Санҷиш дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Санҷиш дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳайати комиссияи муштарак таҳти роҳбарии муовинони Раиси шаҳр Қосимзода Тағаймурод, Аминов Тоҷиддин ва роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Профессор Азимзода Назир дар асоси супориши Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амрулло Асадулло ҷиҳати аз наздик шинос шудан ва баҳо додан ҷараёни таълиму тарбияи хонандагони синфҳои болоии як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳатмии шаҳри Қӯрғонтеппа санҷиш гузарониданд. Санҷиш аз доираи таёри ба мавзӯи фанни оғоз гардида, баъдан саволҳои иловаги аз фанҳои дақиқ, ҳуқӯқ, таърих, забони давлати, адабиёти халқи тоҷик, Конститутсия  ва муқаддасоти милли ба хонандагон дода шуд. Тарбия дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳатмии шаҳри Қӯрғонтеппа дуруст ба роҳ монд шуда (бо истиснои якчанд нафар бе либоси расмии талабаги ба дарс ҳозир шуда буданд) бошад ҳам, сатҳи азхудкунии фанҳои таълими дар баъзе мавридҳо аз стандарти давлатии муқараршуда пас меомад. Дар тамоми рафти санҷиш аз хонандагон телефони мобили дарёфт нагардид. Ба хотири боз ҳам қавитар намудани сатҳи таълиму тарбия ва азхудкунунии фанҳои таълими ва расидан ба стандартҳои давлати чунин санҷишҳо бе огоҳи дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳатмии шаҳри Қӯрғонтеппа минбаъд низ давом дода мешаванд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

10.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню