Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ

Таҳти роҳбарии сармуҳарири рузномаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа У. Тучиев дар толори китобхонаи марказии шахр бо иштироки омузгорони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва омузгорону хонандагони муассисаҳои таълими бахшида ба Рузи Забони давлати конфренсияи илми адаби дар мавзуи «Умри миллат аз умри забон вобастааст» доир карда шуд. У. Тучиев оиди ахамияти забон ҳамчун рукни асоси ва мукадасоти хар як миллати сайёра сухан ронда, ҳамзамон оиди хизматхои шоистаи мутафакирони форсу точик дар беолоиш нигох доштану такмил бахшидани забони точики изхори акида намуданд. Профессор Ҳасани Муродиён дар навбати худ оиди макоми забони точики дар арсаи байналмилали ва зарурату роҳҳои пурмашакти кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати» ба иштирокчиёни конфронс фахмондадихи намуданд. Дар фароварди конфронс хонандагон порчахои шеъриро дар мавзуи забон қироат намуданд. Дар ҳақиқат хар як миллат ва халкият фарханги миллии ба худ хос дорад. Дар навбати аввал нишонаи фарҳанг ин забон аст ва забони хар як миллат ва халкият ифодагари фарҳанги уст. Ҳадаф аз баргузори чунин конфронсҳо ва таҷлили Иди забон ин асосан нигоҳ доштани покизаги ва асолати забон, густаришу инкишофи он ва баланд бардоштани сатху мақоми он мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

7.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню