Таърихи пайдошавии Парчами миллӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таърихи пайдошавии Парчами миллӣ

Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинхазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар хар давраи таърихи маҳз зери Парчами миллии худ ба вахдату ягонаги ва пешрафту шукуфои расидаанд.
Зимнан, Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдвту ягонаги, ҳамдигарфахмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озоди шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавонои истифода менамуданд, ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замонаш ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти рохи таърихии халқи бостонии мост.
Ниёгони арчманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озоди, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлати баёнгари хаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳанги ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарасти, ҳимояти марзу бум, саъю талорш барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли авали ҷашнгирии рӯзи Парчами давлати мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави милли ва давлати табрик намуда, зикр сохта буд, ки Парчами имрӯзаи давлати яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти милли ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихи ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои твмоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Бешак, парчами давлати Тоҷикистон соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррами ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбархо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори хар як точику точикистонист. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди милли аст». Парчами давлати тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлат давлатдори таҳкими истиқлолияти милли, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати милли ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдоди раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз втану ватанжори фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлати боз ҳам фарашу гуворо ба ҷилва меляд.
Дар «Шоҳнома» омадааст: хар яке аз паҳлавонони бузург номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштанд. Дирафш аз замонхои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат буд ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлати мо – тоҷикон соҳиби Парчами милли, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардидем. Дар ҷаҳони муосир доштант парчами милли ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои давлатдори ва ваҳдати милли мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифмегардад.
Мохи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии точикон тарҳрези гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимилли – сулҳу субот ва ваҳдати милли қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарури доир ба таъмини сарчамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд, ки имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.
Давлату Ҳукумати кишвар ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи парчам эълон доштааст. Таве Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи Парчами давлати зикр намуда буданд: «Парчами милли ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарасти ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳони ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору руҳбаланди ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Парчами давлати барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати милли, ҳуввияти милли ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори милли ва ҳифзи арзишҳои воли таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Дар охир орзумандам, ки Парчами милли – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озоди, ваҳдати милли, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Хуршедсифат ба даст Парчам дорам,
Монандаи кӯҳ руҳи маҳкам дорам.
Ойини ватандории ман меросист,
Дар домаи Кова дасти Рустам дорам.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз»: Р. Хақбердиева



3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню