МАҶЛИСҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

МАҶЛИСҲО

ХАБАРҲО
Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панҷум
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панҷум бо иштироки аксарияти вакилони халқи, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаи шаҳр, эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта, воситаҳои ахбори омма ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини Раиси вилоят Н. Иноятзода доир гардид. Ба иҷлосия аз номи Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло муовини якуми раиси шаҳр Искандар Абдуллозода  роҳбари намуда... 
30.12.2016 
Ҷаласаи  ҷаъмбастии ташкилоти ҷаъмиятии  Шурои собиқадорони чанговари интернатсионалисти шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  таҳти роҳбарии муовини Раиси  шаҳр Қосимзода Солияхон, роҳбари Шурои собиқадорони ҷанговари интернатсионалистӣ шаҳри Қӯрғонтеппа ташкилот С. Давлатов ва намоянда аз роҳбарияти ҷумҳуриявии Шурои собиқадорони ҷанговари интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи  ҷаъмбастии ташкилоти ҷаъмиятии  Шурои собиқадорони ҷанговари интернатсионалисти шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид...
30.12.2016 
Ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  таҳти роҳбарии раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 барпо гардид...
13.12.2016   
Иттилоия
Дар мачлисгохи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа конференсияи илми-амали бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи таҳкими оила ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо таҳти раёсати раиси шаҳр Амирулло Асадулло баргузор гардид...
24.10.2016   
Маҷлиси ситоди зимистонгузаронӣ
Дар утоқи кории муовини якуми Раиси шаҳр - Абдуллозода Искандар маҷлиси навбатии Ситод оид ба зимистогузарони доир гардид. Роҳбари ситод Абдуллозода Искандар ахбороти иҷроиши нақшаи зимистогузаронии муасисаву ташкилотҳои давлатии шахрро шунида, ҷиҳати бартарафсозии норасогиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта маслиҳат ва супоришҳои мушахас доданд. 
23.09.2016 
Конфренсияи илми адаби дар макомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори китобхонаи марказии шахри Қӯрғонтеппа ба номи «К Хучандӣ» бо ташабусси шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо ҷомеаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа конфренсияи илми-адаби дар мавзуи «Накши ашъори Рудаки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон» баргузор карда шуд.
23.09.2016 
М У Р О Ҷ И А Т Н О М А И
иштирокчиёни Конференсияи Шӯрои мутобиқсозию методи оид ба тарбияи хуқуқии шахрвандони шахри Қӯрғонтеппа ба кулли шахрвандон
Иштирокчиёни Конференсияи Шӯрои мутобиқсозию методи оид ба тарбияи хуқуқии шахрвандони шахри Қӯрғонтеппа иброз менамоянд, ки тибқи ҳидоятҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ташаккулёбии арзишхои демократи, ташкил намудани чомеаи шахрванди, гузаронидани ислохоти сиёсию хуқуқи ва тарғиб намудани хуқуқу озоди ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд дар бобати бехтар намудани тарбияи хуқуқи ва баланд бардоштани савияи хуқуқии ахоли чорахои мушаххас андешида мешаванд.
2.09.2016 
Дар иҷлосияи ҳафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум баргузор гардид.
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокиияти давлтии шаҳри Қӯрғонтеппа ичлосияи хафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум бргузор гардид Рӯзномаи ичлосияи хафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум бо масъалахои зерин тасдиқ карда шуда буд:
24.06.2016 
Конфренсия илмӣ бахшида ба Рузи «Ваҳдати миллӣ»
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа конфренсияи илмӣ бахшида ба таxлили Рузи «Ваҳдати миллӣ», ки чун анъана ҳамасола 27-уми июн дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу ҳашамати хоса ҷашн гирифта мешавад, дар мавзӯи «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеа» баргузор карда шуд. 
24.06.2016 
Маҷлиси Ситоди шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии  корҳо оид ба фаъолияти мунтазами иншоотҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017
Маҷлиси ситодро бо сухани муққадимавӣ сардори Ситод муовини якуми раиси шаҳр Абдуллозода Искандар оғоз намуда, иштирокчиёни ситодро бо қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва замимаҳои қарор оиди гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 шинос намуд. Дар рафти маҷлис сардори Ситод, муовини якуми раиси шаҳр Абдуллозода Искандар иштирокчиёни маҷлисро таъкид намуд, ки бо қарори раиси шаҳр, нақшаи- чорабиниҳо ва маводҳои зарурӣ тасдиқ гардида, моро зарур аст, ки нисбати иҷрои он тадбирҳо андешем.
22.06.2016   
Баррасии масъалаҳои муҳим
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, бо иштироки муовинони раиси шаҳр, сардорони  шуъбаҳои вазорати корхои дохила, холатхои  фавқулодда  ва  мудофиаи шаҳрвандии шаҳр, нозирони  минтақави, раисони  маҳаллаҳо ва фаъолон ҷамъомад доир гардид.
9.06.2016   
Конференсия дар Кохи Ватан
Санаи 30-юми апрели соли 2016 дар Кохи Ватан конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дастовардҳо ва мушкилот» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон – Хидирзода М., прокурори прокуратураи вилояти Хатлон – Маҳмудов Н., директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Наҷотзода М. ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа – Азимзода Н. гузаронида шуд, ки масъулин бо маърўзаҳои худ баромад намуданд.
30.04.2016

Мачлиси назди муовинон
Бо мақсади ичроиши  қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 марти соли 2016, № 72 «Оид ба Амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 24 феврали соли 2016, № АП-681 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи чумхурияви бахшида ба чашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон...
29.04.2016

Маҷлиси назди муовини якуми раиси шаҳр
Дар утоқи кории  муовини якуми раиси шаҳр Абдуллоев Искандар бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа вобаста ба амри Раиси шаҳр аз 04.04.2016 № 49 оиди  таъсиси гурӯҳи кории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати санҷиши вазъи баҳисобгирии оморӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр сӯҳбат ороста шуд.
13.04.2016

Нишасти матбуотӣ бо иштироки воситахои ахбори омма  баргузор гардид.
Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҷиҳати иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 15 сентябри соли 2011, №  АП-1729,  рӯзи 25 январи  соли 2016 нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма  дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. 

МУРОҶИАТНОМАИ
вакилони Маҷлиси вакилони
халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панҷум
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Мо,  вакилони Мачлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панчум, дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муқаррар намудааст, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, бо изҳори сипосгузорӣ аз интихобкунандагони худ дар иҷлосияи панчум, ироаи ҳамин Муроҷиатномаро ба Шумо зарур мешуморем.
Қабл аз ҳама  тазаккур бояд дод, ки мо омодагии ҳамаҷонибаи худро дар амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ, маърифати баланди шаҳрнишинии ҳар як сокини он ҳамеша бо даъвату ташаббусҳои ватандӯстонаю созандаи шаҳрвандӣ, бо андешаву гуфтору рафтори неки худ дар пешрафти ҷомеаамон изҳор намуда, ба хубӣ дарк менамоем, ки иҷрои ӯҳдадориҳои вакилӣ дар шаҳр масъулияти бемислро тақозо менамояд...

Оиди фаъолияти кории бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2015.
Бахши ҳифзи ичтимоии аҳолии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар фаъолияти худ Амру фармонҳои Президенти Чумҳурии Точикистон, қонунҳои Чумҳурии Точикистон «Дар бораи ҳифзи ичтимоии маъюбон», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи суғуртаи ичтимоии давлатӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масуният», ба роҳбарӣ гирифта, таъмини пойдории суботи ичтимоии чомеъа, баҳри дар амал тадбиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, кафолатҳои давлатии аҳолии ниёзманд, аз чумла маъюбон, ветеранҳои чангу меҳнат, кудакони ятиму бесарпараст, пиронсолони яккаву танҳомонда ва оилаҳои камбизоат, дар ин муддат  корҳои мушахасеро ба анчом расонида истодааст...

Вохӯриҳои самарабахш
Тайи ду сол аст, ки тибқи амри раиси шаҳр гурӯҳҳои кори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо шуда бо сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳр вохӯриҳо доир намуда, оид ба ичрои қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои дар пеш истода рафъи мушкилоти чойдошта ва дигар масъалаҳои ҳалталаб суҳбату мулоқотҳо анчом медиҳанд.Тавре мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо чомеаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Ҷумъахон Тоҷиев иброз дошт, дар ин муддат беш аз 200 чунин вохӯриҳо баргузор гардиданд, ки муҳтавои ҳамаи онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият, таваччуҳи чиддӣ додан ба ичрои талаботҳои қонуну қарор ва барномаҳои муайяншуда, ба субут расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дар ниҳояти кор асос гузоштан барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад...

Инъикосгари рӯйдодҳои муҳим
Рӯзномаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри «Қӯрғонтеппа» минбари сокинони шаҳр аст. Он чун оинае рӯйдодҳои муҳими ҳаёти шаҳрро инъикос мекунад. Сухани ҳукуматро ба мардум мерасонад. Атрофии масъалаҳои мубрами рӯз афкори умумро ба вучуд меорад. Халқро ба созандагиву бунёдкорӣ сафарбар карда, чун минбари розу ниёзи ҳамзамонон маънавиёти шаҳрвандонро низ ифодагар  мебошад...




Комиссияи муштараки таблимғотӣ
Вохӯрии навбатии комиссияи муштараки таблимғотӣ  ташвиқотии мҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа   бо сокинони  маҳаллаҳои «Ваҳдат»-1 ва «Ваҳдат»-2 шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Солеҳа Қосимова баргузор гардид... 





Таваччуҳ ба фанҳои дақиқ
Колективи омӯзгорону хонандагони МТМУ №15 шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Чумҳурии Точикистон чорабинии дилнишини фарҳангӣ баргузор намуданд...






Тибқи нақшаи тасдиқшуда ва супориши протоколии мачлиси назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар китобхонаи марказии давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар санаи 29-уми сетябри  соли чорӣ,  мизи мудаввар бо иштироки: муовини раиси шаҳр С. Қосимова ва як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва намояндагони  васоити ахбори  омма  дар мавзӯи «Солимии Оила-солимии ҷомеа» (дар партави  силсилачорабиниҳо бахшида ба «Соли 2015-Соли Оила») баргузор гардид. Мизи мудавваро бо сухани ифтитоҳӣ Камолов У оғоз намуда, қайд намуд: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Ҳар як шахс метавонад аз ёрии тиббиии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣи давлатӣ истифода намояд. Ин ҳуқуқ дар  баробри Сарқонун дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»  аз 15 05 1997 низ бо пурагӣ муқарар шуда аст. Беҳбудии экологӣ, амнияти санитрию эпимодологӣ, гирифтани доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ, гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба аҳволи саломатии худ ва фарзандонаш низ дар ин Қонун муайян шуда аст...

Ваколати вакилони навинтихобшудаи ҲХДТ ба ҷои вакилони хориҷшуда дар
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа тасдиқ гардид
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халки шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панҷум баргузор гардид. Дар рӯзномаи Иҷлосия шаш масъала дида баромада шуд. Дар масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия тасдиқи ваколати вакилони навинтихобшудаи ҲХДТ ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дохил карда шуда, дида баромада шуд...

Тибқи нақшаи тасдиқгардида вакили маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Анвар Тағаймурод рӯзи 15-уми сентябри соли 2015 бо коллективи устодон ва донишҷӯёни ДДҚ ба номи Носири Хусрав ва дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони кумитаҳои маҳалла ва фаъолони шаҳр вохӯри баргузор намуд.
Рӯзи  14-уми сентябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳи Энергетикӣ вохрии вакили маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи №26 Қӯрғонтеппа – Анвар Тағаймурод бо коллективи устодон ва донишҷёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ҳамчунин нисфирӯзӣ вохӯрӣ бо сокинони «Ургутмаҳалла» ва коллективи омӯзгорони Муассисаи таҳсили миёнаи умумии № 3 гузаронида шуд... 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню