Баромади Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯхтарам Амирулло Асадулло - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Баромади Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯхтарам Амирулло Асадулло

Баромади Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯхтарам Амирулло Асадулло дар конфренсияи илми-адаби бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷум хурии Тоҷикистон
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоҳии механи маҳбуб – Тоҷикистон.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёси, иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангиаш паём фиристад.
Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони бо қаноатманди эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон хамвора дар орзӯи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзи ниёишҳои зиёдеро ба қалам оврдаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри 20 мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.
Истиқлолияти давлати волотарин ва бо арзиштарин дастоврди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийят ва озоди, ифтихор ва номус рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
 Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама масъулиятҳои давлатдории муосир арзи ҳасти намуд.
Ин ҳама саҳми арзанда ва меҳнату заҳматҳои тулонии Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муҳимтарин дастоварди воқеан таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардидааст, иборат аз он аст, ки ӯ дар кӯтоҳтарин муддат тавонист оташи ҷанги хонамонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад.
Тоҷикистонро ба расимят шинохтани зиёде аз кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлати, пули милли, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷорати, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз хар як тоҷик аз он ифтихор дорад, ки соҳиби Ватани озод ва давлати мустақил аст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи химматбаланди ва бофарҳангии мардуми шарифи мост.
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоҳии ин механи маҳбуб – Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ӯ дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳони дар сатҳи байналмиллал меистад.
Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба ҷанги хонамонсӯз хотима бахшида, гурезагонро ба Ватан баргардонад. Инчунин Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи мушкилу вазнин тавонист мақому нақши ҷаҳонии кишвари худро тақвият бахшида, ҷаҳиши стратегиро дар иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг барномарези ва амали намуда, дар расидан ба армонҳои инсониву миллии ҳамватанони худ дарёфта, ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи давлату миллат дар густариши идеяҳои ваҳдатофарин ва ояндасоз нақши муассир гузошт. Маҳз ҳамин заҳмату талошҳо ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро халқу миллат ва Парлумони кишвар ба инобат гирифта, ӯро ба унвони Олии кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдони намуданд. Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтохтарин тавонист, ки кишвари дар вартаи нобудшави қарордоштаро аз ҷанголи бадбинону ғаразнокон раҳо намуда, халқи тоҷикро бо ҳам якҷо намуда, ба мардуми кишвар сулҳу суббот, ороми ва тинҷиву осмони софи беғуборро таъмин намояд.
Ҳамин хизматҳо ва шучоатмандиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро халқу миллати тоҷик ба инобат гирифта ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Певои миллат хонданд. Зеро имрӯз ҳамагон бо як дил ва бо дилпури гуфта метавонем, ки бузургтарин арзиши даврони истиқлолият, ин таъмини сулҳу суббот мебошад, ки он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳукмрон аст.
Имрӯз ҳазорон кӯдакону ятимон ва занони бесарпаноҳ, пирони нотавону эҳтиёҷманд таҳти ғамхори ва назорати Сарвари давлатамон фаро гирифта шуда, ҳазорҳо корхонаву муассисаҳои замонави дар кишвар ба роҳ монда шудааст. Бо шарофати даврони истиқлолият мутахассисони кордону ҷавони хушманд ба кору фаъолият ҷалб карда шуда, мардум дар ватани худ бо ҷойи кори доими ва шароити хуби меҳнат таъмин мебошанд.
Тӯли 25 – соли Истиқлолияти мамлакат, мардуми тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободониву шукуфохии Тоҷикистон камари химмат баста, обрӯю эътибори ҷумҳуриро дар арсаи байналмилал ба маротибҳо боло бардошта истодаанд, ки ин ҳама саҳми арзандаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ахсан ба чунин марди накуном, ба чунин Сарвари оқилу доно, шахси хирадманд ва сиёсатмадори дар ҷаҳон машҳур, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

22.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню