Роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Қӯрғонтеппа

Дар шахри Қӯрғонтеппа – маркази маъмурии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осишта таҳти парчамҳои давлати ва расмҳои Пешвои миллат барпо гардид, ки дар ин роҳпаймои дар баробари колективхои меҳнатии корхонаву ташкилотҳо сокинони шаҳр низ бо як ҳисси ватандустиву ифтихор аз муқадасоти миллии хеш иштирок намуданд. Ҳамасола 24 – ноябр Рӯзи иди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиноси ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муқадасотҳои милли қабул шудаанд, дар саросари кишварамон сазовор ва дар сатҳи баланди сиёси таҷлил карда мешавад. Ба ин хотир чорабинии идона дар шахри Қӯрғонтеппа  бо мақсади  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву механпарастӣ  баргузор гардида, ҳамзамон ин иқдом нишон аз арҷгузори ба муқадасоти милли буд. Дар интихои роҳпаймои дар майдони «А. Рӯдаки» иштирокунандагонро бо ин санаи  бузург муовини Раиси вилоят Ҳакимзода табрик намуда, сипас дар толори кохи «Лоҳути» барномаи консертии омоданамудаи шуъба ва райёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ва вилояти Хатлон намоиш дода шуд. Тамоми рафти чорабини бо як ҳисси баланди хештаншиноси ва арҷгузори ба ин рамзи соҳибихтиёри ва соҳибдавлати баргузор гардид.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

24.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню