Ҷашни меҳргон дар хатлон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷашни меҳргон дар хатлон

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонист, ки ҳар сол рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ - рӯзи эътидоли шабу рӯз дар тирамоҳ ҷашн мегирифтанд. Барзгар ҳосили ба ранҷ парвардаи хешро ҷамъ оварда, дар ғанӣ гардидани  хони мардум саҳм мегузорад.
Тибқи дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари кишвар иди ҳосил - Меҳргон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар маркази вилоят-шахри Қӯрғонтеппа ҷашни Меҳргон таҷлил гардид, ки дар он кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят дастовардҳои хешро ба маъраз гузоштанд.  
Кишоварзони шахри  Қӯрғонтеппа  низ  ин ҷашни  ниёгонро бо риоя  шудани анъанахои қадима, оростани  хони  пурнозу  неъмат дар сатхи  баланд  таҷлил намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кумитаҳои маҳалла, ташкилоту муассисаҳо   рӯи хон махсули дастони  пурэъҷози  марди  деҳқонро гузоштанд. Фаровонии хон  аз  баҳори пурфайзи сол дарак медиҳад.
Дар иди Мехргон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонон ширкат варзида, аз намоиши аҳли заҳмати вилоят дидан карда, ғолибонро бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карданд.
А. СОЛЕҲОВА

24.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню