Сабабҳои пош хӯрдани оилахо ва роҳҳои пешгири намудани он - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Сабабҳои пош хӯрдани оилахо ва роҳҳои пешгири намудани он

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Оила ниҳоди устуворе мебошад, ки дар он марду зан шарики ҳаёти гардида, умр ба сар мебаранд ва насл ба дунё меоранд. Ин ниҳод бояд ҳамаҷониба сиҳатманд бошад ва тифли солимро тарбия намуда, ба ин восита бақои миллатро устувор гардонад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷидди дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти бештар диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад».
Оила ҳамчун омили аввалини иҷтимои барои ҳар як фарди ҷомеа муқаддас буда, ягона гардиши асосие мебошад, ки шахсияти инсонро ташаккул медиҳад. Беназир будани оила маҳз дар он ифода меёбад, ки оила - нигоҳдорандаи арзишҳои инсоният ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои оилави дар ҷумҳури аз ҷониби Сарқонун, Кодекси оила, қонуну қарорҳо ва дигар меъёрҳои байналмилали ҳифз карда мешавад. Ягона гардиши асосие, ки шахсияти инсон дар он ташаккул меёбад, ин оила мебошад. Дар оила аввалин асосҳои ташаккули шахсият ва инкишофи ҷисмонии кӯдак хамчун аъзои ояндаи ҷомеа поягузори карда мешавад. Маҳз оила ба инсон донишҳои аввалинро дар бораи гирду атроф омӯхта, ҳамчун манбаи муҳити таъсиррасони ба инкишофи иродави ва эҳсосии кӯдак баромад мекунад. Ҳамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, аз ҷониби Президент соли 2015 -  Соли оила эълон шуда буд.
Оила яке аз аз сарчашмаҳои асосии ба ҳаёт омадани инсон ва минбаъда инкишофёбии ӯ дар ҷомеа мебошад. Бинобарин ҳар як аъзои оила бояд бо рафтори намунави, ахлоқи шоиста ва эҳтироми аъзоёни дигари оила эҳтироми оилаҳои худро пос дошта, дар байни ҷамъият обрую эътибори оилаашро нигоҳ дорад. Чунки як ахлоқи ношоистаи як нафар аъзои оила метавонад ба номи неки оилаи худ нанг оварда бо амалҳои бадаш эътибори оилаи худашро дар байни ҷамъият паст занад, ки боиси ба миён омадани оқибатҳои ногувор мегардад. Оила дорои аломатхҳои ба худ хос мебошад, ба монанди:
1) Оила - институти асосии иҷтимоии ҷомеа мебошад.
2) Оила - шартҳои аввали ҳаётро муайян менамояд
3) Оила - институти таъсирбахш ба ҳисоб меравад.
4) Оила - муаллими аввалини фарзандон ба ҳисоб меравад.
5) Оила - ин омили ичтимоии муқаддас ба ҳисоб меравад.               
Оилахои хозира ҳамчун дигар оилаҳои замони гузашта, тағйиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронида истодааст.   
Падидаҳои манфие, ки дар ҷомеа пайдо шудаанд, метавонад ба фазои оилави, яъне ба муносибатҳои оилави таъсири манфи расонад, ки боиси парокандагии оилаҳо мегардад.
Чи тавре ки таҷрибаи ҳаёти ҷомеа, тадқиқотҳои илми ва таҷрибаҳои суди нишон медиханд, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо чунин омилҳои манфи баромад менамояд:
1) Тайёр набудани ҷавонон дар муносибатҳои оиладори
2) Нагузаштани ташхиси тибби пеш аз ақди никоҳ
3) Никоҳҳои хешутабори
4) Мустақил набудани ҷавонон дар фикри худ
5) Зуровари дар оила
6) Якдигарнофаҳмиҳо дар оила
7) Дахолати волидайн ба оилаҳои навтаъсис
8) Таъсири манфии муҳити зист (таъсири рафиқу дугонаҳо, хешу табор, ҳамсояҳо)
9) Набудани фарзандон дар оила
10) Муносибати хунукназаронаи ҳамагон ба якдигар
11) Набудани эҳтиром байни ҳамсарон
12) Никоҳи маҷбури
Аз сабабҳои пош хурдани оилаҳо чунин хулоса кардан ба маврид аст, ки баҳри наҷот додани парокандагии оила, аз нуқтаи назари мо чунин роҳҳои пешгири таклиф карда мешавад:
1) Интихоби худи ҷавонон дар якдигар
2) Гузаштани ташхиси тиббӣ
3) Манъи никоҳи хешутаборӣ
4) Мустақил будан дар амалу фикрхои худ.
5) Тарбияи волидайн
6) Дахолат накардани калонсолон ба оилаҳои навтаъсис
7) Ҳангоми муноқишахои ҳамсарон ба эҳсосот дода нашудани онҳо
8) Якдигарфахми ва эҳтироми якдигар
9) Сину сол
10) Фаъол ва чоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқоти оиди мустаҳкам намудани муносибатҳои оиладори аз чониби мақомотхои дахлдори давлати ба воситаҳои баромадҳо, шиносои ва воситаҳои ахбори омма
11) Бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву профилактики бо оилаҳои ноосудаҳол аз чониби шӯъбаву бахшхои дахлдори мақомотҳои ҳокимияти давлатии маҳалли, шахраку дехот, кумитахои маҳаллаҳо.
Роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Азимзода Н.Б.      

21.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню