Ҷамъбасти озмуни «Забон –Пайванди ҷон» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷамъбасти озмуни «Забон –Пайванди ҷон»

Дар толори кохи «Лоҳути» - и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлати озмуни «Забон –Пайванди чон» чамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки 1-мох калб  мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Шуъбаи  қурғонтеппагии Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон бахшида ба тачлили «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни аҳли адаб ва ровиёни хушсадо озмун эълон намуда буд. Ба озмун нигоштаҳое пешниҳод шуда буданд, ки аҳамияти чаҳоншумули забони точикиро ифода карда, дорои мазмунҳои баланди ватанпарастиву худшиноси, фарогири сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дӯстии сокинони кишвар ва дастовардҳои Ваҳдату Истиқлолият буданд. Хоҳишмандон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа озодона тавонистанд дар ин озмун иштирок варзанд ва маҳорати худро нишон диҳанд. Дар озмун се чой барои ровиён, се чой барои назмнависон ва се чой барои насрнависон муайян шуда буд, ки голибон аз тарафи Раиси шахр мухтарам Амирулло Асадулло бо мукофотхои пули сарфароз гардонида шуданд. Аъзоёни хакамонро узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тахти рохбари Раиси шахр мухтарам Амирулло Асадулло, ки аъзои ин иттифок мебошад, ташкил дод. Ҳамчунин аз чониби раиси шаҳри Қӯрғонтеппа шоҳчоиза эълон шуда буд, ки он ҳангоми чаъмбасти озмун бо ичрои шарти муайян ба ғолиб бояд тӯҳфа карда мешуд. Бинобар ичро нагардидани шарт шохчоизаро нафаре аз иштирокчиёни озмун голиби карда натавонист. Озмун аз тарафи кули адибон, нависандагон, шоирони шинохтаи чумхури ба хушнуди пазируфта шуд ва хамаи иштирокчиёни он ба барпокунандаи он  Раиси шахр мухтарам Амирулло Асадулло изхори минатдори намуданд. Минбаъд ба хотири гиромидошту густариши забони давлати ва бархурдор шудан аз фарханги гании миллатамон  баргузорихои чунин чорабинихо  боз ба накша гирифта хоханд шуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

7.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню