Баромади Раиси шаҳр - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Баромади Раиси шаҳр

Баромади Раиси шаҳр дар конфренсияи илми амали дар мавзуи - «Сабабҳои пошхурдани оилаҳо ва роҳҳо пешгири намудани онҳо»
Чи тавре, ки ба хамагон маълум аст санаи 23 январи соли 2015 дар Паёми навбатии худ аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оилдори, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдори оила таваҷҷӯҳи хоса зохир намуда, соли 2015 - ро «Соли оила» эълон намуда буданд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат, ки ба муҳокимаи умум пешкаш карда шуда буд, имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакат аз ҷониби халқ дастгири меёбад.
Мувофиқи моддаи 1 – уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои  худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. (ҚҶТ аз 26.12.11г., №791)
3. Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.
Оила - ҳамчун омили аввалини иҷтимои ба ҳисоб рафта, барои ҳар яки мову шумо муқаддас мебошад.
Оила - ин муҳити ҳамзистии чинси, ахлоқи, маънави ва иқтисодии зану мард буда, бо мақсади баёни эҳсосоти муҳаббат, пеш бурдани хоҷагии ягонаи умуми дар хаёт ва идомаи наслҳо барпо карда мешавад.
Оила - муҳитест, ки дар он ахлоқу рафтор, донишу малака, забону тафаккур, худшиноси, эҳтиром нисбати Ватану ҷомеа ва аъзоёни оила, шавқу завқ ва қобиляту истеъдодҳои инсоният ташаккул меёбад. Зеро оила мактаби ибтидоии хар як фарди ҷомеа буда, шахс дар он аввалин қадамзани, суханрони, тасавурот, азхуднамои ва одобу ахлоқро азхуд менамояд.
Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар як шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Ин маъно ифодагари он аст, ки бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузаронанд. Оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳимро дар ҷамъияти инсони мебозад. Оре, шахсоне, ки хирадманд, бомаърифат, босавод, дурандеш, пуртаҷриба ва одобу рафтори ҳамида доранд, метавонанд оилаи солим бунёд намуда – фарзандони муваффақи онҳо бошанд самараи оилаҳои солим ба ҳисоб меравад. Зеро марду зане, ки соҳибмаърифат ҳастанду дорои касбу ҳунар ва илми кофи мебошанд, метавонанд ба фарзандони худ намунаи ибрат буда, ҳамчун муассиси оилаи осудаҳол баромад намоянд. Ҳабиби Худо, Муҳаммад (с) ба умматонаш таълим дода чунин мефармояд: Издивоҷ кунед, то зиёд гардед. Зеро Рӯзи Қиёмат аз зиёд будани умматам ифтихор хоҳам кард. 
Оилаи солим – оилаест, ки бунёдгари меҳру садоқат ва якдигарфаҳми буда, дар ин оилаҳо манфиатҳои шахси, иззату эҳтиром нисбат ба ҷомеа, давлат, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, инчунин дуруст тарбия ёфтан, набудани нигоҳҳои зидди ҷамъияти ва ғайра манфиатҳои мусби дида мешавад. Бешубха нақши занон дар бунёди ҷомеаи солим чашмрас буда, саодати рӯзгори хушу осуда низ бо номи онхо пайванди амиқ дорад. Вале, бо вуҷуди тадбирҳои сӯдманд, дар заминаи бунёди ҷомеаи солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувони ҷавон дар ин самт мушкилоти ҳалталаб, аз қабили пошхӯрдани оилаҳои чавон, бинобар омода набудани онхо ба зиндагии мустақилона, зиёд шудани никоҳҳои хешовандони наздик, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида шумораашон сол то сол зиёд шуда истодааст, хамоно ташвишовар боқи мемонад. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мефармояд: Тамоми фарзандони Одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бонуи сарпарасти хона аст.
Мувофиқи моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои бастани ақди никоҳ розигии марду зани издивоҷкунанда ва сини никоҳи доштани онҳо шарт ва зарур мебошад.
Яке аз шартҳои мухими никоҳ дар он аст, ки вай бояд ихтиёри, бо майлу хоҳиш ва иродаи никоҳшавандагон баста шавад.
Дар ин радиф Паёмбари Худо, Муҳаммад (с) мефармояд: Беҳтарин никоҳ ҳамон никоҳест, ки марду зани мусалмон бояд якдигарро пеш аз никоҳ бинанд.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо ба инобат нагирифтани шартҳои меъёри моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо сабабҳои дигари ҳаёти ба монанди никоҳҳои бармаҳал, никоҳи авлоди, мустақил набудани чавонон дар фикри худ, надоштани таҷрибаи ҳаёти ва дигар ҳолатҳои манфи ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Агар мо ба таҷрибаи 5 - солаи Шӯъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯй оварем онгоҳ асоснок гуфта метавонем, ки самти ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд гардиааст. Масалан:
Дар соли 2011 – 115 оила, соли 2012 – 102 оила, соли 2013 – 63 оила, соли 2014 – 80 оила, соли 2015 – 108 оила ва дар 9 мохи соли 2016 – 74 адад оилаҳо ҷудо шудаанд, ки дар маҷмӯъ 542 оилаи ҷудошударо ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз соли 2011 то соли 2015 ва 9 моҳи соли 2016 – 3939 ақди никоҳ баста шуда, аз ин шумора чи тавре, ки дар боло қайд кардем – 542 оила чҷудо шудааст, ки 13,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар 9 моҳи соли 2016 дар Шӯъбаи САҲШ – шаҳри Қӯрғонтеппа 508 ҷуфт оила ақди никоҳ баста шуд. Аз ин 508 ҷуфт оилаҳои навтаъсис  аллакай – 74 оилаҳо ҷудо шуда, аз ин шумораи оилаҳои ҷудошуда 55 оилаҳо дар асоси ҳалномаи суд ва 19 оилаҳои дигар ба воситаи САҳШ ҷудо карда шуда, ба онҳо хатти талоқ дода шуд.                     Оқибати ногувори нанговари чунин ҷудошавии оилаҳо дар он аст, ки 70 нафар кӯдакони ноболиғ байни муноқишаҳои волидайни худ хору зор монданд. 
Аз маълумотхои дар боло оварда шуда, чунин хулосабарори намудан мумкин аст, ки ҷудошавии оилаҳо пеш аз ҳама ба чунин оқибатҳои ногувор оварда мерасонад:
1. Пароканда шудани муносибатҳои оилави;
2. Пайдо шудани бадбини, қасд, рашк ва ғараз нисбати якдигар;
3. Таъсири манфи ба ахлоқи зани ҷудошуда ё марди ҷудошуда;
4. Таъсири манфи ба ахлоқи кӯдакон;
5. Таъсири манфи ба инкишофи минбаъдаи кӯдак;
6. Пайдо гардидани доғ ба номи нек ва паст рафтани обрӯю эътибор.
Яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ин никоҳи бармаҳал ва никоҳи авлоди мебошад, ки Қонунгузории оилави ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» манъ кардааст. Мувофиқи меъёри Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани ақди никоҳ аз сини 18 – солаги иҷозат дода шудааст. Аммо ба ин манъкуниҳои қонун нигоҳ накарда аз ҷониби баъзе шахсон ба қонуншиканиҳо роҳ дода никоҳи бармаҳалро байни ҷавонони ба сини никоҳи нарасида анҷом медиҳанд.
Никоҳи бармаҳал - ба инкишофи ҷисмониву ахлоқи зарар расонида ба саломатии духтарбача хатари калон дорад, чунки аз лиҳози биологи, ҷисмони ва психологи духтарбача ба муносибатҳои оиладори тайёр нест.
Никоҳи авлоди – бояд қайд кард, ки никоҳхои хешутабори, авлоди ба натиҷаҳои нохуш ва вазнин оварда мерасонад, аз сабаби он, ки маводи гении умумии ба хам наздик доранд. Дар натиҷаи никоҳхои авлоди ба вуҷудоии касалиҳои гуногуни генетики дида мешавад. Масалан: пиршавии генҳо, ки ба носолимии насл оварда мерасонад.
Дар ҷамъбасти суханони худ қайд карданиам, ки мақсади ташкил ва гузаронидани чунин Конференсияи илмию амали пеш аз ҳама таҳлил намудани сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва муайян кардани роҳҳои пешгирии чунин парокандашавии оилаҳо буда, аз натиҷаи ҷамъбасти ин Конференсия ва дар асоси таклифу пешниҳодҳои баромадкунандагон муроҷиат намудан ба мақомотҳои олии кишвар мебошад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки натиҷаи ин Конференсия каме ҳам бошад барои боз ҳам мукаммал гардидани меъёрҳои баъзе қонунгузорихо ва сайқал додани донишу савияи иштирокчиён буда, бахри пешгири намудани хонавайроншавиҳо мусоидат менамояд.
1. Дар фарчом аз ҳамаи Шумо – мутахассисон, мудирони шӯъбахои САҲШ – и шаҳру ноҳияҳо, оилаҳои намунави, имомхатибони масчидҳо, раисони маҳаллаҳо, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва томактаби, мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба воситаи ташкил ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳиву – таблиғоти ва кор бо оилаҳои ноосудаҳол самти фаъолияти худро пурзӯр намуда баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо аз ҳама имконияту шароитҳо самаранок истифода баред.
2. Инчунин аз намояндагони васоити ахбори омма хохиш карда мешавад, ки ба воситаи ташкил ва такрор ба такрор нишон додани роликҳои гуногуни оилаҳои осудахоли намунави бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо мусоидат намоянд.
3. Ба сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» ва ТВ мустақими «Қӯрғонтеппа» супориш дода шавад, ки он таклифу пешниходҳое, ки дар фарҷоми Конференсия хулосабарори карда мешавад, пурра дар рӯзнома дарҷ гардида, тавассути оинаи нилгун ба диққати сокинони шаҳр расонида шавад.

21.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню