Дастархонаи идона дар хонаи пиросолони шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Дастархонаи идона дар хонаи пиросолони шаҳри Қӯрғонтеппа

Таҳти роҳбарии Раиси шаҳр мӯхтарам - Амирулло Асадулло, бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии соҳибкори ватанӣ (аз муррифии номаш худори намуд) дар Рузи 16 Ноябр –таҷлили  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгири аз дастуру супоришҳои сарвари миллат  дар хонаи пиросолони шаҳри Қӯрғонтеппа дастархонаи идона ороста шуда, барномаи консертии омоданамуди  бахши фарҳанги  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа пешкаши сокинони ин даргоҳ гардид. Дар барорбари баргузории чорабинии идона пиронсолон бо либосҳои гарми зимистона ва рӯйпушҳои гарм таъмин карда шуданд. Пиронсолони якаву танҳо аз айёдати навбати ва дастгирии доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа изҳори минатдори ва ба ташкилкунандагони чунин икдомҳо дуои хайр намуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

18.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню