Ҷашни иди «Меҳргон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷашни иди «Меҳргон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон

Дар шахри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии Раиси вилоят – Д. Гулмуҳамадзода ва раиси шаҳр – Амирулло Асадулло ҷашни иди «Меҳргон» бо тантана ва ҳашамати хоса таҷлил карда шуд. Кишоварзони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дастовардҳои худро ба марраи намоиш гузошта, пешкаши сокинони вилоят намуданд.  Таҷлили иди «Меҳргон» ҳануз аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик ва форсизабонон ҳамчун иди ҷамъоварии хосилот маъмул аст. Танҳо бо шарофати соҳибистиқлоли ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардида истодааст, ки анъанҳои наҷиби гузаштагони худро аз нав эҳё намуда, мутаҳидии миллатамонро боз ҳам мустаҳкамтар намоем. Чорабинии фарҳангии якҷоя омоданамудаи бахши фарҳани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба чорабини ҳусни иловагии идона зам намуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

17.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню