Таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагҳои хунгард дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагҳои хунгард дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

Дар маркази ташхиси ва табобатии хусусии «Некдил» воқеъ дар беморхонаи вилоятии ба номи «Бӯри Воҳидов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  табибон бо таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагҳои хунгард ба фаъолият шӯруъ намуданд. Таҷҳизоти нави тиббии ташхис ва табобати бемории қалб ва рагхои хунгард аз тарафи рохҳбари марказ Валиев Илхом аз давлати Олмон (ширкати «Simens») ба ҷумҳури ворид карда шуд ва теъдоди чунин таҷҳизотҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳури то имрӯз ба 6 адад мерасанд. Дар таҷрибаи табибони вилояти Хатлон ин таҷҳизот бори нахуст мавриди бахрабрдори қарор мегирад. Таҷҳизот барои ташхис ва табобати бемориҳои – ишемияи дил, синокардия, сактаи дил, бемориҳои нуқсонҳои модарзоди, катеризатсияи қисмҳои рости дил ва шараёни шуш, каваграфия, артериографияи пой ва даст, аортография, вентрикулографияи рост, атриографияи рост, антиопулмонграфия, вентрикулографияи чап, чен карданикардани андозахои дефекти байнидевории пешдилҳо, коронароангиография, шунтография, атриографияи шараёнҳои периферики, имплантатсияи ЭКС-доими (муваққати), иваз намудани ЭКС, стентгузаронии коронари, ангиопластикаи баллонии шараёни коронари, стентгузаронии шараёнҳои периферии ва ғайра пешбини шудааст. Истифода аз технологияи нави муосири ташхиси ва табобати ба табибон имконият медиҳад, ки бе буридан ва дахолати ҷарроҳи танҳо истифода аз рагҳои хунгард кори қалб ва шараёни рагҳои хунгарди беморо дар мудати ниҳоят кӯтоҳ мўътадил намоянд. Ҳамчунин афзалияти дигари ин таҷҳизот ташхиси аниқ ва ёри расонидан ба ҷарроҳ дар вақти амалиёти ҷарроҳи ва табобати мебошад. Тамоми рафти амалиёти ҷарроҳи таввассути технологияи компютери сурат гирифта, бо 6 монитори назорати ин амалиётҳо таҳти назорати мутахасисон қарор мегиранд. Воридот ва истифодаи чунин таҷҳизотҳо имконият медиҳанд, ки шаҳрвандони мо ба малакатҳои хориҷи нарафта, дар ҷои маскуният ба ташхис ва табобати ба меъёрҳои ҷаҳони баробар фаро гирифта шаванд. Ҳамзамон бо иқдоми соҳибкорон ва мутахасисони ватани нархи ташхис ва табобат барои беморон дастрас шуда истодааст.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

1.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню