ШАНБЕГӢ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ШАНБЕГӢ

ХАБАРҲО
Тозакунии каналу ҷуйборҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома доранд
Рафти иҷроиши қарори раиси шахр аз 12 январи соли 2017 № 20 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани шанбегиҳо оид ба тоза намудани  каналу ҷуйборҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа» ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи гузаронидани шанбегиҳо оид ба тоза намудани каналу ҷуйборҳо бо  тариқи ташкил намудани ҳашари...
24.01.2017  
Ободони дар назди маҷмааи «Ваҳдат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Маҷмааи «Ваҳдат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар даромадгоҳи шаҳр соли 2007  бунёд ва дар рӯзи таҷлили 10- Солагии Ваҳдати милли мавриди баҳраброри қарор дода шуд. Дар зердовори бино осорхона мавчуд буда, дар он нигораву расмҳо доир ба роҳи пурмашақати ба дастомадаи ризояти милли бо ҷиду ҷаҳди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Эмомали Раҳмон маҳфуз аст...
11.01.2017 
Ташаббусси маъмурият ва ҳайати кормандони Идораи Барқи шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббусси роҳбари Идораи Барқи шаҳри Қӯрғонтеппа  Ҷамшеди Файзализода дар давоми соли 2016 дар  шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд қитъаи замини паҳлуи роҳ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт ва айни ҳол дар ин қитъа ниҳолҳои сояафкан ва гулу гулбутаҳо мавриди нигоҳубинии доими қарор доранд. Кормандони идора барои сарсабзу хуррам гардонидани ин қитъаи замин ва саҳни ҳавлии...
11.01.2017 
Ба хотири сазовор чашн гирифтани 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба хотири сазовор чашн гирифтани 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки тачлили он дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нақша аст, корҳои созандагиву ободкори бо суръат идома доранд. 
Шанбегӣ
Тибқи супориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе тамоми кормандони муассисаҳои тиббӣ, варзишӣ, сокинони маҳаллаҳо, идораҳои ободонӣ ва мазилию коммуналӣ ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.
Ободониву созандаги
Тибқи супориши протоколии маxлиси назди Раиси шаҳр (имрӯз1-уми июни соли чори) бахшхо ва шӯъбахои дахлдори дастгохи раиси шахр ва мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар якчояги бо дигар кумитаю идорахо, ташкилоту муассисахо, корхонахо ва раисони кумитахои махаллахо шанбегии умумишахриро ба рох монданд. 
1.06.2016
Шанбеги дар махаллаи Ваҳдат-3
Шнбеи гузашта бо мақсади тайёрӣ ба баргузории рузи райпурсии умумихалқӣ, ки 22-юми май дар шаҳри Қӯрғонтеппа   ва тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ва тачдиди 71-умин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ташабусси раиси маҳаллаи Ваҳдат-3 Бобоева Ҷамила  дар ҳудуди маҳалла бо иштироки сокинони он шанбегӣ гузронида шуд. 

Бо ҳисси масъулиятшиносӣ
Қарори раиси шаҳр ҷиҳати  сазовор истиқбол намудани  Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва  дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...
27.02.2016

Бо ташабусси кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Ҷиҳати вусът додани корҳои ободонию созандагӣ, шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ дар ҳудуду қитъаҳои заминҳои  шаҳр (Қарори Раиси шаҳр аз 30.11.2015 сол)  ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи самаранок истифода бурдани «190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа»...
20.02.2016

Шанбегӣ дар баробари машқҳои тайёрӣ
Имрӯзҳо дар асоси амри раиси вилояти Хатлон аз 23.01.2016 таҳти №1 ва қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 08.02.2016 таҳти №61 аз тарафи Ситод оид ба ҳолатҳи фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр машқои мукамал аз 11.02.2016 то 13.02.2016 дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа  гузаронида шуда истода аст.

Ободонӣ дар маҳаллаҳо
Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи ичрои банди 5-и Протоколи ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр аз 4 январи соли 2016 таҳти №1 «Дар бораи бо мақсади тоза намудани каналу чӯйборҳои ҳудуди шаҳр ба тариқи ҳашар бо иштироки раисони кумитаҳои маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр» дар рӯзҳои 9-10 январи соли 2016 дар қаламрави шаҳр шанбегӣ гузаронид...

Матбуоти Раис.
Бо мақсади боз ҳам тозаву озодатар намудани маҳаллаҳо  ва кӯчаҳои шаҳр.
Тибқи супориши протоколии Раиси шаҳр бомақсади боз ҳам тозаву озодатар намудани маҳаллаҳо  ва кӯчаҳои шаҳр, кормандони мақомоти  ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, аз он чумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, бахши кор бо чавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, соҳаи савдо, нақлиёт, коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, иқтисодиёт, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, маркази назорати давлати  санитарию эпидемиологӣ, донишкадаи энергетикӣ, бозорҳои «Фаровон», «Нихи», «Ҳочӣ Шариф» ва сокинони маҳаллаҳо бо роҳбарии Раисони кумитаҳои маҳал  ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро тозаю озода намуданд....  
 
Тибқи супориши протоколии Раиси шаҳр бо мақсади боз ҳам тозаву озодатар намудани маҳаллаҳо  ва кӯчаҳои шаҳр, кормандони мақомоти  ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, аз он чумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, бахши кор бо чавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, соҳаи савдо, нақлиёт, коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, иқтисодиёт, коллечҳои омўзгорию тиббӣ, маркази назорати давлати  санитарию эпидемиологӣ, донишкадаи энергетикӣ, бозорҳои «Фаровон», «Нихи», «Ҳочӣ Шариф» ва сокинони маҳаллаҳо бо роҳбарии Раисони кумитаҳои маҳал рӯзи 26уми сентиябри соли чорӣ   ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, кўчаю хиёбонҳои шаҳрро тозаю озода намуданд.
Сокинони  шаҳр, дар тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист саҳми арзандаи хешро гузошта, гирду атрофи дарахтонро аз алафхои бегона тоза ва атрофии онҳоро нарм  намуда, партоҳовҳоро аз гирду атроф чаъмоварӣ намуда, ба нуқтаи муайяншудаи паспартовҳо бурда партофтанд.  Қади чўйборҳои ду канори роҳи мошингардро аз партовҳо тоза намуданд. Кормандони муассисаи коммуналии шаҳр  бошад партовҳоро аз шаҳр берун бароварданд.
Саҳми донишчуёни литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа, литсеи рақами№1 ва хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами№6-ро, ки дар тоза намудани атрофи муасисаашон ва манораи «Қурғон», осорхонаи «Бибихонум» зиёд буд, дарч намудан бо маврид аст.
Дар ободонию озодагии кӯчаҳои дар боло зикргардида  зиёда аз 2000 нафар сокинони маҳал, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ба хусус чавонону занон фаъолона ширкат варзида, дар ободии шаҳр ҳиссагузорӣ карданд. Дар рафти гузронидани шанбегӣ ҳамчунин бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони хонаҳои истиқоматӣ, чиҳати ичрои  минбаъдаи супориши мазкур сӯхбат гузаронида шуда, ба ин васила ба вусъати корҳои ободонӣ, кабутизоркунӣ, беҳдошти муҳити зисти шаҳри Қӯрғонтеппа  ва дидани чораҳои зарурӣ нисбати камбудиҳои чойдошта  такони нав  дода шуд.
Котиби матбуотии Раис                                             
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню