ФАРОТАР АЗ ОСМОН - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ФАРОТАР АЗ ОСМОН

Нардбони осмон аст ин калом,
Ҳар ки з-ин дар меравад ояд ба бом.
Не ба боми чарх, к-у аҳзар бувад,
Бал ба боме, к-аз фалак бартар бувад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 таккони бузурге ба адабиёт ворид кардааст. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд.
Номаш Мухаммад, лақабаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шуҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф ва соҳибони ҳол буданд. Мавлуди шоирро ба соли 1207 мелодӣ муқаррар кардаанд ва вафоти шоирро ба соли 1274 медонанд.
 Падари Ҷалолиддини Румӣ аслан аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ дар синни хурдсоли бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия рафта, дар қуния иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ Султон Валад дар Қуния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст оварда, ба дарсдиҳии толибилмон шуруъ кард. Вале дар соли 1224 бо таъсири мулоқоти дарвеши покдил ва орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифагони худ вогузор карда, худ гӯшанишин гардид.
Таъсири Шамси Табрезӣ ва эъҷози каломи ӯ буд, ки Мавлоноро забони сухани мавзун боз шуд ва мегӯянд, ки то вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шеъру шоири сарукоре надошт. Вале саранҷом, вақте ки Шамс рӯ ба гумноми ниҳод, оташи дили Мавлоно пурсӯзтар ва фурӯзонтар бар каломаш пайваст ва намоишгари шӯридагиҳои вай шуд.
 Вуҷуди Шамси Табрезӣ мисоли барқе буд, ки осмони андешаҳои Мавлоноро рӯшан кард ва боз ба торикӣ пайваст. Дасти њунарманди Мавлоно аз ин рӯшани чароғи хешро чунон афрӯхт, ки чаҳонеро абадан рӯшан сохт ва осораш то ҳанўз боқист. Девони кабир ё куллиёти Шамси Табрезӣ осори ҳамон ишқи ҷонсӯз ва созандаест, ки аз таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно ҳосил гаштааст.
Ҷалолиддини Румӣ яке аз бузургтарин олимон ва шоирони мутасаввиф аст. Осори бегазанди ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфиро дар бар гирифтааст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба дараҷаи баланди такомул пеш бурд.
 Эҷодиёти Румӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки шоир ба мақсади оммафаҳм гардидани осорҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснави тамсилро истифода менамояд.
 «Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. Аз оғоз то анҷоми маснавӣ, ҳам ҳикмат, ҳам образҳои бадеӣ ба ҳамдигар иртибот дошта, дар маҷмуъ як кохи бузурги маърифатро таҷассум мекунад. 18 байти аввали маснавӣ, ки бо номи «Найнома» шӯҳрат дорад, оғози зебоест, ки бо афкори амиқи ирфони мустанад шуда, хонандаро ба сӯи Маснавӣ ҷалб мекунад:
 Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
 Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
 Дар мавриди ин абёт миёни шореҳони адабӣ баҳси доманадоре сурат гирифтааст.
 Воқеан ҳам дар ин абёт инсон ба най ташбеҳ дода шудааст ва нахустин шабоҳат миёни инсон ва най нолаи ҷудоӣ аз асл мебошад. Агар най аз ҷиҳати ҷудои аз асли хеш, яъне найистон нола кунад, пас инсон аз ҷиҳати ҷудоӣ аз асли хеш, ки дар қаламрави шуои илоҳӣ мебошад, нола мекунад.
Ҷалолиддини Балхӣ дар сароидани ғазал низ беназир буда, девони Кабир ё Шамси Табрезӣ намунаи олии ғазалиёти ӯ маҳсуб мегардад. Мавлавӣ пайрави ақидаҳои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод баъди марги ӯ девоне иншо кард, бо номи девони Кабир ё худ девони Шамси Табрезӣ. Дар сарчашмаҳо ин девонро куллиёти Шамси Табрезӣ низ ном мебаранд. Куллиёти Шамс аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат буда, ғазал ва қасида бештар аз 50 ҳазор байт ва рубои бештар аз 1600 ададро ташкил медиҳад.
 

7.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню