Мусобиқаи гуштини милли - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Мусобиқаи гуштини милли

Мусобиқаи гуштини милли (писарон, духтарон) байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тибқи нақшаи чорабинихо, бахшида ба тачлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Мактаби варзишии наврасону ҷавонони шаҳр, рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2016 мусобиқаи гуштини милли (писарон, духтарон) байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шахри Қӯрғонтеппа баргузор намуд. 
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 150 нафар   наврасону ҷавонон иштирок доштанд.  Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаи мазкур бо Диплом, Чом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа  қадрдони карда шуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

30.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню