Ҷамъбастии нуҳмоҳаи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷамъбастии нуҳмоҳаи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар толори макомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тахти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло ва бо иштироки муовини Раиси вилоят – Р. Рачабзода ҷамъбастии нуҳмоҳаи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид. Ҷамъбстиро Раиси шаҳр муҳтрам Амирулло Асадулоло бо сухани ифтиои ҳусни огоз бахшид ва баъдан аз руи натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа дар нуҳ моҳи соли ҷори мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа – А. Шоев баромади муфассал намуд. Дар маҷмуъ мақомоти ичроияи махаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якҷояги бо коллективҳои меҳнатии шаҳр бо азму иродаи қави супориш ва дастурхҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам – Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбари гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди барои соли 2016, дар шаҳр аксар соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои арзандаи истеҳсоли ҷамъбаст карда шудаанд. Дар баробари дасовардҳо камбудихои ҷойдоша, аз қабили иҷро нагардидани нақшаи андоз, аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои саноати зиёдшавии сатҳи ҷинятсодиркуни ва ғайраҳо низ мавриди барасси қарор додашуда, барои бартараф нмудани онҳо аз тарафи Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло ва муовини Раиси вилоят – Р. Рачабзода дасуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

11.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню