Вазъи санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа муътадил аст - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вазъи санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа муътадил аст

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар асоси нақшаи солона ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли» аз 8 – уми декабри соли 2003тахти рақами №49 бахри пешгирии беморихои сирояти, захролудшави ва касби кору фаъолият дорад, дар давоми соли чори дар нуқтахои дар зери назорат ин марказ қарор дошта, 1881 санчишхои санитари гузаронида, нисбати камбудихои ошкоргардида, пешниходхои санитари дода шуд. Ба 324 вайронкунандагони қоидахои санитари чарима ба маблағи 28660 сомони таъин карда шуд, ки 19180 сомони аз ин хисоб ба бучаи давлат ворид гардид. Ҳамчунин дар давоми соли чори ба 540 нуқтахои дар зери назоратбуда хулосахои санитари дода шуд, ки маблағи он 64800 сомони-ро ташкил медихад. Дар рафти санчишхо аз нуқтахои савдои шаҳр 230 номгӯ махсулотхои пастсифат ва мӯхлати истеъмолиашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шудаанд.
Бинобар бо чавобгӯ набудан ба қоида ва талаботхои санитари фаъолияти 161 нуқтаи савдо ва хизматрасони муваққатан то бартараф намудани камбудихо боздошт карда шудаанд. Бо талаб ва пешниходоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар тарабхонаи «Леваканд», «Орзу», ошхонахои «Пиронсолон», «Хочиён», «Мадина» ва як қатор нуқтахои дигар таъмири асоси ва чори гузаронида шудаанд.
Марказ бо комиссияи таблиготии назди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шаҳр, органхои хифзи хуқуқ хамкории зич дошта, дар рафти баргузории рейдхои муштарак фаъолона иштирок менамояд. Аз чумла бо хамкори бо прокуратураи шаҳр дар муассисахои тандурустии шаҳр санчиш гузаронида як қатор камбудихои чойдошта ошкор карда шуданд. Нисбати 19 нафар ба маблағи 2800 сомони чаримахо таъин карда шуд.
Чи хеле, ки нишондодхои омори нишон медихад соли чори дар шаҳр ва дигар нохияхои гирду атроф зардпарвини «А» нисбати солхои пешин зиёд ба қайд гирифта шудааст. Бо ташаббус ва пешниходи директори назорати давлатии санитарию эпидемиологи дар назди Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ситод ташкил карда шуд. Аз тарафи кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитари тахти рохбарии ин ситод бахри сари вақт дарёфт намудани беморон ва ба табобат фаро гирифтани онхо тамоми чорахои зарури андешид шуда истодаанд. Кормандони марказ дар якчояги бо кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр тавонистанд бақайдгирии бемориро кам намоянд. Дар назди марказ шӯъбаи безараргардони таъсис дода шудааст, ки дар партовгоххо, хочатхонахои чамъияти, муассисахои мактаби ва томактаби ва чойхои чамъияти гузаронида мешавад.
Дар тӯли солхои 2014-2015-2016 марказ тавонист, ки бо рохи безараргардони корхои фахмондадихи дар миёни ахоли пеши рохи пайдоиши бемории доманаро гиранд. Дар ин солхо бемории домана тамоман ба қайд гирифта нашуд. Дар баробари ин як қатор беморихои сироятии дигар нисбати солхои дигар кам ва ё тамоман ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар марказ бахри боз хам хубтару бехтар ба рох мондани кор барои коргарон тамоми шароитхо мухаё сохта шудааст. Қариб хамаи хучрахои кори бо компютер таъмин мебошад. Аз тарафи рохбарияти тозаинтихоби марказ тасмим гирифта шудааст, ки дар бинои марказ таъмир гузаронида мизу чевонхои замонави таъмир карда шавад.
Кормандони марказ талошу нерӯи худро бахри ободии шаҳр ва пешгирии пайдоиши беморихои сирояти ба харч дода боз хам бехтару хубтар бахри халқу Ватан хизмат карданро пешаи кори худ кардаанд.
И.В. Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа: Каримова  Р.А.

24.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню