ЭЪЛОНҲО - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ЭЪЛОНҲО

ХАБАРҲО
Озмуни «Забон –Пайванди ҷон»
Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Шуъбаи қурғонтеппагии Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни аҳли адаб ва ровиёни хушсадо озмун эълон мекунад.

Н О М Г Ӯ И
мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Эзоҳ: Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ба комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли ҷои холӣ дар мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
11.03.2016

Озмуни эҷодӣ
Мардуми шарифи кишвар барои сазовор истиқбол гирифтани иди калони миллат – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ хеле бузурганд. Аз ин рӯ, барои боз ҳам афзун гардонидани он ҳар як сокини диёр мехоҳад саҳми худро гузорад.
Бо иқдоми нек ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа», Шӯрои шаҳрии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни шоирон, нависандагон, журналистон, омӯзгорону зиёиёни эҷодкор таҳти унвони  «Бисту панҷ баҳори гулафшон» озмун эълон карда мешавад.

Муроҷиат ба сокинони шаҳр
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилоту муасисаҳои давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои  мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи  ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2015 як қатор корҳоро ба анчом расонид. Хушбахтона, дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта  дар давоми соли сипаригардида ба қайд гирифта нашуд...

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню