

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо хонандагони муасисаи таҳсилоти умумии №9
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Назир Азимов дар толори муасисаи таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он» вохӯрии судманд бо хонандагону омӯзгорон гузаронида шуд.

Вохурии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо хонандагони муасисаи таҳсилоти умумии №1
Бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр доктори илмҳои ҳуқуқ, Професор Азимов Назир  дар толори литсеи №1 шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Мафҳумиҷва чазо» вохурии судманд  бо ноболиғон гузаронида шуд. 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню