Созандагиву ободкори дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Созандагиву ободкори дар маҳаллаи «Ҳаёти нав»

Ҷӯмҳурии Тоҷикистон   роҳи ташкил кардани давлати иҷтимоиро пеш гирифта, онро дар Сарқонунаш  бо таври мушахас таҳким бахшид. Бо назардошти   ин  давлати соҳибистиқлоламон  бо нишондодҳои қонун асос  карда, ба худ ӯҳдадории барои ҳар як инсон таъмин кадани шароитҳои зиндагии шоистаро фароҳам оварда,  имконият медиҳад, ки ҳар як инсон ҳамун шахсият зоҳир гардад. Давлати муосири ҳуқуқбунёд  ва иҷтимоӣ бошад  бо мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ” пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷомеаи шаҳрвандиро бе шахсияти озод, ки  имкониятҳои васеи  фаъолияти мустақилона  дорад, тасаввур намудан номумкин аст. Дар баробари ин ҷомеаи шаҳрвандӣ бобати бунёди мамлакати пурқуввату мӯътадил шарики давлат мебошад. Ба ин хотир кумиттаҳои маҳалла аз чумла, кумитаи махаллаи “Хаёти нав”-и шахри Кургонтеппа  ҳамчун ташкилоти ҷаъмиятӣ бо мақсади сарҷаъмкунии аҳолии маҳалла баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ки дар ҷои зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд ва мусоидат намудан ба инкишофи такомули қобилият ва истифодаи имкониятҳои аъзоёни он барои ҳалли ин масъалаҳо, таъсис дода шуда аст.  Махаллаи «Хаёти нав»-и шахри Кургонтеппа соли 2013 баъди ба марзи маъмурии шахри Кургонтеппа дохил шудан,  аз  хисоби худуди махаллаи нохияи Бохтар, ташкил карда шудааст. Дар худуди махалла 317 хочаги буда, шумораи ахолии он 2170  нафарро ташкил менамояд. Раиси кумитаи махалла Рахмонов Юсуф чихати дарёфт ва мусоидати   мушкилотхои маҳалла, ташкили корҳо оид ба ободонӣ ва санитарӣ-гигенӣ, дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунии сокинони маҳалла, мусоидат ба фарогириии аҳолӣ ба ҷои кор, мусоидат ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, ба инобат гирифтани фикр ва таклифи аъзои ба балоғатрасидаи кумита дар рафти ҳалли мушкилоти маҳал хамаруза корхои муайянеро ба анчом мерасонад. Маҳз бо ташаббуси Раиси кумитаи маҳалла Раҳмонов Юсуф ва дастгирии соҳибкорони маҳалла дар даромадгоҳи махалла дарвозаи рамзии маҳалла бунёд гардида, як катор роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир ва дар арафаи идҳои расми ва дини ба ашхоси камбизоати маҳалла ёрии модди ва пули расонида шуд. Раиси кумитаи маҳалла ва сокинони он  дар иҷрои накша чорабиниҳои аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати шаҳри КургонтеппҚӯрғонтеппа таҳияшаванда  ва дигар чорабиниҳои ҷамъияти фаъол буда, дар  амалисозии онҳо нақши худро мегузорад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

17.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню