Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони  бунгоҳи тиббӣ дар арафаи анҷомёбист. Ёдовар мешавем, ки дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло (бо ҷалби сармояи дохили ва соҳибкорони ватани) чандин биною иншоотҳои хаётан мухим дар каламрави шаҳр бино ва мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Дар радифи ин созандагиҳо, айни ҳол бо мақсади дасраси аз ёрии аввалияи тиббӣ дар маҳаллаи «Зархез»-и шаҳр сохтмони як  бунгоҳи тиббии замонавӣ  дар арафаи анҷомёбист. Маҳаллаи «Зархез»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2013 баъди ба марзи маъмурии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шудан,  аз  ҳисоби ҳудуди маҳаллаи ноҳияи Вахш, ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди маҳалла 278 хоҷаги буда, шумораи аҳолии он 2034 нафарро ташкил менамояд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам – Амирулло Асадулло дар давоми соли ҷори бунёди боз як бунгоҳи тиббии замонави дар ҳудуди маҳаллахои шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

13.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню