Хирмани бошукӯҳ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Хирмани бошукӯҳ

Кишоварзони шахр дар соли ҷашнгири 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул меҳнат карда, ба комёбии назарраси меҳнати ноил гардиданд. Онҳо имсол дар майдони 287 гектар пахта кишт намуда, парвариши онро дар асоси қоидаҳои агротехникии парвариши пахта ба роҳ монда, ба таъмини нашъунамои пахтазори ноил шуданд. Пахтазор сари вақт обу ғизо дода шуда, нарм кардани байни қаторхо дар муҳлатҳои муайянкардаи илм сурат гирифт. Натиҷа ин шуд, ки дар пахтазорони хоҷагиҳои дехқонии қаламрави шаҳр ниҳолҳо табъи дил ҳосил баста, заминаи устувори ҳосили баланд гузошта шуд.
Хоҷагиҳои деҳқонии «Наврӯз» ва «Қаҳрамон» дар миқёси вилоят аз аввалинҳо шуда дурнамои имсоларо иҷро карданд. Кишоварзони шаҳр бошад аз оғози ҳосилғундори пешсафиро соҳиб шуда, дар миқёси вилояту ҷумҳури пеш аз ҳама аз ичрои нақша мужда расонанд. То 30-юми сентябр ба ҷойи 500 тоннаи нақша 517 тонна ашёи пурқимати саноати тайёр карда шуд.
Дехқонони хочагихои «Нуриддини Карим», филиали пажӯхишгохи зироаткори, «Ғайрат», «Қаҳрамон», «Мир», ба номи Х. Қосимов, «Шаҳри сабз» ва «Шукрона» нақшаи имсолаашонро барзиёд таъмин намуда, дар иҷрои нақшаи пахтасупории шаҳри Қӯрғонтеппа ҳиссаи сазовор гузоштанд.
Кишоварзони шаҳр ҳосили дар саҳробударо ба инобат гирифта, азм карданд, ки онро то охир ғундошта, хирмани бошукӯхи «Тиллои сафед» меороянд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

17.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню