Ҷамъомад дар литсейи давлатии «Ориёно» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷамъомад дар литсейи давлатии «Ориёно»

Дар литсеи давлатии «Ориёно» - и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба 25-умин солгарди Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Рудакӣ» ҷамъомад доир гардид. Директори литсей ҷамъомадро кушода эълон намуд. Оҳанги суруди милли садо дод. Хонандагони литсей таҳти оҳанг суруди миллиро хонданд. Дар ҷаъмомади тантанави котиби матбуотии Раиси шаҳр Бобохонов Қ. низ иштирок намуданд. Директори литсей бо сухани шодбоши баромад намуда, аз дастовардҳои замони истиқлолият, пешравиҳои илму маориф дар ин давра, дастоварҳои хонандагони литсей ва вазифаҳое, ки аз дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ёдовар шуданд. Дар фаранҷоми ҷамъомад сипосномаҳои маъмурияти муассиса ба хонандагони  фаъол тақдим карда шуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр:  Қ. БОБОХОНОВ

23.09.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню