Махфили тарғиботию омӯзишии “Мактаби модарон” - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Махфили тарғиботию омӯзишии “Мактаби модарон”

Бе шакку шубха метавон гуфт, ки имрӯз сахми занону бонувон дар рушди хаёти иқтисодию ичтимои, амали  намудани мақсад ва вазифахое, ки хамасола дар Паёми солонаи  пешвои миллат, сарвари давлат муайян ва мушаххас карда мешаванд, рохандози намудани иқдомхои шоистаи тарбияи фарзандони босаводу ояндасоз назаррас аст. Мактаби тачрибаи  оилахои солору бофарханг бевосита метавонад дар тарбияи минбаъдаи чавондухтарон, баланд бардоштани маърифати оиладори ва хидоят ба омилхои болоравии хисси миллии онхо мусоидат намояд.
Бобати амали намудани ин иқдомхои тарбияи чавондухтарон бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар   коллечхои тиббию омӯзгори ва МТМУ шахри Қӯрғонтеппа махфили тарғиботию омӯзишии “Мактаби  модарон”- ро бо баргузор намуда истодааст. Ин ташаббус дар доираи тадбиқи “Барномаи рушди оила” бо дастгирии бевоситаи раиси шахри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло амали  мешавад.
Хадафи асосии чорабинии омӯзиши масъалахои омода кардани  чавонон ба хаёт, баланд бардоштани дарачаи касбомӯзи, такмили махорати зехни ва дониши хуқуқии онхо, ташаккули тарзи хаёти солим пешгирии беморихои сирояти, зӯроварии оила, худкуши ва суиқасд бар чони худ ба воситаи маслихату машварати мутахассисони соха ва оилахои  намунави  арзёби мешавад.
Махфилаз  дар  толори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 15, бо иштироки оилахои намунави ва занони рӯзғордида дар  махаллаи Вахдат 1 ва 2  ва толори кудакистони № 7  бо  иштироки хонандагони синфхои болоии муассисахои тахсилоти миёнаи умумии № 15 ва 8 баргузор гардида, масъалахои рӯзгордори, ташаккули  тарзи хаёти солим, тарбияи дурусти фарзанд, танзими оила ва дигар масъалахои хаётан мухим мавриди сӯхбату андешарони  қарор доштанд.
Дар махфилхои омӯзиши ба сифати ибрат оилахои намунави даъват карда шуда, аз тачрибаи хаёти худ ба хонандагон дарси фарханги оиладори меомӯзанд.  Вобаста ба маъалахои ташкили хаёти солим, хидоят ба касбомӯзи, омилхои пешгирии ходисахои номатлуб дар хаёт мафхили саволу чавоб барпо гардида, чавондухтарон ба саволхои худ  посуххои мушаххас мегиранд.
Баргузории  махфили тарбиявию омӯзишии “Мактаби модарон” ба мақсади тарбияи чавондухтарон дар рохи интихоби касб, дӯст доштани зиндаги, муқаддас доштани оила, эхтиром ба арзишхои милли, баланд бардошатни маданияти шахрванди ва бунёди оилаи солим дар тамоми муасиссахои шахри Қӯрғонтеппа низ идома дода мешавад.
Илова бар ин дар хамин замина дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии №№4,7 вобаста ба масъалахои дар болозикргардида вохурихо бо иштироки мутахассисони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа ташкил ва гузаронида шуд.
Рафти баргузории чорабинихои мазкур тариқи телевизиони “Хатлон” ва “Қӯрғонтеппа” намоиш дода шуд.
 
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа:                                 Орипова М.

18.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню