Протоколи Ҳукумат - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Протоколи Ҳукумат

Дар толори мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси шаҳр, муовини якум, муовинон,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар намудани вазъи корҳои ободони дар шаҳр, муҳокима  ва   баррасии  супоришҳои додашуда  ва дигар масъалаҳои  рӯзмара  06 07 2015 мачлис барпо гардид.
         Маҷлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло оғоз бахшида сараввал оид ба тағйироти кадрӣ суханронӣ намуданд. Аз чумла қайд кардашуд, ки Носиров Саидбек Абдуллоевич – раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Қӯрғонтеппа аз 3 июли соли 2015 бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шуд.  Ба маълумоти фаъолони шаҳр расониданд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 июли соли 2015 ба мансаби мовини якуми раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъин гардид. Раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар давоми суханрониашон қайд намуданд, ки то таъин гардидани Раиси кумитаи идораи замини шаҳр Самадов Эмомалӣ – сармутахасиси Кумитаи идораи замини шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси ичрокунанда фаъолият намоянд.
                Дар давоми мачлис раиси шаҳр Амирулло Асадулло суханрони намуда қайд намуданд, ки рӯзи 9 июли соли 2015 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чамъбасти натичаҳои соҳаҳои хочагии халқи шаҳр дар нимсолаи якуми соли чорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Бинобар ин ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр супориш дода шавад, ки таъмини тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, шӯъбаю бахшҳо, эмомхатибони масчидҳои панчвақтаю чомеа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори оммаро дар чараёни мачлис таъмин намоянд.
      Инчунин ҳамаи фаъолони шаҳр вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади омодагӣ ба мачлиси чамъбастӣ ҳисоботу таҳлилҳои худро ба шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳр пешниҳод намоянд.
         Дар асоси барқияи телефонии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 10 июли соли 2015 чамъбасти тараққиёти иқтисодию ичтимоии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли чорӣ дар “Кохи Лоҳитӣ” - и шаҳри Қӯғонтеппа баргузор мегардад. Бинобар ин ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. ва сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунии шаҳр Миралишоҳи С. супориш дода шавад, ки оиди тозагии гирду атроф ва таъмини мизу курсиҳо дар толори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.
          Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давоми ду се рӯзи охир ҳаво ниҳоят гарм шуда истодааст. Тибқи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр чунин гармии ҳаво то санаи 9- 10 июл давом хоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз (бори дигар) ба  директори Маркази ёрии таъчилии шаҳр Ғуломов Ҳ. супориш дода шавад, ки бинобар сабаби гармии ҳаво ва инчунин дар моҳи Шарифи Рамазон бо мақсади расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, марказ доимо дар ҳолати омодагӣ  қарор дошта бошад.
         Ҳамзамон муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва сохтори госпиталии шаҳр вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти навбатдории шабонарӯзиро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. 
         Раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар давоми суханрониашон нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуда барои ичрои саривақтии дастур ва супоришҳо ба муовинон ва масъулини соҳаҳо ичрои супоришҳои додашударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намуда, бо назардошти он мачлис
 
ҚАРОР МЕКУНАД:
 
1. Ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. роҳбарони Нозироти андоз - Абдуллоев Ф., Раёсати молия - Зарипов У., мудири шӯъбаи омор – Хонбоев Ш. супориш дода шаванд, ки баъди пешниҳоди ҳисоботҳои аниқи соҳаҳои хочагии халқи шаҳри Қӯрғонтеппа вобаста ба масъалаи кам кардани истеҳсолот, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои бучетӣ, насупоридани андозҳо ва дигар масъалаҳои рӯзмаъра чораҳо андешида, оид ба корҳои ба анчом расонида, ба унвони раиси шаҳр мунтазам ахборотҳо пешниҳод намоянд.
2. Сардори нозироти андози шаҳр Абдуллоев Ф. вазифадор карда шавад, ки назоратро аз болои таъмини мағозаю марказҳои хизматрасонии шаҳр бо мошинаҳои назоратии хазинавӣ, баҳри бозҳам беҳтар намудани чамъоварии андозҳо, ба роҳ монда шавад. Инчунин дар муҳлати 3 рӯз рӯйхати ҳамаи андозсупорандагони шаҳри Қӯрғонтеппаро ба унвони раиси шаҳр пешниҳод намоянд.
Дар ин замина ба директори телевизиони мустақими Қӯрғонтеппа Камолов У. ва сармуҳаррири рӯзномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” Туйчиев У. супориш дода шавад, ки оид ба масъалаи мазкур барномаҳои махсус чиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, вобаста ба талаб намудани чиптаҳо ҳангоми харидорӣ намудани маводҳои лозимӣ аз нуқтаҳои хизматрасонӣ, чораҳои заруриро ба амал бароранд.
3. Ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. супориш дода шавад, ки назоратро аз болои фаъолияти тамоми соҳаҳои хочагии халқи шаҳр пурзур намуда, дар якчоягӣ бо муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагии мачлиси чамъбастии тараққиёти иқтисодию ичтимоии хочагии халқи шаҳр дар шаш моҳи соли 2015 тамоми чораҳои заруриро андешида, ҳисоботҳо тибқи мӯҳлатҳо пешниҳод карда шаванд.
  4. Ба сардори Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳр Дустов М. супориш дода шавад, ки бо мақсади саривақт бо об таъмин намудани дарахтон, гулҳо ва газонҳои шинонидашуда, бинобар сабаби гармии зиёди ҳаво ҳамарӯза зери назорати қатъии худ қарор диҳад.  
5. Ба сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунии шаҳр Миралишоҳи С. супориш дода шавад, ки то баргузории Иди Рамазон шиору навиштачотҳоро дар чойҳои намоён овезон намоянд. Инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои раиси шаҳр оиди насбу шиору овезаҳо дар даромадгоҳҳои шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
           6. Ба сардори Корхонаи давлатии фаръии истеҳсолии таъмиру истифодабарии манзилгоҳҳои шаҳр Холов С. супориш дода шавад, ки бо мақсади тоза намудани гирду атрофи хонаҳои баландошёна аз алафҳои бегонаи хушкшуда, ки ҳусни шаҳрро коста мегардонанд, чораҳои амали андешида ва инчунин оид ба безараргардонии тагхонаҳо, чораҳои қатъӣ андешанд.
        7. Ба директори Корхонаи фаръии давлатии хочагии коммуналии шаҳр Мусоев А. дастур дода шавад, ки барои саривақт кашонидани паспартовҳои шаҳр, аз чумла аз байни хонаҳои баландошёна, чораҳои дахлдор андешад.
          Ҳамзамон бинобар сабаби оғоз гардидани роҳи зеризамини дар назди бозори “Фаровони Қӯрғонтеппа” чангу хок тавассути ҳаракати мошинҳо бисёр гардидааст. Бинобар ин барои ҳаррӯза оиди бо об шустани роҳи кӯчаи Б.Ғафуров чораандешӣ карда шавад.
         8. Муовини раиси шаҳр Қосимов Т. Ҳ. ва директори Корхонаи давлатии фаръии хочагии коммуналии шаҳр Мусоев А.  вазифадор карда шаванд, ки бинобар сабаби зиёд шудани сагҳои дайду, хусусан дар назди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, масчидҳо, нуқтаҳои паспартовҳо ва дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавӣ барои безарар гардонидани онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
      9. Ба сардори Корхонаи фаръии давлатии обу канализатсияи шаҳр Раҳимов Назаралӣ супориш дода шавад, ки бинобар сабаби зиёд будани ҳарорати гармии ҳаво оиди саривақт бо об таъмин намудани сокинон диқатти зарурӣ дода, руйхати тамоми нуқтаҳои шустушуи мошинҳо  (автомойка) бо тариқи хаттӣ ба мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод карда шавад.
         10. Ба муовини раиси шаҳр Аминзода Т. Ҳ. ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Сабзаев М. бори дигар супориш дода шавад, ки  бинобар сабаби зиёд гардидани ҳарорати  ҳаво, ки ба вайроншавии маҳсулотҳои истеъмолӣ сабаб мегардад, аз чумла гушти мурғ, тухм, помидор, консерваҳо, обҳои ташнашикан, шир, чакаю чурғот, маҳсулотҳои қаннодӣ ва ғайраҳо, дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳо зери назорати қатъии худ қарор диҳанд. 
         Ҳамзамон такроран ба муовини раиси шаҳр Аминзода Т. Ҳ. супориш дода шавад, ки бинобар сабаби фаро расидани Иди “Рамазон” дар ҳамкорӣ бо маъмуриятҳои бозорҳои шаҳр оиди болоравии беасоси нарху наво, ҳамарӯза таҳлилҳо гузаронида, кӯшиш ба харч дода шавад, ки нархҳои маҳсулотҳои истеҳсолшаванда ва парваришшудаи ватанӣ мардум харида тавонанд.
        Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои бучетӣ дар ҳамкорӣ бо хочагиҳои деҳқонӣ ва маъмурияти бозорҳо дар ҳафтаи охири моҳи “Шарифи Рамазон” барои ташкили ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ғизоӣ дида баромда шавад. Ин иқдом як кори хайру савоб аст.  
         11. Ба сардухтури идораи Бойтории шаҳр Умаров З. супориш дода шавад, ки назоратро аз болои маҳсулотҳои ширӣ пурзур намуда, барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти вайроншуда ва муҳлати истифодаашон гузашта, тадбирҳои судманд андешанд.
         12. Ба мудири бахши кишоварзии шаҳр Каримов Ю. супориш дода шавад, ки оиди кишти такрорӣ ба хочагиҳои деҳқонии Исмоил, Сорбон, Нуриддин, Муроди Боқи, ки ба кашолкори роҳ дода истодаанд, чораҳои мушаххас андешида шаванд.
       - Дар баробари ин назоратро аз болои фаъолияти хочагиҳои деҳқонии шаҳр пурзур намуда, хочагиҳои деҳқонӣ, ки заминҳои корами обиро самаранок истифода намебаранд, чораҳои қатъӣ, то аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан андешида шавад.
      - Ҳамзамон бинобар сабаби гармии зиёди ҳаво оиди талаф нагардидани маҳсулотҳои хочагии халқи шаҳр тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. 
         13. Ба муовини раиси шаҳр Қосимова С. супориш дода шавад, ки вобаста ба гармии ҳаво ҳолати фаъолияти тамоми кӯдакистонҳои шаҳрро дида барояд. Чунки аз сабаби зиёд будани гармии ҳаво оиди вайроншавии хӯрокҳо ва бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ҳамарӯза назорат аз болои ин соҳа  чиддӣ ба роҳ монда шавад.  
        14. Ба котиби матбуотии раиси шаҳр Бобохонов Қ. супориш дода шавад, ки аз рафти корҳои созандагию ободонӣ, таъмири роҳҳо ва роҳравҳои кӯчаҳо, равшаннавоии кӯчаю хиёбонҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба тариқи сайти мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар воситаҳои ахбори умум маълумотҳо пешниҳод намоянд.
15. Ба мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Меҳронов М. супориш дода шавад, ки нақшаи иштироки намояндагони мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ки дар рӯзи баргузории Иди “Рамазон” дар масчидҳои чомеъаи шаҳр иштирок менамоянд, барои тасдиқ пешниҳод намоянд.
16. Ба мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Ашурова А. супориш дода шавад, ки бо мақсади дар сатҳи зарури баргузории санчишҳҳои қабули довталабон ба макотиби олии кишвар, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавчуда самаранок истифода намуда, оиди бо қувваи барқ таъмин будани нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, таъмини ҳамшираҳои шавқат, шароит барои иникоси рафти имтиҳонсупорӣ ба волидайни довталабон чораҳои дахлдор андешида шаванд.
17. Ба диққати муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳо расонида шавад, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва раиси вилояти Хатлон оиди расонидани кӯмак ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, иштирокчиёни ЧБВ ва ақибгоҳ дар доираи шароит дар арафаи Иди “Рамазон”, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.      
 Муовини раиси шаҳр Қосимова С. вазифадор карда шавад, ки нисбати рафти ичрои супориши мазкур маълумотҳои кӯмаку хайрияҳоро чамъоварӣ намуда, барои омода намудани ҳисобот ба вилоят чораҳои зарури  андешида шавад.  
        18. Диққати муовинон, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои шаҳр ба он равона карда шавад, ки бо мақсади таъмини ичрои саривақтии супоришҳои имрӯзаи раиси шаҳр чораҳои қатъӣ андешида, то охири ҳафта аз натичаи корҳои ичрошуда, бо тариқи хаттӣ ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ахборотҳо пешниҳод намоянд. 
      19. Назорати ичрои дастуру супоришҳо ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузошта шавад.
 
                Мурратиб                                                    Қ. Қурбонов    
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню