Иттилоия - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Иттилоия

Дар мачлисгохи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа конференсияи илми-амали бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи тахкими оила ва пешгирии пошхӯрии оилахо таҳти раёсати раиси шаҳр Амирулло Асадулло баргузор гардид.  Конференсияро раиси шаҳр Амирулло Асадулло хусни оғоз бахшида, дар суханрониаш мақсаду ҳадафи конференсияро матрах намуд. Мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бо мисолҳои мушаххас зикр кард. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳр профессор Н. Азимзода сухан гуфта, талаботи қонунгузориро оид ба ин мавзӯъ ба самъи ҳозирин расонд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Б. Раҳимова оид ба рафти кор дар шуъба ҳарф зада, рақамҳоро ба риштаи таҳрир кашид ва бурду бохтро дар ин самт таҳлил кард. Гулбаҳор Самадова, сардори машваратхонаи занона низ аз нигоҳи талаботи соҳаи тиб изҳори назар намуд. Оид ба мавзуи матраҳгардида сардори Раёсати сабти асноди холати шаҳрвандии вилоят З. Сафарзода маърӯза кард. Собиқадори меҳнат, сокини фахрии шаҳри Қӯрғонтеппа Ализода Хатичабонуи Раҳмат, намояндаи дин Акрам Соҳибназаров, собиқадор Ф. Маҳмадали андешарони намуда, баргузории конференсияро фоли нек арзёби карданд. Пешниҳод намуданд, ки чунин конференсияву намоишҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тез-тез доир карда шаванд ва ин таҷрибаи муфид дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ мавриди амал қарор гирад.
Матбуоти Раиси шаҳр

24.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню