ҶАШНҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҶАШНҲО

ХАБАРҲО
Ҷашни Наврӯз
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа санаи 24-уми марти соли 2017 дар варзишгоҳи «Пахтакор» -и шаҳр бо иштироки зиёда аз 10000 нафар тамошобини барномаи театрикунонидашудаи Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Раиси вилояти Хатлон - Давлатшо Гулмаҳмадзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдо -Ҳикматуллозода Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуданд...
26.02.2017
Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-ферали соли 2017 бахшида ба24-солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри тозабунёди мусиқӣ-масҳалавии ба номи Ато Муҳаммадҷонович шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомади ботантана бо иштироки Раиси вилоят Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ...
23.02.2017
Чорабинии фарҳанги бахшида ба Соли Нави мелодии 2017
Дар саҳни кохи «Ватан» бахшида ба Соли Нави мелодии 2017  бо ташабусси раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи ҳунари бахшида ба «Соли Нав»-и 2017 доир гардид...
4.01.2017   
Тақдими тӯҳфаҳо бахшида ба  Соли Нави мелоди ба кудакони бепарастори « Ургутмаҳалла»-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар арафаи пешвозгирии Соли Нави мелоди бо ташабусси Раиси кумитаи  маҳаллаи «Ургут»-и шаҳри Қӯрғонтеппа У. Раҷабов ба зиёда аз 50  нафар кудакон аз оилаҳои камбизоат, маъюбон ва кудакони имкониятҳояшон маҳдуд дар чорабинии фарҳанги  бо иштироки «Бобои Барфи» тӯҳфаҳо бахшида ба  Соли Нави мелоди  тақдим карда шуданд...
4.01.2017   
Намоиши барномаи «Соли Нав»-и дар муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар доираи риояи Қонуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар як қатор муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи «Соли Нав»-и омоданамудаи худи...
30.12.2016  
Фестивали байналмилаллии «Рақс моро муттаҳид месозад».
Таҳти роҳбарии роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр мӯҳтарам Азимзода Назир дар толори театри навбунёди шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки санъаткорон намояндагони Давлати Халқии Хитой ва Федератсияи Россия бахшида ба 100 солагии зодрӯзи устоди рақси тоҷик Ғаффор Валаматзода (дорандаи ҷоизаи ба номи И.В. Сталин-соли 1949 ва ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ)...
22.11.2016 
Таҷлили 16 Ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тахти роҳбарии Раиси шаҳр мӯҳтарам - Амирулло Асадулло дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Р. Мурчаев 16 Ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расми ва бо як ҳиси ватандустиву худогоҳи дар сатҳи баланди сиёси таҷлил карда шуд. Пеш аз оғози намоиш меҳмонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоишгоҳи асарҳо, аксҳо ва расмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
16.11.2016
Баргузории коонфренсияхои илми- амали бахшида ба Рузи 16 Ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа.
Дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷумла муассисаи таълимии хусусии «Гимназияи хонандагони лаёқатманди шаҳри Қӯрғонтеппа...
16.11.2016 
Конфренсияи илми- адаби бахшида ба Рузи 16 Ноябр-Рӯзи Президент
Таҳти роҳбарии сармуҳарири рузномаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Тучиев У. дар толори китобхонаи марказии шаҳр бо иштироки омузгорони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва омузгорону хонандагони   муассисаҳои таълими бахшида ба таҷлили Рузи Президент конфренсияи илми адаби дар мавзуи «Нақши Президент дар бунёди давлати милли» доир карда шуд...
14.11.2016  
16-уми ноябр Рӯзи Президент
Аз санаи 14-уми моҳи майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   рӯзҳои иди давлати» тағийроту илова ворид гардида, дар асоси ин тағийроту иловаҳо ҳамасола санаи 10 ноябр Рӯзи милитсия ва санаи 16 ноябр Рӯзи Президент ҳамчун идҳои расми дар саросари Ҷумҳурии соҳибистеқлоламон дар сатҳи балани сиёси таҳлил карда мешаванд. Хусусан рӯзи 16 ноябр ба хотири заҳматҳои шабонарӯзии созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...
14.11.2016 
Таҷлили Рӯзи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Қурғотеппа
Бо ташабусси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва бахши фарҳангии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар толори кохи «Ватан»-и шаҳри Кӯргонтеппа Рӯзи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо таври расми ва бо шукуҳу ҳашамати хоса чашн гирифта шуд...
Ҷашни меҳргон дар хатлон
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонист, ки ҳар сол рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ - рӯзи эътидоли шабу рӯз дар тирамоҳ ҷашн мегирифтанд. Барзгар ҳосили ба ранҷ парвардаи хешро ҷамъ оварда, дар ғанӣ гардидани  хони мардум саҳм мегузорад.
Ҷашни иди «Меҳргон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон
Дар шахри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии Раиси вилоят – Д. Гулмуҳамадзода ва раиси шаҳр – Амирулло Асадулло ҷашни иди «Меҳргон» бо тантана ва ҳашамати хоса таҷлил карда шуд... 
17.10.2016
Иди покию озодаги
Паёми табрикии раиси шахри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати иди Қурбон
Хамдиёрони гироми!
Инак, ба сарзамини хамешабахори мо боз иди мубораку шарифи Қурбон омад, ки ба рукни панчуми дини мубини ислом вобаста буда, ба ифодаи Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мафхуми аслии он наздики чустан ба Худованд ва шинохти зоти ӯ буда, инчунин ростиву хақиқат, садоқату вафодори ва покиву озодагиро ифода менамояд. Ба ин муносибат хамаи Шуморо муборакбод мегӯям.
Туҳфа ба кӯдакон дар арафаи Иди Қурбон
Дар арафаи Иди Қурбон ва таҳлили 25-умин Солгарди Давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси кумитаи маҳаллаи Ваҳдат Давлатов С. ба зиёда аз 50 нафар кудакон аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳо иборат аз таҳxизотҳои хониш ва бозичаҳо тақдим карда шуданд. 
Ҷоизаи шаҳр
Рузи 3-юми мохи августи соли чори дар мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилояти Хатлон даври нихоии озмуни ҷумҳуриявии оилаи бехтарин, кучаи бехтарин ва шахри бехтарин, ки бахшида ба 25 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар саросари чумхури идома дошт, чамъбаст гардид.  
Дави милли
Дар арафаи 25- умин солгарди Давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммави гардонидани варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва ягонаги дар тамоми қаламрави кишварамон аз чумла, шаҳри Қӯрғонтеппа дави милли эълон гардид.
5.09.2016
Гулбазм дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон
Бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади эҳёи анъанаҳои наxиби аxдодӣ, такон додани зебопарастии сокинони вилоят дар майдони «70 - Солагии Водии Вахш» - и шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии  «Гулбазм» барпо гардид, ки гулпарварони шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин озмун  xои аввалро ишғол намуданд.
5.07.2016
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа чун анъана 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати милли бо шукуҳу ҳашамати хоса тачлил карда шуд. Чорбабиниро бо сухани ифтиои-табрики Раиси вилоят Гулмуҳамадзода Д. оғоз намуда, дар бораи аҳамияти таърихии ин санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик сухан гуфтанд. Дар ҳақиқат Ваҳдати милли дар радифи дигар арзишҳои волои милли Ватан-Модар, забон, дин, Парчам, Нишон, Суруди милли дар қатори муқадасоти милли дохил мешавад. 
1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон, ки аз соли 1950 ин xониб дар тамоми давлатҳои мутамаддин xашн гирифта мешавад, бо шукӯҳу ҳашамати хоса таxлил карда шуд. Чорабиниро бо сухани ифтитоӣ ва табрикӣ аз номи Раиси вилоят муовини Раиси вилоят Хидирзода М. оғоз намуда, оиди аҳмияти таърихии ин рӯз ва санадҳои байналмилалии қабулшудаи ҳимояи ҳуқуқҳои кудаконони сайёра ба ҳозирин сухан гуфтанд. Ҳамзамон натиҷаи ҷамъбастии озмуни суруди беҳтарин, рақси беҳтрин ва расми беҳтарин, ки бахшида ин рӯз муайян шуда буд, эълон карда шуда, ба ғолибон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд. 
1.06.2016
Чорабинии идона барои кӯдакон
Дар санаи 28 майи соли 2016 соати 9:00 дар боғи фарханги фароғатии шахр бо дастгирии мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа, ва Ҷамъияти сахомии пушидаи “Телекомм Технолоджи” ба муносибати Рӯзи байналмилалии мухофизати кӯдакон 1 - июн”, бо иштироки масъулини дахлдори мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва муассисахои тахсилоти миёнаи умуми дар доираи мактаббачагон чорабинии пуршукӯхи идона дар сатхи баланди фарханги гузаронида шуд. 
31.05.2016 

Бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти  давлатии кишвар, хамчунин дар доираи тачлили арзандаи Рӯзи  ҷавонон   
Бахшида  ба 25-умин солгарди истиқлолияти  давлатии кишвар, хамчунин дар доираи тачлили арзандаи Рӯзи  ҷавонон, бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф  ва илми вилоят   дар муассисаи тахсилоти миёнаи  умумии рақами 9-и  шахри  Қӯрғонтеппа...
25.05.2016  

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташабусси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахши фарҳанг ва дигар бахшҳои дахлдор, дар толори тобистонаи боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки доварон-сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабов В. 

Базми шеър
Бо ташабусс ва дастгирии бевоситаи Раиси шахр мӯхтарам Амрулло Асадулло дар толори кохи «Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа бо иштироки адибон, шоирони шинохтаи чумхӯри ба хотири боло бардоштани маърифати адабии наврасон, базми шеър баргузор карда шуд. Дар базм навқаламон донишчӯён низ тавонистанд шеърхои эчод намудаи худро дар назди ахли қалам қироат кунанд. 

Туйи сунатии зиёда аз 100 нафар кудкон аз оилаҳои камбизоат
Дар арафаи таҷдиди Иди байналмилаллии Наврӯз бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр Амирулло Асадулло ва  соҳибкорони ватанӣ  дар тарабхонаи «Оби Тоза» туйи сунатии зиёда аз 100 нафар кудкон аз оилаҳои камбизоат ва туйи домодиву арусии се ҷуфт навхонадорон баргузор карда шуд. Дар баробари баргузор намудани туй,  ба кудакон ва навхонадорон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кумакӣ моддӣ расонида шуд. 

Дар варзишгоҳи марказӣ- «Пахтакор» -и  шаҳри Қӯрғонтеппа Иди Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳ  ва ҳашамати хоса ҷашн гирифта шуд.
Бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа бо таври расмӣ, дар варзишгоҳи марказӣ- «Пахтакор»-и  шаҳри Қӯрғонтеппа Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд бо шукӯҳ  ва ҳашамати хоса таҷлил карда шуд. 

Фестивал- озмуни «Сайри гули лола» ва «Ҷилваи ҳусн»
Дар боғи марказиии шаҳр дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа фестивали либосҳои миллӣ «Ҷилваи ҳусн» ва фестивал-озмуни «Сайри гули лола» баргузор карда шуд.
16.03.2016

Таҷдиди Иди Модарон-8-уми Март.
Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Рӯзи Модарон-8-уми Март бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа бо таври расмӣ, дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Чорабинии идонаро  бо сухани ифтитоӣ-табрикӣ Раиси вилояти Хатлон Гулмуҳамадзода Д оғоз намуда, мухатасар оиди саҳми занони фаъол дар бунёди ҷомеи имрӯза ва мавқеи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин сухан гуфтанд.  
7.03.2016

Иди «Сайри гули Лола» 
Иди «Сайри гули Лола»  дар литсей- интернати  физикӣ- математикии «Ориёно»- и шаҳри Қӯрғонтеппа
Рӯзи 2-юми марти соли равон дар литсейи «Ориёно» чорабинӣ таҳти унвони «Сайри гули Лола»  баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми хонандагону муҳассилини литсей бо шеъру суруд, тарона ва рақс дар мавзӯи лола, намоиши  маҳсули дастранҷи хеш баромад намуданд.
Дар чорабинӣ ҷонишини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Қосимова Солеҳа иштирок дошт.
2.03.2016

Таҷлили Рузи Артиши миллӣ.
Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Рӯзи артиши миллӣ бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа бо таври расмӣ, дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд
22.02.2016

Соли ҳамдуна
Аз ҳамаи 12 аломати Мӯчал аломати Ҳамдуна аз ҳама мураккаб ва пуртазод мебошад. Одатан Ҳамдунаҳо шахсони дорои қисмати вазнин ва носозгор мебошанд. Онҳо, ки хеле худпарасту бемасъулиятанд, атрофиёнашонро бад мебинанд ва худро аз дигарон хеле боло медонанд. Ҳамдунаҳо шуҳратталаб ва мағрур буда, фикри амиқ надоранд, аммо бо маккориву чаққониашон метавонанд, ҳар хел одамро гӯл зананд. Онҳо дар сари дигарон нисбати худ таассуроти хуб пайдо кунонда метавонанд ва бо истифода аз хушсуратии зоҳириашон мардумро аҳмақ мекунанд.
Ҳамдунаҳо зеҳни хеле бақувват доранд: онҳо ҳар чиро, ки дидаву шунида ва ё хондаанд, бо тафсир дар ёд нигоҳ дошта ин маълумотро дар ҷои зарурӣ истифода мебаранд. Ҳамдунаҳо метавонанд, барқосо қарор қабул намуда, дар як лаҳза онро иҷро созанд ва агар чизе барои амали шудани нақшаҳояшон монеъ шаванд, ҳамон дам аз он нақшаҳо дилсард шуда, аз  амали кардани онҳо даст кашанд...

Соли нав – иқболи нав
Ҳар як соли рафта дар таърих, дар хотири ҳар яки мо нақши неки худро мегузорад. Соли 2015 низ сипарӣ гардид. Он соле буд, пур аз шодию фараҳ, комёбӣ ва зафарҳои навин, оғози корҳои бузургу пуршараф, созандагию бунёдкорӣ. Дар давоми ин сол мардуми шарафманди точик зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Мухбирамон бо чанд нафар сокинони шаҳр ҳамсуҳбат шуда, рӯйдоди хотирмонро дар ҳаёти онҳо аз соли 2015 ва орзуҳояшонро дар соли нави 2016 рӯи коғаз овард.
2015 соли бобаракат буд

Иқдоми хайриявӣ дар арафаи ҷашни Соли Нави Мелодӣ.
Бо ташабусси маъмурияти муасисаи таҳсилоти умумии рақами №3-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва раисони кумитаи ин маҳал дар арафаи тачдиди Соли Нави Мелодӣ ба зиёда аз 40 нафар хонандагони ятим ва эҳтиёҷманд либосҳои гарми зимистона ва арғумонҳои солинавӣ тӯхфа карда шуд. Дар рафти ин иқдоми хайриявӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  иштирок намуда, баъди сухани ифтитоӣ- табрикии  муовини Раиси шаҳр Қосимова С ба хонандагон тӯҳфаҳо супорида шуд. Шодии кӯдакони ятимро ҳаду андоза набуд. Дар навбати худ хонандагон ҳамчун изҳори сипос  номери консертии  дар васфу ситоиши ваҳдату сулҳ, ватандӯстӣ тайёр намудаи худро ба иштирокунандагони иқдом пешкаш намуданд...

Дастархони идона ва барномаи консертӣ ба муносибати таҷлили  иди Соли Нави  мелодӣ  намоиш дода шуд.
Бо ташабуси мақомоти ичроия маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ва бевосита бо ташабуси раиси шаҳр Амирулло  Асадулло
 дар арафаи тачлили Иди Соли Нави Мелодӣ дар қисми низомии қушунҳои дохилии ВКД (3503) Чумҳурии Точикистон дар вилояти Хатлон, баъди баргузории чорабинии варзишӣ ва тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд...



Таҷдиди Иди Мехргон дар маркази вилояти Хатлон.
Дар маркази  вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа Иди Меҳргон чун анъанаи қадима бо тантана ва ҳашамати хоса чашн гирифта шуд. Иди Меҳргон аз замонҳои  пеш ҳамчун иди чаъмоварии ҳосил дар байни ачдодони  мо чашн гирифта мешуд. Дар даврони шуравӣ ин иқдом қариб аз байн рафта буд.  Тачдиди чашни Иди Меҳргон бо ташаббуси Сарвари Ҷумҳурӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар анъанаву маросимҳоиҳои  қадимаи  ачдодӣ аз нав зинда карда шуд ва ҳамасола  дар қаламрави Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон чашн гирифта мешавад...



 
Эъломияи ҳуқуқи башар.
Дар толори китобхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтепппа бо ташабусси «Телевизиони мустақими Қӯрғонтеппа» ва дастгирии Созмони Амният ва Хамкорӣ дар Аврупо (САХА) вобаста ба  тачлили Рузи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ( 10-уми декабр) кофренсияи илмӣ-адабӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар вилояти Хатлон, мутахасиси шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии мақомоти ичроияи маҳалии вилояти Хатлон,  мутахасиси раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳалии вилояти Хатлон ва як қатор ташкилоту муасисаҳои давлатӣ ва ташкилотои чаъмиятӣ иштирок намуда, дар навбати худ оиди моҳият ва зарурати таърихии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар-ҳамчун санади байналмиллӣ  баромад намуданд...


21 соли созандагӣ ва бунёдкорӣ
ҲХДТ ҳизби замони истиқлол ва ифодакунандаи умеду ормонҳои мардум, татбиқкунандаи орзуҳои халқҳои сарбаланди Тоҷикистон мебошад. Ҳизби мо халқӣ ва табиатан демократӣ буда, тавонист мардуми парешонро муттаҳид созад. ҲХДТ бо ғояи созандагӣ ва бунёдкорӣ нияти таъмини ваҳдат созмон ёфт. Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар созмон додани он бузург аст. Дар замони бисёр мураккаб ва ҳассос Эмомалӣ Раҳмон бори вазнини роҳбарии кишварро бар душ дошт ва дар баробари ин бо такя ба шахсони садоқатманд ва вафодор нақшаи ташкили ҳизби сиёсиро амалӣ кард. Дар раванди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ...
Таърихи пайдоиши ифротгароӣ
Афкор, аҳдоф ва ҳадси таърихии амалҳои ифротиён
«Ифрогароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва чинояткорону ифратгароён барои амалҳои чинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд!».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Авзои имрӯзаи ҷаҳон, бархурдҳо, низоъҳои таҳмилӣ ва иштироки гурӯҳҳои муайян дар даргириҳои минтақавӣ, аз қабили Ироқу Сурия моро водор месозад, ки ба умқи ин чараёнҳо, фирқаҳо назар кунем... 

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ.
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр байни донишчӯдухтарон мусобиқаҳои баскетбол ва писарон мусобиқаи волейбол гузаронд. Дар ин чорабинӣ донишчӯдухтарони ДДҚ ба номи Н. Хусрав...







Рузи милитсия.
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар бинои «Театри  ба номи А. Мухамадҷонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  рӯзи Милитсияи тоҷик, ки ҳамасола рузи 10-уми ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...






Ҷамъбастии озмуни «Соли Оила».
Мояи ифтихор ва сарбаландии мардуми Қӯрғонтеппашаҳр мебошад, ки бо ташабуси шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бевосита бо дастгирии Раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар доираи чорабиниҳо бахшида ба тачлили Соли оила дар маркази вилояти Хатлон –шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни «Солномаи оила» ҷаъмбаст гардид...





Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили сохтори ҳокимияти судӣ        
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ро аз чумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Точикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли точикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории...






Соли 2015-соли Оила
Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он
Никоҳи хешутаборӣ бештар дар деҳот ба назар мерасад. Аслан падару модарон намехоҳанд, ки меросашонро шахси бегона соҳиб гардад. Бад-ин хотир ҳамеша кӯшиш месозанд, ки ба фарзандонашон шахсони наздикро келин ё домод гиранд. Чумъагул низ қурбонии ин урфу одатҳо гаштааст...




«Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, гуломи   қонун бош!»                                                                                                              Ситсерон                                                        «НАҚШИ САРҚОНУН ДАР ТАҲҚИМИ ДАВЛАТДОРӢ»                              Дар таърихи давлатдориҳои чаҳон  санадҳои муҳим, қонунгузориҳои муҳиме дар рафти инкишофи чомеъа   вобаста ба зараруриятҳои объективӣ  ва субъективӣ ба амал омада қабул гаштаанд, ки баъдан қабули чунин ҳуччатҳо, санадҳои муҳими қонунгузорӣ боиси рушду нумуъи давлатдориҳо, дигаргун гаштани рафти тараққиёти чамъият, тағъир ёфтани савияи фикрронии бани одамизод ва  муносибати инсонҳо бо ҳам ва муносибати ...

Заҳр бодо шири модар бар касе….
Забон, - яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, пойдориву устувории ҳар як миллати соҳибдавлат дар радифи дигар арзишҳои миллӣ, ба эътироф шудани забон, ҳамчун забони он халқ, миллат марбут дониста мешавад. Забон – ҳастии миллат аст, забон - шиносномаи давлат аст. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсияи кишвар, - Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Воқеан, боиси сарфарозиҳои зиёд аст, ки дар чумҳурии мо давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, то ҳадде покизагии забони точикӣ, ҳамчун забони давлатӣ риоя карда мешавад. Ҳама намуди ҳуччатгузорӣ,коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, шиору овезаҳои...

Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар «Кохи Ватан» рӯзи Контитутсия, ки ҳамасола бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Точикистон дар ққаламрави Чумҳурӣ бо тантана  чашн грифта мешавад, бо шукӯҳу ҳашамати хоса чашн гирифта шуд. Ҷашнвораро аз номи Раиси шаҳр  бо суханони табрикотӣ муовини раиси шаҳр Қосимова С оғоз намуда, оиди аҳамият ва зарурати қабули ин санади тақдисоз чунин ибрози ақида намуд: истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин дастоварди бузург дар таърихи навини точикон ва барои мардуми Тоҷикистон беҳтарин ва муқаддастарин  неъмат буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумуи иқтисодиёт, ҳӯқуқ, сиёсат, фарҳанг,   илм ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад...

ПАЁМИ  ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА АМИРУЛЛО АСАДУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОН.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо бо рӯзи фархунда-Ҷашни гиромидошти забон муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, бахту иқбол ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмо қайд кардананд, ки «Забон асоси ҳастӣӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волояти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ дошта мешавад»...

Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и  шаҳр чорбиниии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии дав таҳти унвони «Дав барои ҳаёт» дар байни кудакону наврсон (дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба 24-умин Солгарди Истиқлолияти Чумҳурии Точикистон ва «Соли Оила» эълон гардидани соли 2015)...

Рузи  Рӯдакӣ
   Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  дар боғи маркази фароғатии ба номи Р Мурчаев рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Чумҳурӣ чашн гирифта мешавад...

Бо ташаббус ва дастгирии раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар кохии «Лоҳутӣ » маҳфили эчодии шоири ширинкалом Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил перомуни эҷодиёти адиб андешахо баён шуда, сарояндагон сурудҳои бар матни ӯ эҷод кардаашонро пешкаши ҳозирин карданд. Дар рафти чорабини А. Муродӣ намунаҳои беҳтарини ашъорашро  қироат карда, ба пурсишҳои ҳаводорони шеър посух гуфт.
 
Бозии байни дастаҳои футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи «Рашван»-и Кӯлоб дар мусобиқаи 1\4 ниҳоии мусобиқа оид ба дарёфти ҷоми Тоҷикистон дар соли 2015 дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Аз рӯи ҷамбасти натиҷаи ду бозӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба бозиҳои нимниҳоии ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифт.


Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон.
Аз тарафи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри   Қӯрғонтеппа 18-умин Солгарди Рӯзи Ваҳдати  Миллӣ –ҳамчун иди муқадаси умумимиллӣ, рӯзи ваҳдату ягонагӣ, ва бунёдкориву созандагӣ дар майдони «70-Солагии Водии Вахш»-и шаҳри   Қӯрғонтеппа бо ҳашамати хоса чашн гирифта шуд.Чашнвораро бо сухани табрики раиси вилоят Гулмуҳамадзода Давлатшо оғоз намуда қайд намуд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ яке аз саҳифаҳои дурахшону умедбахш ва сабақомӯзи таърихи халқамон буда, рӯзи ба ҳамоӣ ва дӯстиву рафоқат пазируфта шуда аст...

Шаҳри Қӯрғонтеппа барои иштироки фаъолона дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов», ғолиб дар бахши «Оши палови беҳтарин» аз ҷониби Вазорати фарҳанг, Вазорати саноат, технологияҳои нав ва Иттифоқи «Тоҷикмутлубот» сарфароз гардид...

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню