Фестивали байналмилаллии «Рақс моро муттаҳид месозад» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фестивали байналмилаллии «Рақс моро муттаҳид месозад»

Таҳти роҳбарии роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр мӯҳтарам Азимзода Назир дар толори театри навбунёди шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки санъаткорон намояндагони Давлати Халқии Хитой ва Федератсияи Россия бахшида ба 100 солагии зодрӯзи устоди рақси тоҷик Ғаффор Валаматзода (дорандаи ҷоизаи ба номи И.В. Сталин-соли 1949 ва ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ) фестивали байналмилаллии «Рақс моро муттаҳид месозад» баргузор карда шуд. Чорабиниро бо сухани ифтиои аз номи Раиси шаҳр муовини Раиси шаҳр Аминзода Тоҷиддин оғоз ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам намуд. Номераҳои раҳсии банамоишгузоштаи санъаткорони давлатҳои ба мо дӯсти Давлати Халқии Хитой ва Федератсияи Россия дар ҳақиқат ҷолибмон ва сазовори аҳсан буданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо тақвият бахшидан ба муносибатхҳи дустонаи байни кишварҳои мухталифи ба мо дуст  ва зинда нигоҳ доштани номи санъаткорони варзидаи тоҷик  мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

22.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню