Литсеи касби-техникиии шахри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Литсеи касби-техникиии шахри Қӯрғонтеппа

Маъмурияти Литсейи касбии техникии шахри Қӯрғонтеппа фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабинихои умумии муассиса рочеъ ба иҷроиши талаботхои  Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08. 2012, № 882 «Дар бораи хифзи мехнат» ба рох монда, дар ин самт ба як қатор дастовардхо ноил гардид. Дар доираи Қонуни мазкур маъмурият тавонист, ки муносибатхои байни корфармо ва кормандонро ба танзим дароварда, шароити мехнатиро чавобгў ба талаботи хифзи хаёт ва саломатии кормандон дар чараёни фаъолияти мехнати фарохам оварад.
Тарбияи ғоявӣ ва миллӣ дар хонандагон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, хештаншиноси, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва ғайраро ташаккул медиҳад. Дар ин замина дар Литсей ба масъалаи эҳтироми муқаддасоти миллӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида, тарзи рафтору одоб, либоспӯшӣ таваҷҷӯҳ ва эътибори зарурӣ равона мегарданд. Тибқи нақшаи тарбиявии роҳбарони гурӯҳҳо соатҳои тарбиявӣ, ҷаласаҳои волидон, соатҳои намунавии тарбиявӣ дар вақташ баргузор мегарданд.
Дар иртибот ба тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар долон ва синфхонаҳои Литсей муқаддасоти миллӣ, харитаи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидаанд, аз бар намудани  Суруди миллӣ ва  омӯзиши асарҳои иншонамудаи Сарвари мамлакат аз ҷониби хонандагон мунтазам санҷида мешаванд. Дар рафти соатҳои тарбиявӣ омӯзиши санаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ба роҳ гузошта шуда, оиди худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар мавзӯъҳои тарбиявию маънавӣ сӯҳбатҳо доир гардиданд.
Тарбияи ватанпарастӣ аз самтҳои муҳимтарини тарбия маҳсуб мегардад. Дар Литсей ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи миллӣ, ватандӯстӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои  таърихи ниёгон ва тарбияи кадрҳои коргарӣ таваҷҷӯҳ ва эътибори зарурӣ равона мегардад. Баргузории конфронси илмӣ – амалӣ,   маҳфилҳои фаннӣ, доир гардидани мулоқот бо ашхоси барӯманд - бо диловарони арсаи ҷанг, собиқадорони меҳнат ва ҷанги Афғонистон, ёдбуди фарзандони барӯманди диёр барои татбиқи санади мазкур равона гардидаанд. Аз ҷумла, аввали моҳи феврали соли 2016 доир намудани мулоқоти муҳассилин бо иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон дар пайванд бо барномаҳои ҷолиби бадеӣ хотирмону фаромӯшнопазир буданд. Инчунин мохи июни соли чори вохури бо иштирокчиёни шохрохи Вахдати милли ки намоянда аз ш.Қўрғонтеппа дар ин хатсайр буданд баргузор карда шуд.
Мохи сентябр вохурии хонандагон бо як қатор харбиёни қисми низомии 07790 –и қушунхои хушкигарди ш.Қўрғонтеппа, ки сахми худро дар барқарор кардани давлати Конститутсиони  гузоштаанд, ташкил карда шуд.
Дар риштаи тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ дар соатҳои тарбиявии гурӯҳҳо соатҳои тарбияви дар мавзӯҳои «Одоб – ҳусни инсон аст», «Фарзанди нағз - боғи падар, фарзанди бад- доғи падар», «Одоби муошират ва тарзи муоимала бо калонсолону волидайни худ» доир гардид, ки  маърӯзаҳо ҷанбаи муҳими ахлоқиву маънавиро молик буда, бобати тарбияи муҳассилин нақши муассир доштанд.
 Баланд бардоштани маърифатнокии духтарон, пешгирии хариду фурӯши одамон ва масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тайёрии духтарон ба оила ва оиладорӣ аз мавзӯъҳоест, ки дар ҷараёни корҳои тарбиявӣ ба он эътибори махсус равона мегарданд.
Тарбияи маърифатӣ бошад аз рукнҳои асосии раванди ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар заминаи он дар Литсей як зумра корҳои судбахш амалӣ шуданд. Дар ин раванд чорабиниҳои мухталифи маърифатӣ, аз қабили мулоқот омӯзгорони Литсей, ташкили дарсҳои кушод ва дигар чорабиниҳо ба ҳукми анъана даромадаанд. Баҳри баланд бардоштани маърифати хонандагон нақши маҳфилҳои фанние, ки дар назди роҳбарони гурӯҳҳо амал мекунанд хеле калон аст. Аз ҷумла, маҳфили «Инсон ва қонун», «Муаррихони ҷавон»,   «Омӯзгорони ҷавон», «Живое слово», «Баҳористон», «Экологи ҷавон» фаъолияти худро хеле хуб ба роҳ мондаанд, ки хонандагон дар ин маҳфилҳо иштирок карда ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб карда шуда, савияи дониши худро баланд ва ҷаҳонбинии  худро ғанӣ мегардонанд. 
Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Оид ба ташкилу гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирии экстремизми динӣ, зуҳуроти манфии ба анъанаҳои миллии мо хос набуда як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Дар соатҳои тарбиявии гурӯҳҳо ин масъалаҳои мавриди зарарнок будани ғояҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», “Ал-Қоида” ва ғайра оиди ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаи шаҳрвандон баромадҳои пурмӯҳтаво карданд. 
 Баҳри ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва фузунии донишу ҷаҳонбинии муҳассилин нақши маҳфили фаннии «Инсон ва қонун» ва фаъолияти судманди он  бағоят калон аст, ки ба васеъ гардидани дониши ҳуқуқии муҳассилин мусоидат менамоянд.
Тарбияи гуманистӣ ин зуҳури башардӯст будани инсон, муносибати самимиву хайрхоҳонаи ӯ бо наздикон, дӯстон, ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои ғайр  аст. Дар ин замина, аз тарафи маъмурияти Литсей собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон аёдат карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар Литсей аз ҳисоби ҷавонони фаъол гурӯҳи айёдатӣ ташкил карда шудааст, ки фаъолияти онҳо дар ин самти тарбия хело назаррас мебошад.
Тарбияи зебоипарастӣ, меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ дар маркази диққат қарор дорад. Дар соатҳои тарбиявӣ масъалаҳои «Одоби муошират», «Маърифат ва тарбияи экологӣ -омили ҳаёти босаодат», «Либоси хонанда чӣ гуна бояд бошад?» ва ғайра мавриди баҳсу муҳокимарониҳо қарор дода шуданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 омӯзгорон ва хонандагон аз намоишномаҳои  қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол  дидан карданд. Илова бар ин тибқи ҷадвал барои хонандагон экскурсия ба мавзеъҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои типҳои нав  ташкил карда мешавад. 
Тарбияи ҷисмонӣ бобати бардаму солим ба камолрасии муҳассилин, шаҳрванди аз ҷиҳати ҷисмони пурқуввату ба иҷрои вазифаҳои муҳим омодашавии ҳар як аъзои ҷомеа мусоидат менамояд. Баҳри рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд Ба гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, тарбияи варзишгарони бомаҳорат аз байни хонандагон эътибори махсус зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки муҳассилини Литсей дар мусобиқоти умумилитсейи, вилоятӣ ва шаҳри иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Директор: Шарипов С.

22.09.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню