Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар литсеи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар литсеи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар литсеи   тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибки накша-чорабинии таҳия -намудаи маъмурияти муассиса, тахти рохбарии директори муассиса А. Ибрагимов тачлил карда шуд. Дар чорабинии доиргардида, ки бо кироати суруди милли огоз гардид, толибилмон аз таърих, зарурият ва аҳамияти ин санаи такдирсоз дар рушду нуму ва химояи ҳуқуқу озодихои инсон ва шаҳрванд ёдовар шуданд. Сипас китоби калонтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (баландиаш 1 метр, бараш 70 сантиметр), ки бо ташабусси директори муассиса А. Ибрагимов бо нишон додани тагироту иловахо дар се забон тартиб дода шуда аст, расман мавриди бахрабардории хонандагони муассиса карор дода шуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

8.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню