Озмун - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Озмун

Муассисаи давлатии ансабли рақсии «Ситора»-и назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба мақсади пурра гардонидани хайати ансабли   «Ситора» озмун эълон менамояд. 
 Шартҳои озмун
1.     Ба озмун ҷавонписарон ва ҷавондухтарони соҳибистеъдоди аз 15-сола то 22-соларо даъват мекунем.
     Ҳамчунин барои созмон додани гурӯҳи кӯдаконаи рақси дар назди ансабли «Ситора» кӯдакони аз синни 4-сола то 12-сола низ ба озмун даъват карда мешаванд.
2.     Қаду басти довталабон бояд аз 165 см (ҷавонон) баландтар бошад.
3.     Иштирокчиёни озмун бояд чеҳраи зебои саҳнави дошта бошанд.
4.     Он нафароне, ки аз озмун мегузаранд ва ба ҳайати ансабл қабул мешаванд, 1000-сомони моҳона мегиранд.
 5. Қабули хуҷҷатҳо аз 25-уми октябр то 31-октябри соли 2016 идома меёбад.
      Озмун рӯзи 1-ноябри соли 2016 дар бинои супермаркети «Сомони», ошёнаи дуюм, воқеъ дар суроғаи кӯчаи ба номи Ҷ. Абдуллоев-2,  соати 10-00  баргузор мегардад.
Телефонҳо барои тамос:  988170014,   907989880

24.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню