Баргузории вохӯри ва чорабинии фарҳангӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Баргузории вохӯри ва чорабинии фарҳангӣ

Баргузории вохӯри ва чорабинии фарҳанг дар қисми харбии   2628-и Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 23 ноябри соли 2016 бо сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 2628-и Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯри ва барномаи фарҳанги   баргузор намуд. 
Дар  чорабинии  мазкур  зиёда аз  50 нафар   сарбозону афсарон  иштирок  доштанд.  Афсарон ва сарбозоне, ки хизмати содиқонаи Модар-Ватанро ба ҷо меоранд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа қадрдони карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз тарафи Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр барномаи фарҳанги барои болидахотирии афсарону сарбозон пешниҳод гардид.

Мутахассиси Бахш                                                   Атоев  З.

28.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню