МАҲАЛЛАҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

МАҲАЛЛАҲО

ХАБАРҲО
Вохӯри дар махаллаи «Дустӣ» бо занону духтарони  хонашин
Аз тарафи бахши занон ва кор бо оилаи назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа бо мақсади пешгири намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, амалҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишори зӯроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, маъюбон, пешгири намудани амалҳои номатлуб дар байни занон, аз қабили худкушӣ, суиқасд ба ҷони худ...
Фарогирии наврасон бо шуғл дар вақти таътили зимистона
Таҳти рохбарии раиси кумитаи маҳаллаи «Ургут»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Раҷабов У  бо мақсади дар вақти таътили зимистона бо шуғл фаро гирифтан, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, муайян намудани бехтарин варзишгарон  ва ҳамчунин бо мақсади мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни варзишгарон «спартакиада»-и футболи хурд байни наврасон –мактабачагони муассисаи таҳсилоти умумии... 
Нақши маҳаллаҳо дар ободони    
Сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар пешрафти ҳаёти иқтисодию фарҳангии шаҳр нақши муҳим мебозад. Зеро маҳаллаҳо  бо шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр иртиботи қави доранд ва алоқамандона кор мекунанд. Дастуру супоришҳои раиси шаҳр сари вақт коркард карда шуда, самти фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва кор бурдан бо аҳоли муайян мешавад. Маҳз ҳамин алоқаи зиҷ аст, ки фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳо беҳтар шуда, ҳиссаи сокинони маҳаллаҳо дар ободонию кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳо, таъмири биноҳои баландошёна, дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию сиёси назаррас аст...
Ободонӣ дар маҳалла
Бо иқдоми раиси кумитаи маҳаллаи Ҷалолиддини Румӣ-1 С. Назаров ва дастгирии молиявии як қатор соҳибкорони саховатпешаи ин маҳалла дар давоми соли ҷорӣ  750 метр роҳи асосии маҳалла аз таъмир  бароварда шуд  ва 500 метр роҳи дигар барои асфалтпӯш намудан омодааст...
Ободониҳо дар маҳаллаи Ҷ. Руми-1
Таҳти роҳбарии Раиси кумитаи маҳаллаи Ҷ. Руми-1 С. Назаров ва дастгирии молиявии як қатор соҳибкорони саховатпешаи ин маҳалла дар давоми соли ҷори 750 метр роҳи асосии маҳалла аз таъмири асоси бароварда шуда, асфалтпӯш  ва 500 метр роҳи дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шуд...
Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони  бунгоҳи тиббӣ дар арафаи анҷомёбист. 
13.10.2016
Меҳнати дастаҷаъмона дар маҳаллаи «Зарбдор»
Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғотеппа оид ба 190 рӯзи ободонӣ,  дар маҳаллаи  «Зарбдор» сокинон ба ҳашари умумӣ барома, бо корҳои ободониву созандагӣ  машғул гардида...
Дарси айёнӣ  бо мақсади дасгирии соҳбкории занони маҳаллӣ. Дар маҳаллаи «Зарбадор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади вусъат додани рушди соҳибкорӣ  байни занони маҳаллӣ ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, дарси айёни кушоди саҳроии истеҳсоли навниҳоли сабзавот бо усули муосир  баргузор карда шуд. 
8.04.2016
Семинар бо раисони кумитаҳои  маҳаллаҳо.
Тачриба нишон дод, ки худидоркунии маҳаллӣ имконияти иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳалли масъалаҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд, фароҳам меоранд. Ба ин хотир бо амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз  8 апрели соли 2013, № АП -2209 кумиттаҳои маҳалла ҳамчун ташкилоти ҷаъмиятӣ бо мақсади сарҷамъкунии аҳолии маҳалла, баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ки дар ҷои зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд ва мусоидат намудан ба инкишофи такомули қобилият ва истифодаи имкониятҳои аъзоёни он барои ҳалли ин масъалаҳо, таъсис дода шуд. 
Оиди фаъолияти кории маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар даҳ моҳи соли 2015.
Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  раисони маҳаллаҳо бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию  кабудизоркунӣ дар даҳ моҳи соли 2015-ум як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.    
Дар шаҳр  274  адад хонаҳои баландошёна, 13162  ҳучра ва  8207 адад хонаҳои якошёна (ҳавлӣ) мавчуд мебошад, ки дар он 22204 оила истиқомат мекунанд.  Дар даҳ моҳи соли чорӣ дар шаҳр 2816  нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаммаи онҳо дар назорати мақомоти ичроияи маҳалии...
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню