МАОРИФ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

МАОРИФ

СОҲАИ ИЧТИМОӢ
Таъсиси ситоди кабутизоркунонӣ ва дарахтшинонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Абдуллозода И, муовинони соҳавӣ ва мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлтии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади амали намудани нақшаи тасдиқнамудаи муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ аз 18 11 2016 сол оиди «Кабутизоркунӣ...
Литсейи  давлатии Ориёно» - и шаҳри Қӯрғонтеппа
Литсейи «Ориёно»   30 августи соли 2006 – ум таҳти фармони  раиси шаҳр, №550   дар асоси пойгоҳи моддию техникии мактаб - парваришгоҳи ба номи Логинови шаҳри Кӯрғонтеппа ба ҳайси гимназияи хонандагони лаёқатманди «Ориёно» таъсис ёфта буд, ки 29 сентябри соли 2006, № 003 – 1412 дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд.  Бо қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 8.11.2008, №520 гимназия ба литсей – интернати физики – математикии «Ориёно» табдил дода шуд, ки 27.1.2009, №003  1412 «А» дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуд...
27.12.2016 
Рафти зимистонгузарони дар муассисаи томактабии №6 шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қўрғонтеппа дар бораи сари вақт омода намудани муассисахои сохахои маорифи шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самрабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 муассисаи томактабии №6 шаҳри Қӯрғонтеппа...
30.11.2016 
Барномаи фарҳангии хонандагони Литсейи №1 шаҳри Қӯрғонтеппа  бахшида ба “ Рӯӯзи байналмиллалии ҳқуқи кӯдак
Бо ташаббуси Комиссия оид ба хуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси комиссия муовини Раиси шаҳр – Қосимзода Солияхон тибқи нақша – чорабинии таъинамудаи комиссия  дар санаи 25 ноябри соли 2016  дар толори Литсейи №1 шаҳри Қӯрғонтеппа...
30.11.2016 
Озмуни расми беҳтарин дар муассисаи томактабии № 2
Дар радифи ичрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодаги ва таҷлили Рӯзи Президент дар муассисаи томактабии № 2–и шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни расми беҳтарин дар байни тарбиятгирандагон дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир карда шуд... 
16.11.2016 
Санҷиш дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа
Ҳайати комиссияи муштарак таҳти роҳбарии муовинони Раиси шаҳр Қосимзода Тағаймурод, Аминов Тоҷиддин ва роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Профессор Азимзода Назир дар асоси супориши Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амрулло Асадулло ҷиҳати аз наздик шинос шудан ва баҳо додан ҷараёни таълиму тарбияи хонандагони синфҳои болоии як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳатмии шаҳри Қӯрғонтеппа санҷиш гузарониданд...
10.11.2016   
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар литсеи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар литсеи   тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибки накша-чорабинии таҳия -намудаи маъмурияти муассиса, тахти рохбарии директори муассиса А. Ибрагимов тачлил карда шуд...
8.11.2016   
Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ
Таҳти роҳбарии сармуҳарири рузномаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа У. Тучиев дар толори китобхонаи марказии шахр бо иштироки омузгорони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва омузгорону хонандагони муассисаҳои таълими бахшида ба Рузи Забони давлати конфренсияи илми адаби дар мавзуи «Умри миллат аз умри забон вобастааст» доир карда шуд...
7.10.2016   
Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи забони давлати дар Литсеи -1
Тахти роҳбарии муовини Раиси шахри Қӯрғонтеппа, Раиси комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати»-и  назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  Косимзода Солияхон   дар толори Литсеи №1  бо иштироки Прокурори шаҳр Б. Сафарзода ва  омузгорону хонандагони   муассисахои таълими бахшида ба Рӯзи Забони давлати конфренсияи илми адаби дар мавзуи «Умри миллат ба  умри забон вобастааст» доир карда шуд...
7.10.2016   
Конфренсияи илмӣ адаби бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №11
Бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №11 конфренсияи илми адаби бо иштироки хонандагон, устодон ва намояндаи макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи нақша чорабиниҳои таҳия намудаи мақомот ва худи муассиса доир гардид...
3.10.2016   
Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар муассисаи тахсилоти умумии №2
Бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №2 конфренсияи илми адаби бо иштироки хонандагон, устодон ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа...
3.10.2016   
Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ
Тахти роҳбарии мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Қ. Қурбонов дар толори китобхонаи марказии шаҳр бо иштироки омузгорони забонҳои хоричии муассисаҳои таълими конфренсияи илми адаби бахшида ба Рузи Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ...
3.10.2016  
Конфренсияи илми-адаби дар колеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа
Таҳти рохбарии директории колеҷи тиббии шахри Қӯрғонтеппа номзади илм А. Нуриддинов дар толори колеҷ бахшида ба хотири гиромидошти хизматҳои шоёни асосгузори адабиёти классики тоҷику – форс А. Рудаки конфренсияи илми - адаби баргузор карда шуд.
23.09.2016 
Ҷамъомад дар литсейи давлатии «Ориёно»
Дар литсеи давлатии «Ориёно» - и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба 25-умин солгарди Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Рудакӣ» ҷамъомад доир гардид. Директори литсей ҷамъомадро кушода эълон намуд. 
23.09.2016 
Конфренсияи илми адаби дар муассисаи таҳсилоти умумии №4
Бахшида ба тачлили Рузи Рудаки дар мавзуи «Рудаки рафту монд ҳикмати ӯ» дар муассисаи таҳсилоти умумии №4-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки устодон, хонандагони муссиса ва намоянда...
23.09.2016 
Литсеи касби-техникиии шахри Қӯрғонтеппа
Маъмурияти Литсейи касбии техникии шахри Қӯрғонтеппа фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабинихои умумии муассиса рочеъ ба иҷроиши талаботхои  Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08. 2012, № 882 «Дар бораи хифзи мехнат» ба рох монда, дар ин самт ба як қатор дастовардхо ноил гардид. Дар доираи Қонуни мазкур маъмурият тавонист, ки муносибатхои байни корфармо ва кормандонро ба танзим дароварда, шароити мехнатиро чавобгў ба талаботи хифзи хаёт ва саломатии кормандон дар чараёни фаъолияти мехнати фарохам оварад.
22.09.2016 
Бехтаринхо донишчӯ мешаванд
- Мархилаи аввали имтихон ба охир расид, аммо ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст. Довталабон ва волидони онхо аз тарзу усул ва рафти санчиши дониши довталабон розианд, - мегӯяд намояндаи ваколатдори Маркази миллии тести дар маркази имтихонии 03/06 воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шухрат Яхёев. 
14.07.2016 
Марказҳои имтиҳонсупорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа айни ҳол бо хоҳиши Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-маркази имтиҳонсупорӣ бо тариқи тестӣ дар 6-муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа (мактабҳои №12, 6, 10, 3, 4, 9,) ба фаъолят оғоз намуданд. Марказҳо дар синфхонаҳои таъмиршуда, xогир кардашуда, тариқи камераҳои мушоҳидавӣ тамоми рафти имтиҳонсупорӣ зери назорати...
5.07.2016 
Таътил идомаи фаъолияти дабистонхост
Хонандагони муассисахои таълимии шахр пас аз анчоми соли тахсил ба таътили тобистона баромаданд. Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи шахр С. Бақоев изхор дошт, соли равон чихати дар сатхи зарури ба рох мондани таътили тобистонаи хонандагон тадбирхои қатъи андешида шуд. 
Ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа
Бо ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан» дар шахри Қӯрғонтеппа дар хамкори бо Раёсати  ҷавонон, варзиш ва сайёхии вилояти Хатлон  зиёда аз 50 нафар гурӯххони ташабускори   донишгохи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав   бо мақсади ичрои нақша чорабинихои ТЧЧ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошнои пайдо намудани чавонон аз чойхои таърихии кишвар  ба нохияхои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва шахри бостонии Кӯлоб сафар карданд.
22.06.2016
Интихоби дурусти касб асоси саодатманди аст
Хунаромӯзи дар хама давру замон афзалияти хоса дорад. «Хунар бех аз симу зар» - гуфтаанд, гузаштагони мо. Бешак, касбу хунари дӯстошта метавонад мучиби саодати хар инсон гардад. Вақте ки инсон аз касбу кори дӯстоштааш қаноатманд аст, зиндагиаш хушу хурсандона мегузарад. 
9.06.2016
Сахми донишҷӯён дар ободони
Шахри Қӯрғонтеппа яке аз шахрхои калон ва обод дар миқёси вилояти Хатлон буда, барои боз хам зебову дилоро гардидани ин шахри бостони корхои бунёдкори чараён дорад. Инчунин як қатор озмуну чорабинихо идома дорад. Ин иқдомхо бахшида ба 25-солагии истиқлолияти ватани азизамон рӯи кор омадаанд. 
9.06.2016
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ба номи А.У.Муминов шаҳри Қӯрғонтеппа
Ахборот оиди гузаронидани шанбегӣ
Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки коллективи хонандагон рӯзи 30.04.2016 ва омӯзгорони муассиса рӯзи 01.05.2016...
3.05.2016  
Шӯрои шуъбаи маориф
Марбуд ба рушди соҳаи маорифи шаҳр рӯзи 29 апрели соли 2016 Шӯрои шуъбаи маориф доир гардид, ки дар он 10 масъала мавриди муҳокима ва барраси қарор дода шуда дар ин самтҳо қарорҳои дахлдори Шӯрои  шуъбаи маориф ба тавсиб расида дастрасии муассисаҳои таълимӣ ва томактаби гардонида шуд. 
3.05.2016  
Конференсияи шавқовар
Дар МТМУ №15 – и шахр конференсияи илми – амалии хонандагон аз фанни химия баргузор гардид. Дар он хонандагони синфхои 11 –ум ширкат варзида, дар мавзӯи «Ҷадвали даври» маърӯза намуданд. Хамчунин ба хозирин аз чониби хонандагон намоишхои гуногуни халли реаксияи химияви, чистонхои химияви ва тачрибахои гуногуни химияви намоиш дода шуд. Чорабини хеле хотирмон доир гардида, дар чамъбаст ба хонандагон Ифтихорнома ва дигар тӯхфахои таъсиснамудаи муассисаи мазкур супорида шуд.
27.07.2016 

Намоиши дастовард ва анъанаҳо дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ
Дар арафи таҷдиди Иди Нарӯзи байлалмилалӣ намоиши дастовардҳои корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳрӣ дар наздикии варзишгоҳи марказӣ баргузор карда шуд, ки онро тамоми сокинони шаҳр ва меҳмонон дидан намуданд. 
19.03.2016 

Истиқболи Иди- Наврўз дар муассисаи таҳсилоти  умумии №13
Дар саҳни  муассисаи таҳсилоти  умумии №13 Ҷашни байналмилалӣ- Иди- Наврӯз бо ҳашамату шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ бо ташабусси соҳибкорони маҳаллаи «Сарчашма», Қаҳоров Солияхон ва Узбеков А...
19.03.2016 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар таърихи 5 марти соли ҷорӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба иди 8-март рӯзи Модарон озмуни «Кани духтарон» байни духтарони хонандагони синфҳои 11 баргузор гардида аз рӯи шартҳои озмун: 

Нақша чорабинии тартибдодашуда бахшида  ба  «Рӯзи Модар»                                            
Аз рӯи нақша чорабинии тартибдодашуда бахшида  ба  «Рӯзи Модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ба номи Мирзо Турсунзода-и шаҳри Қӯрғонтеппа як қатор чорабиниҳо байни хонандагони синфҳои 9-11 гузаронида шуд.  

Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа»
Чорабиниҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Вазорати тандурустии   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2008, № 512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда шуда аст.
14.03.2016

Вохӯрӣ дар Литсеи хоандгони болаёқат.
Дар литсеи хонандагони болаёқати шаҳр  вохурии навбатии тибқи нақша пешбини шудаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр профессор  Азимов Назир доир гардид. Мазӯи вохуриро пешгирии ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва чиноятсодикунӣ дар бар гирифт. Зимни сӯҳбат профессор Азимов Назир оиди сабаҳои чиноятсодиркунии ноболиғон аз қабили, таъсири манфии оилаҳои бефарҳанг ё нопура, паст будани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб, таъсири калонсолони гузаштаи криминалӣ дошта, таъсири манфии дуруст истифода набурдани воситаҳои ахбори омма, аз чумла шабакаҳои интернетӣ, ба хонандагони ин литсей гуфта гузаштанд. 


Вохурии комиссияи таблиғотӣ бо омӯзгорони муасисаҳои тахсилоти умумии рақами №10, 11  ва сокинони маҳалаи Кайҳонавардони  шаҳри Қӯрғонтеппа.
Комиссияи таблиғотии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки зиёда аз ду сол боз фаъолият дорад, бо омӯзгорони муасисаҳои талимии умумии рақами 10 ва 11 –и шаҳр вохӯрӣ баргузор намуд. Вохуриро бо сухани ифтитоӣ роҳбари комиссия муовини раиси шаҳр Қосимова С   оғоз намуда, сарвал мӯҳтавои Пайёми навбатии Сарвари Ҷумҳурӣ ба Мачлиси Олиро ба иштирокунандагон тафсир намуданд. Кайд карда шуд, ки Пайём ҳамчун ҳуччати иловагии танзимкунандаи муносибатҳои чаъмиятӣ, тамоми мушкилои ҳалталаби чомеаро дар бар гирифта, роҳҳои бартарафсозӣ ва имкониятҳои воқеии расидан ба ҳадафҳои ба нақша гирфтаи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ мебошад.

Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ
Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ, ки дар маркази  вилоятамон  шуда  гузашт, анҷом  ёфт.  Аз шаҳри Қӯрғонтеппа  дар ин чорабинии  хеле  муҳим 120  нафар  хонандагони фаъол, ғолибони даври дуюм  ширкат варзида, дониши худро  мавриди  имтиҳон  қарор доданд.  Чуноне  аз  суҳбат  бо мудири  кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр Фирӯза  Содиқова  маълумамон гардид, хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳр  дар ин озмун  тавонистаанд,  ки 41  медал  ба  даст оварда, ҳамзамон 13 ҷойҳои  ифтихориро  ноил  гарданд  ва дар маҷмуъ  соҳиби 54  роҳхат ба олимпиадаи фаннӣ, ки дар сатҳи  ҷумҳурӣ мегузарад, шаванд. Соҳиби 19 медали биринҷӣ...

Муаллимаи меҳрубон Ҷамилабону Ризоматова                      
Ӯ занест табиатан ҳалиму хоксор ва хушрафтору озодакор. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор тартибу низомро мепарастад, ҳалолкориро меписандад. Хирадвару маърифатоин аст. Аз омӯхтан, аз талаби илм лаҳзае фориғ нест, ин ҳикмати баргузидааш аст. Дар баробари он ки худ раҳнамою ҳидоятгари ҳамагон аст, машварату маслиҳат бо ҳамкорону дӯстонро ба ҷон меписандат. Дӯст медорад ба такрор ёд овардани ин ҳикматро: «Дар ҳама кор машварат бояд, кори бемашварат наку н-ояд.» 

Вохӯрӣ дар Литсеи хоандгони болаёқат.
Дар литсеи хонандагони болаёқати шаҳр  вохурии навбатии тибқи нақша пешбини шудаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр профессор  Азимов Назир доир гардид. Мазӯи вохуриро пешгирии ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва чиноятсодикунӣ дар бар гирифт. Зимни сӯҳбат профессор Азимов Назир оиди сабаҳои чиноятсодиркунии ноболиғон аз қабили, таъсири манфии оилаҳои бефарҳанг ё нопура, паст будани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб, таъсири калонсолони гузаштаи криминалӣ дошта, таъсири манфии дуруст истифода набурдани воситаҳои ахбори омма, аз чумла шабакаҳои интернетӣ, ба хонандагони ин литсей гуфта гузаштанд. 

Китоб – манбаи дониш
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
«Китоб ҳамчун  шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои  поку  бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани  ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад»
Эмомалӣ Раҳмон

Табиат низ тарбиятгар аст
Шиносоии кӯдакон ба табиат воситаи муҳими тарбия ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар корҳои мураббӣ  дар ин самт дуруст ба роҳ монда шавад, пас  он барои инкшофи шуур, нутқ, ҳамзамон  барои  тайёр кардани кӯдак ба мактаб ёрӣ мерасонад.
Инсон аввалин тасаввуротро доир ба табиат аз хурдсолӣ пайдо менамояд. Шиносоӣ бо табиат яке аз қисмҳои асосии кори педагогӣ буда, дар чараёни он як катор вазифаҳои таълиму тарбия, ки дар барномаи таълим ва тарбия дар боғчаи бачагон дар боби шиносоӣ бо табиат муайян карда шудааст, ҳал карда мешавад...

Тарбия – пешрафти таълим.
Дар ҳар давру замон сатҳу сифати маърифатнокии чомеа қудрату тавонмандии давлатро муайян месозад. Ҳамчунон ки зимин ба гармии офтоб эҳтиёт дорад. Инсон низ ба тарбияи хуб ниёз дорад.
Шоири ширинкаломи форсу тоҷик, устод Саъдии Шерозӣ таъкид менамояд, ки қадру қимати инсон дар илму ҳунари ӯст, на дар аслу насаб, вале илму ҳунар бидуни тарбия ҳосил намешавад ин нуқтаро шоир дар асарҳои ахлоқии хуб – «Бустон» ва «Гулистон» хеле хуб тайр намудааст....
 
Вохӯрии навбати бо ноболиғон.
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Назир Азимов дар толори муасисаи таҳсилоти умумии рақами 9-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он» вохӯрии судманд бо хонандагону омӯзгорон гузаронида шуд. Дар оғози вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Назир Азимов...

Тибқи нақшаи тасдиқкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар давраи таълими зимистона вохӯриҳои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Азимов Назир - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (профессор) бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардида истодааст.

Тарбия – пешрафти таълим.
Дар ҳар давру замон сатҳу сифати маърифатнокии чомеа қудрату тавонмандии давлатро муайян месозад. Ҳамчунон ки зимин ба гармии офтоб эҳтиёт дорад. Инсон низ ба тарбияи хуб ниёз дорад.
Шоири ширинкаломи форсу тоҷик, устод Саъдии Шерозӣ таъкид менамояд, ки қадру қимати инсон дар илму ҳунари ӯст, на дар аслу насаб, вале илму ҳунар бидуни тарбия ҳосил намешавад ин нуқтаро шоир дар асарҳои ахлоқии хуб – «Бустон» ва «Гулистон» хеле хуб тайр намудааст. Саъдӣ дар бобҳои «Дар олами тарбият» ва «Дар таъсири тарбият» таъкид менамояд, ки инсон гавҳари қобилест, ки дар натичаи таълиму тарбия комил мегардад. Ӯ инсони бетарбиятро ба ҳайвон монанд мекунад, вале фарқ дар он аст, ки инсон ба тарбия комил гашта метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба тарбия ва ахлоқи насли наврас таваччуҳи бештаре зоҳир кард...

Оид ба натичаҳои фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016.
Шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва муассисаҳои тобеи он дар  соли 2015  ҳуччати асосии соҳа - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»,  дигар ҳуччатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба соҳаи маориф, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, Раёсати маорифи вилоятро дастури амали худ қарор дода, болобарии сифати таҳсилот, тарбия, мақсаднок истифода бурдани вақти фориғии мактаббачагон, ташкил ва...


Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа       оиди фаъолияти муассиса дар давоми соли 2015.
Аҳли омӯзгорон ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар давоми  соли 2015 як қатор корҳоро дар самти таълиму тарбия ва чорабиниҳои умумии шаҳру вилоят ба сомон расонд. Аз чумла дар давоми соли 2015 15 Шӯрои омӯзгорон дар масъалаҳои зерин гузаронида шуд.
1.    Рафти ичрои банди 1.2-и фармони Вазири маорифи ҶумҳурииТоҷикистон аз 5.04.2006,№292 “Оид ба беҳтар намудани сатҳи дониш ва дарачаи ҷаҳонбинии хонандагон дар асоси супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2005,ки дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф баён гардидаанд” аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар синфҳои 9...

Ҳадаф – тарбияи насли ҷавобгӯи замон
Соли равон барои аҳли маорифи шаҳр низ соли пешравиҳо гардида, дар рафти таълим ва донишазхудкунии хонандагон дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Қурбон Қурбонов андешаҳои худро чунин иброз намуд:
Воқеан ҳам имрӯз таваччуҳи давлат ва Ҳукумат, бахусус Роҳбари давлат ба ин соҳа беандоза калон буда, ин ғамхорӣ мо, маорифчиёнро руҳбаланд месозад ва барои фатҳи қуллаҳои нави мурод ҳидоят менамояд...

Конфренсия дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷуёни кишвар дар тартиботи ҷаъмиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» 
Бо ташабуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бевосита бо дастгирии ҳаматарафаи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа Конфренсия дар мавзӯи «Иштироки чавонон ва донишчуёни кишвар дар тартиботи чаъмиятӣ ва мубориза бар зидди чинояткорӣ»  аз 17 то 19-уми декабри соли чорӣ баргузор гардид. Дар конфренсияи мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии...

Меъёрҳои навишти «У» ва «Ӯ» риоя карда шавад
Дар солҳои 20-30 асри ХХ пас аз баҳсҳои тӯлонӣ атрофи забони меъёр дар пояи талаффузи бархе аз лаҳчаҳо дар «Қоидаҳои имлои забони точикӣ» дар робита ба навишти «ӯ» дар ҳичои баста пеш аз «ҳ» ва аломати сакта (ъ) як қоидаи ғайри таърихӣ муқаррар карда шуд, ки он хилофи меъёри навишти забони классикии форсӣ-точикӣ мебошад. Дар банди б-и § 6 «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии точик» (соли 1972) дар иртибот ба навишти ҳарфи ӯ чунин омадааст: «б) дар ҳичои баста пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати сакта (ъ): анбӯҳ, бӯҳтон, зӯҳра, мӯҳлат, сӯҳбат, шӯҳрат, мӯътабар, мӯътадил, мӯъчиза ва ғ.».
Ҳамчунон ки маълум аст, садоноки «ӯ» дар ин мавқеъи овоӣ ҳам дар вожаҳои форсӣ-точикӣ ва ҳам арабӣ вови мачҳул набуда, балки «у»-и кутоҳ мебошад ва он набояд ба вови мачҳул ё «ӯ» дарози таърихӣ омехта карда шавад...

Мафҳум ва хусусиятҳои ҷавобгарии гражданӣ
Инсоният, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олии чомеа ва давлат ба ҳисоб мераванд. Ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон чудонопазир аст ва аз лаҳзаи таваллуд ба ҳар кас тааллуқ дорад. Ҳифзи ҳуқуқи инсонҳо вазифаи ҳамачонибаи давлат аст. Кафолати ҳифзи онҳоро давлат танҳо бо чавобгарии муайян таъмин мекунад. Ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии гайримолумулкӣ ба чавобгарон мучозоти ҳуқуқии аз чониби давлат татбиқшаванда гузошта мешавад. Мучозотҳо дар шаклҳои гуногун ифода мешаванд, аз чумла пул, амвол ва ғайра. Бинобар ҳамин чавобгариро як навъ ифодаи адолати ичтимоӣ арзёбӣ намудаанд, ки ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда, чуброни зарарро кафолат медиҳад...

Оид ба иҷроиши «Барномаи кор бо ноболиғон  дар Ҷумӽурии Тоҷикистон барои солӽои 2010-2015»  
Оид ба иҷроиши «Барномаи кор бо ноболиғон  дар Ҷумӽурии Тоҷикистон барои солӽои 2010-2015» дар соли 2015 дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумим№4
Муассисаи таълимии №4-и шаӽри Ⱪӯрғонтеппа ба маълумоти шумо мерасонад,ки дар муассисаи таълимии №4-и шаӽр 1266    _нафар хонандагон ба таӽсил фаро гирифта шудаанд.Дар соли хониши 2014-2015 барои иҷроиши «Барномаи кор бо ноболиғон дар ҶумӽуриТоҷикистон барои солӽои 2010-2015» мувофиқи нақша як қатор чорабиниӽоро гузаронд...

Фарзанд меваи умри одамизод 
Олимони равоншинос бар он назаранд, ки тарбияи дурусти фарзанд аз раҳми модар шурӯъ мегардад. Волотарин  ва роҳаттарин мақом  барои тифл ин раҳми модар аст, агар модар дар муҳити солим ва осуда бошад. Яке аз вазифаҳои муқаддаси модар ин аст, ки бояд барои тавлиди тифли солим ҳамеша талош намояд. Ин орзуву ормони падару модар дар сурате амалӣ мегардад, ки худи онҳо тани солим ва одобу рафтори шоиста дошта бошанд. Дар робита ба ин, бо иқдоми муҳим ва пешниҳоди муфиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҳамчун «Соли оила» эълон гардид...

Худшиносӣ дар маснад
Дар бахши худшиносӣ-худогоҳӣ тавассути барномаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ бисёр гӯшзад мешавад, ки яке аз амалҳои қоимии вичдон ин пайдо кардани худ аст. Худро аз миёни саддҳои монеъагузор вораҳондан, баровардан аз инҳисор. Худшиносӣ то ҳадде аҳамият дошта, ки ҳатто мутакаллимон, муфассирон ва орифони чаҳони маънавии Шарқ чойгоҳи хоссае онро бахшидаанд. Ҳамин аст, ки  Ҳаким Саноӣ таъкид медорад: «…ба худ нигаристам ва чизе пайдо накардам,чаҳд ба сӯи шинохти хеш кардам».  Дарёфти хеш дар ботин корест мушкил, ки ҳар кас имкони ин комёбӣ надорад. Тарҳи  аслии худшиносиро Имом Ғаззолӣ барҳақ таҳқиқ ва баён кардааст:  « Пас  туро  ҳақиқати  худ  талаб  бояд  кард: ба чӣ кор омадаӣ ва саодати ту чист»...

Волидон барои хондани фарзандон монеъ мешаванд?
Имрӯзҳо шукрона аз соҳибистиқлолии миллату давлат Тоҷикистони азиз мекунем, ки дар сарзаминамон тинҷиву осудагӣ ҳукмфармо аст. Аз ин лиҳоз пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару хубтар шудани илмомӯзии хонандагон тамоми шароитро муҳайё намудааст, то писару духтарон хонанд, соҳиби касбе шаванду дар оянда ба падару модар ва ба меҳани хеш хидмати содиқона намоянд.
Аммо  баъзе волидон ба қадри дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумати кишвар нарасида, барои дониш андӯхтани фарзандон монеъ мешаванд....

Маълумотнома оид ба рафти ичроиши чорабиниҳои
 тарбиявӣ ва таълимӣ дар нуҳмоҳи соли  2015.
Маъмурияти литсей – интернати физикӣ – математикии «Ориёно» - ишаҳри Қӯрғонтеппа ба  маълумоти Шумо мерасонад, ки   аз 1 январи то 1 феврали  соли 2015 дар литсей чун дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таътили зимистона  эълон карда шуд.   Дар  вақти таътил муаллимон ва хонандагон  аз рӯи чадвали тасдиқкардашуда  маҳфилҳо гузарониданд. Махсусан фаъолияти маҳфилҳои «Информатики чавон», «Химикони наврас», «Забоншинос», «Ҳуқуқшинос» ва «Русская речь» боиси қайд буд.
Дар литсей озмуни  «Китобхони беҳтарин» эълон карда шуд.

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон.
Таҳти ҳамин унвон дар МТМУ №13- и шаҳр конференсияи хонандагону омӯзгорон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ баргузор гардид.
Дар он омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ Рамазон Тӯрахонов ва директори мактаб Илҳом Илёсов суханронӣ карда, моҳияти Парчами миллиро бо мисолҳои мушаххас баён карданд...




Оид   ба    фаъолияти   литсейи   давлатии  №1-и  шаҳри  Қӯрғонтеппа   дар   даҳ   моҳи  соли  2015.
Маъмурияти  литсей        дар  ҳамкорӣ  бо  чомеаи   омӯзгорон   дар  давоми       соли  2015 фаъолияти  худро  дар  асоси  қонунҳои   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дастуру  супоришҳои   Президенти   Ҷумҳурии    Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон,  Вазорати  маориф  ва  илми Чумҳурии  Точикистон,  Раёсати  маорифи  вилоят,  мақомоти  ичроияи  ҳокимияти   давлатии  шаҳри  Ӄӯрғонтеппа,    нақшаи   кори    шуъбаи   маорифи  шаҳр,  литсей  ва  дигар   санадҳои  меъёрию  ҳуқуқии   соҳаи  маориф,  инчунин...


Озмуни ҳуқуқшиноси ҷавон.
Бо ташаббуси бахши ҷавон ва шуъбаи маориф озмуни «Ҳуқуқшиносони ҷавон» байни хонандагони синфҳои болоии макотиби шаҳр доир гардид, ки дар 51 нафар толибилм иштирок доштанд. Дар ин озмун дастаи литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» пирӯз омада... 




Оид ба фаъолияти кӯдакистони  №18 «Лола»-и шаҳри Қӯрғонтеппа
 Кӯдакистони  №18- «Лола»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (Қонунҳои мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва  ичтимоии  соҳаи таълиму тарбияи томактабиро дар Чумҳурии Точикистон муқаррар менамоянд), Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Оинномаи муасисаро сармашқи фаъолияти кории худ қарор дода, то ин муддат дар таълим ва тарбияи кӯдакони муасиса  як қатор корҳоро ба сомон расонид....



Коллеҷи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав   
Коллечи омӯзгории ДДҚ ба номи Носири Хусрав муассисаи давлатии таълимӣ буда, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Коллечи омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои  омӯзгории  Душанбе,  Хучанд,  Қӯрғонтеппа,  Кӯлоб»  аз 1-июли соли 1999 таҳти рақами 262 амал мекунад








  
Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14
Маъмурият ва кормандони омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар нуҳ моҳи соли 2015 ичрои сифатноки қарор, амр, фармоишҳои соҳавиро  таъмин намуда, чиҳати...







Дар бораи чорабиниҳои  гузаронидашуда дар  муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Қӯрғонтеппадар соли таҳсили 2015-2016








Оиди фаъолияти кӯдакистони № 17  «ГУЛҒУНЧА дар  соли 2015
Маъмурият ва коллективи педагогии кӯдакистони № 17 -и шаҳри  Қӯрғонтеппа  фаъолияти  хешро дар асоси дастуру супоришҳои  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон...

Пойдевори устувори давлат оила аст. 
Пойдевори устувори давлат оила аст.  Онро ячейкаи ибтидоии чомеа номида, солимии чомеаро ба солимии оила алоқаманд мешуморанд. Ин андеша устувору солим буда, дар таърихи халқи точик оила ҳамеша мавқеи муҳим дошт. Ба ин ишора карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди точик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст...

Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб, К-аз каломи тарбият одам шавад.
Тарбия асоситарин фаъолиятест дар ташаккулёбии шахсият. Ин кори муҳим ба зимаи волидон ва омӯзгорону мураббиён вогузошта шудааст. Барои хушрафтору хушгуфтор ва бофарҳанг ба воя расидани кӯдак тарбияи дурусту маќсаднок зарур аст, зеро фарзандро дар кадом руҳия тарбия намоӣ, ҳамон хел ба воя мерасад. Тарбияи дурусту маќсаднокро танҳо омӯзгор ва падару модарони бомаърифат ба роҳ монда метавонанд, зеро онҳо аз нозукиҳову асрори тарбия бархурдоранд. Манбаи асосӣ дар ташкили тарбияи маќсаднок омӯзонидани осори гаронбаҳои гузаштагонамон ба ҳисоб меравад.
Ниёгони мо вобаста ба тамоми паҳлуҳои тарбия худ осори гаронбаҳое боќӣ гузоштаанд. Яке аз ситорагони дурахшони осмони адабиёти форсу точик, устоди адаб Саъдии Шерозӣ устоди ахлоќ, тарбиятгари маънавии ҳазорон ҳазор наслҳои инсонист...

Фарзанди хуб-боғи падар
Инсон бо умеде ниҳол парвариш мекунад, ки дар ҷавоб ба заҳмати кашидааш қадрдонӣ бубинад. Он дарахте, ки ба мурод шинонидааст, аз серборӣ ба ӯ сари таъзим фуруд орад.
Дар ҳақиқат инсон бо азобу машаққати зиёде фарзанд ба дунё меорад, ӯро хӯрондаю пӯшонида ба воя мерасонад...

Хусусиятҳои тухмипарварии зироати пахта ва роҳҳои амалӣ намудани он дар вилояти Хатлон.
Кормандони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон дар солҳои охир мутобиқи банду фаслҳои  «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014»...

Обёрии қатрагӣ ва кишти зери пленкаи пахта
Кормандони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлонфаъолияти худро дар асоси Низомнома, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд...

Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии №9-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Муассисаи таҳсилоти томактабии №9 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибки Оиннома, Низомнома ва накшаи кории худ фаъолият намуда, то ин муддат як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.  Дар соли таҳсили чорӣ  290 нафар кудакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 20 нафар кормандон  вобаст карда шудаанд. Дар кӯдакистон кӯдакон ба шаш гурӯҳи синну соли (аз 1,5 то 2 сола,  аз 3 то 4 сола, аз 4 то 5 сола, ду гурӯҳ аз 5 то 6 сола ва аз 6 то 7 сола) тақсим карда шудаанд...

Фаъолияти маъмурият ва коллективи омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15
Соҳаи  маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун  яке  аз  соҳаҳои  арзишманд,  афзалиятнок  ва  сарнавиштсози чомеа   дониста  шудааст ва муассисаи таълимӣ ҳамчун муҳимтарин институти ичтимоии ин соҳа, дар ҳама давру замон ҳолат ва рушди чомеаро муайян месохт ва ба он таъсир мерасонад.Маъмурият, коллективи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №15 низ дар соли хониши 2014-2015 фаъолияти...

Маъмурияти    литсейи   давлатии   №1  иттилоъ  медиҳад,   ки  дар  бадали  ҳашт   моҳи   соли  равон   баҳри    супоришҳои  Президенти   кишвар  Ҷаноби   Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон   талаботи  Қонуни  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  «Дар  бораи   маориф»  фаъолияти  худро  ба  роҳ  монда,  баҳри   ба  амал  татбиқ  намудани  сиёсати   давлат  дар соҳаи  маориф,  рушди   соҳа,  компютеркунонии     таълим,  такмили   таълими   забонҳои  русӣ  ва  англисӣ  корҳои  зиёдеро   ба  анҷом  расонида,  дар  пеш  нақшаҳои   зиёди   ба  рушди   бемайлони   соҳаи   маориф     мусоидаткунанда  дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Нурулло Шарифови ш. Қӯрғонтеппа
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Нурулло Шарифови ш. Қӯрғонтеппа аз рӯи масълаҳои зерин:
- «Дар бораи кансепсияҳо»
- « Кор бо ноболиғон»
- «Маҳфилҳо»
- «Рушди забон»
- «Масълулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»
- «Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ»
- «Танзим анана ва ҷашну  маросимҳо»,корҳои зайлро ба сомон расонидаанд:...

Дар бораи муассисаи Таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи Анварбек Ҳамидови ш. Қӯрғонтеппа.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи Анварбек Ҳамидови ш. Қӯрғонтеппа соли 1968 бо иқтидори лоиҳавӣ барои 940 хонанда ва соли 1974 бинои иловагӣ барои 650 хонанда сохта шудааст.Мактаб дорои 4 бинои таълимӣ буда, дар он 70 синфхона, аз чумла 12 синфхонаи ёрирасон (барои зергурӯҳҳо), толори мачлисҳо, толори варзишӣ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ мавчуд аст.Дар муассиса 104 нафар омӯзгорон барои 2807 нафар хонанда дар ду баст дарс мегузаранд, ки 89 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз зумраи омӯзгорон 91 нафар дорои маълумоти олӣ, 8 нафар дорои...

Фаъолияти маъмурият ва коллективи омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15
Соҳаи  маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун  яке  аз  соҳаҳои  арзишманд,  афзалиятнок  ва  сарнавиштсози чомеа   дониста  шудааст ва муассисаи таълимӣ ҳамчун муҳимтарин институти ичтимоии ин соҳа, дар ҳама давру замон ҳолат ва рушди чомеаро муайян месохт ва ба он таъсир мерасонад...

Дар  бораи   фаъолияти   литсейи  давлатии  рақами 1-и   шаҳри Қӯрғонтеппа.
                Маъмурияти    литсейи   давлатии   №1  иттилоъ  медиҳад,   ки  дар  бадали  ҳашт   моҳи   соли  равон   баҳри    супоришҳои  Президенти   кишвар  Ҷаноби   Олӣ  Эмомалӣ   Раҳмон   талаботи  Қонуни  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  «Дар  бораи   маориф»  фаъолияти   худро  ба  роҳ  монда,  баҳри   ба  амал  татбиқ  намудани  сиёсати   давлат  дар соҳаи  маориф,  рушди   соҳа,  компютеркунонии     таълим,  такмили   таълими   забонҳои  русӣ  ва  англисӣ  корҳои  зиёдеро   ба  анҷом  расонида,  дар  пеш  нақшаҳои   зиёди   ба  рушди   бемайлони   соҳаи   маориф     мусоидаткунанда  дорад...

Мактаби бачагонаи санъати  шаҳри Қӯрғонтеппа.
Мактаби бачагонаи  санъати шаҳри Қӯрғонтеппа  ягона мактаби   бачагонаи санъати  шаҳр буда, аз 15 шӯъба иборат аст.       
Дар мактаб 47  нафар омӯзгорон кор ва фаъолият карда машғулиятҳо аз рӯи соатҳои ҷадвали дарсӣ гузаронида мешаванд...

Соҳаи арзишманд
Маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар такя ба шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ичрои супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониши шогирдон, татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, рушди соҳа компютеркунонии таълим ва такмили таълими забонҳои русӣ  ва англисӣ  корҳои зиёдеро ба анчом расониданд....

Оиди фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 шаҳри Қурғонтеппа дар  шаш моҳи аввали  соли 2015
Маъмурияти МТМУ №14 ш.Қӯрғонтеппа ва кормандони педагогии муассиса ба маълумоти  Шумо мерасонад, ки таи  шаш моҳи сипаришуда дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии ҳокимияти маҳаллии шаҳри Қӯрғонтеппа  як қатор  корҳо дар раванди  таълиму тарбияи насли наврас ба анчом  расониданд ва  бо ин васила дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии мамлакат иштирок намуда, чонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ намуданд...

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳр, дар марказҳои компютерӣ рейди муштарак гузаронид. Дар натичаи гузаронидани амалиёти мазкур  наврасонеро, ки ба ҳар гуна бозиҳои фаҳшу зӯроварӣ машғул буданд, дастгир карданд.  Наврасон барои худро раҳонидан, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш меоварданд.   Гӯё ки  барои дарёфти рафиқаш омада бошанд, ё модараш равон кардааст, то рафта бародарашро аз маркази компютерӣ биёрад ва амсоли инҳо. 
Дилшод Шодиев, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, оиди мақсади гузаронидани амалиёти мазкур  чунин андешаронӣ кард:

Доир ба фаъолияти Литсейи касбии  техникии  шаҳри   Қӯрғонтеппа дар  нимсолаи аввали соли 2015
Банақшагирӣ ва чараёни таълим
Дар давраи ҳисоботӣ  муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Оиннома,  Низомнома, Нақшаи кории  Шурои мӯҳандисӣ – омӯзгорӣ, Нақшаи кории литсей, инчунин фармону дастур ва супоришҳои Вазорати меҳнат муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарорҳо ва амру фармонҳои мақомотҳои ичроияи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа   ба роҳ монда,  корҳои назаррасеро ба анчом расонид...




 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню