Конфренсияи илми-амали бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Конфренсияи илми-амали бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори моқомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси шаҳр мӯхтарам Амируллло Асадулло бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илми-амали доир гардид. Дар конфренсия дар баробари роҳбарони тшкилоту муассисаҳо ва вакилони маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин мовини Раиси вилоят доктори илмҳои сиёсатшиноси профессор М. Хидирзода низ иштирок намуданд. Конфронсро бо сухани ифтиои-табрики Раиси шаҳр мӯҳтарам Амируллло Асадулло ҳусни оғоз бахшида, баъдан дар давоми баромадаш аз таърихи пайдоши нахустин парчами миллат аз замони Куруши Кабир то даврони истиқлолият ва аҳамияти ин муққадасот дар таҳкими давлатдории мустақил ёдовар шуданд. Муовини Раиси вилоят доктори илмҳои сиёсатшиноси профессор М. Хидирзода парчамро аз замонои қадим рамзи давлатори, шукуҳу ифтихор ва нангу номус ҳисобида, дар давлатдории тоҷикон онро сунати қадима донист. Аҷдодони мо ҳануз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард, қайд намуд дар баромадаш М. Хидирзода. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр доктори илмҳои ҳуқуқшиноси профессор Н. Азимзода дар баромадаш оиди тағироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлати» воридшуда ва ҷавобгарии пешбининамудаи конунро нисбати таҳкири парчам ва дигар рамзҳои давлати бо нишон додани мисолҳои мушаххас фаҳмондадиҳи намуданд. Дар фаранҷоми конфронс фикру мулоҳизаҳои тамоми иштирокчиён пурсида шуда, дархостҳои пешниҳод намудаи   иштиркчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёси таҷлил намудани Рӯзи парчами давлатии Ҷмҳуриии Тоҷикистон дар протоколи конфронс дарҷ гардид.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

24.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню