Сайёҳи - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Сайёҳи

Мавқеи географии шаҳр
Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Шаҳр дар охили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, иқлимаш хушки субтропикист. Харорати миёнаи январ 0,90 с, июл 28,90 с, боришоти солона 271 мм.
Каме аз таърихи пайдоиши шаҳр
Қӯрғонтеппа асрхои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст, ки маънои «шаҳри гӯша» -ро дорад. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табии набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъи ба вуҷуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» ҷори кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фуруш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд хар кадом як хӯрчини хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҷа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятхо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр ихота мекард, ки аз болои он ароба бемалол гашта метавонист. Қасри хокими Леваканд низ дар болои ин теппа сохта шуда буд. Мақсад аз бунёди теппаи мазкур иборат аз он будааст, ки муҳофизони муқими аз ҳуҷуми душманон сари вақт бохабар шуда, онро рафъ карда тавонанд. Аз ду тарафи теппае, ки қасри хоким сохта шуда буд, ду нахр: аз чануб нахри «Ҷӯйбор» ва аз шимол нахри «Ҷӯйхонум» ҷараён дошт. Дар бораи чӯйи «Хонум» чунин ривояте ҳаст, ки гуё бо талаби зани дӯстдоштаи хокими Леваканд Бибихонум аз тарафи шимоли теппа нахр гузарониданд, ки дар он малика бо канизакхояш машғули оббозиву фароғат мешудаст ва аз ин рӯ ин нахр номи «Чӯйхонумро» -ро гирифтааст. Айни ҳол дар болои теппаи таърихии шаҳр манора ва дар асоси он осорхонаи таърихию кишваршиносии Бибихоним сохта шудааст, ки 4 сентябри соли 1999 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии онро бурида, ба оғози истифода қарор ёфтани ин оинаи таърих асос гузошт.
Ҳуҷуми ғоратгаронаи муғулон дар асри ХIII баробари дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна шаҳри Леванкандро низ ба харобазор табдил дод. Як қисми ахолии он кушта шуда, қисми зиндамонда водиро тарк карданд ва номи Леваканд низ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Баъдтар ба ин ҷо одамони нав омада маскан гирифтанд ва теппаю мавзеҳоро низ ба хости худ аз нав номгузори намуданд. Маркази води аз ҳамон давра (асрҳои ХIII - ХIV) ба номи теппаи таърихи (яъне Қӯрғон дар болои теппа) марбут гардида, Қӯрғонтеппа номгузор гардидааст.
Шаҳри Қӯрғонтеппа бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр мебошад.
Мавқеи шаҳр дар сохаи сайёхи
Чун шаҳр дар маркази вилоят мебошад ва ин сабаб мегардад, ки ба шаҳр аз тамоми манотиқи вилоят сокинон пайи кору фаъолият, истроҳату фароғат биёянд. Ҳамчунин ба шаҳр теъдоди ташрифоварии сайёҳони хориҷи низ дар афзоиш аст. Шаҳр дорои қасри фарҳанг, театри давлатии мусиқи - мазхакавии ба номи А. Мухаммадчонов, 9 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 174 ҳазор нусха китоб, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангу истироҳати, ду варзишгоҳ ва дигар муассисаҳои маърифативу таълими мебошад. Ҳамзамон дар шаҳр намояндгии якчанд созмонҳои байналмилали ҷой гирифтаанд.
Шаҳри Қӯрғонтеппа умуман хурд буда, метавонед ба бисёр ҷойҳои он пиёда гаштугузор намоед. Шумо метавонед аз такси истифода баред, ки он 2 сомони арзиш дорад. Ҳамин тавр Шумо метавонед аз микро -автобус низ истифода баред. Микроавтобусҳо аз кӯчаҳои Ваҳдат ва Айни мусофир мекашонанд. Марҳамат барои дарёфти микро -автобусҳо ва таксиҳо аз харита истифода намоед.
Харитаи туристии шаҳри Қӯрғонтеппа
Миёни сокинони шаҳр хунарҳои чакандузию гулдузи, чубтарошию заргари барин ҳунарҳои милли рӯ ба инкишоф аст. Маҳсули дастони гулофарини хунармандони вилоят чандин намоишгоху фестивалхои ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст. Махсусан имрӯз сокинони шаҳр ба анъанаҳои миллиамон таваҷҷӯҳи бештар медиҳанд аз ҷумла, иди наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад ва хӯрокҳои милли дастурхонро оро медиҳад.
Теппаи «Қӯрғон»
Дар болои Теппа осорхонаи шаҳри ҷойгир шудааст, ки аз болои он манзараи зебои шаҳр аён мегардад. Марҳамат омада аз нигораҳои таърихи ва намоишҳое, ки оиди гузаштаи шаҳри Қӯрғонтеппа нақл менамояд, дидан намоед.
Оғози кор: аз соати 08.00-17.00
Аз рӯзҳои: Душанбе то Якшанбе
Нархнома: Барои одамони маҳал 1 сомони ва барои сайёҳон 5 сомони
Осорхонаи таъриху кишваршиносии
вилояти Хатлон ба номи «Авасто»
Бархақ тоҷикон аз ҷумлаи миллати кӯҳанбунёд ва мутамаддини ҷаҳон мебошанд, ки нодираҳои бузурги таърихию фарҳангиро офаридаанд ва қисме аз ин осори бузурги таърихи ба вилояти Хатлон мансуб мебошад.
Моҳи июни соли 2011-ум ороиши толорҳои намоишгоҳи осорхона аз тарафи рассомони маҳалли Хайрулло Давлат ва Пиров Падар оғоз гашт. Ҳамин тариқ рӯзи 10-августи соли 2011 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, осорхона дари худро боз намуд.
Осорхона аз 8 шӯъба иборат буда, 2780 адад нигора дорад. Нигораҳо асосан ин маводҳои археологи, санъати амали, сиккашиноси, мардумшиноси, заргари, чубтароши ва ҳуҷҷатҳои таърихи мебошанд.
Дар осорхона нигораҳои қадимтарин ин табарчаи суфтаи неолитии таллуқ ба асри санг ва ҷомҳои гилини тааллуқ ба давраи биринҷ, сиккаҳои кушони ва юнону бохтар низ ҷамъ оварда шудаанд. Ҳамчунин қубурҳои гилин ва хурмаҳои гилини асрхои 9-11 ба намоиш гузошта шудаанд.
Мучассамаи И. Сомони
Ин муҷассамаи драмави дар маркази шаҳр бо фаввора иҳота карда шудааст, ки он асосгузори аввалин давлати Тоҷиконро шарҳ медиҳад. Он дар муқобили Теппаи Қӯрғон ҷойгир буда, нишонаи айёни ва асоси ба шумор меравад, ки барои ташриф овардан ҳам рӯзона ва ҳам шабона арзанда аст!
Боғи «70-солагии Водии Вахш»
Ин боғ дар маркази шаҳр чойгир буда, сайру гашткуни дар лаб-лаби дарёизебои он ҷолиби диққат аст.
Бозорҳо
Бозори марказии Фаровон серодам буда, ҷои хуб барои дар амал аз назар гузаронидани маданияти тоҷикон мебошад. Ин бозор ашёҳои гуногуни рӯзғорро ба тиҷорат мондааст аз қабили матоъҳо, либоса, сабзавот ва мевачотҳои тару тоза ва техникаҳои гуногун. Бозори Ҳоҷи Шариф нисбати бозори маркази калонтар буда, он берун аз шаҳр ҷойгир шудааст.
Боғи фархангии шаҳр
Ин боғ дар наздикии маркази шаҳр ҷойгир шудааст. Ин боғи серодаму рангоранг дар худ якчанд чойхо барои бозии кӯдакон, амфитеатр ва харакхои нишаст дорад. Мархамат ташриф оварда аз мучассаме, ки ёдовари аз Ҷанги бузурги ватани мекунад дидан намоед, ки он ёдбуди гузаштаи шаҳри коммунистиро ба ёд менамояд.
Китобхонаи вилояти ба номи «Шамсиддин Шохин»
Ин китобхона дар назди осорхонаи вилояти чойгир буда, ба одамони махалли чойи ором барои хониши китобхоро пеша менамояд.
Мучассамаи А. Рӯдаки
Мучассама дар боғхои хуб нигохубинкардашуда чой гирифтааст, ки нишони нависандаи машхури халқи точикро дар миқёси мамлакат шарх медихад. Дар атрофии он Шумо кинотеатри ба номи «Лохути», тарабхона ва мағозаи хурдро бо чойи бархаво барои шароити хуби аксгири дида метавонед.
Ҷойҳои дигари диққатчалбкунанда дар шаҳр.
- Осорхонаи Вахдат
- Муҷассамаи Ҷалолиддини Руми
- Боғи Ғалаба
- Театри мусиқи - мазхакавии ба номи Ато Мухаммадчонов
- Кинотетри Лоҳути
- Ҳавзи шиновари
- Майдони калони варзиши (барои чорабинихои фарханги ва футболбозии мавсими)
Меҳмонхонаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Меҳмонхонаи «Рамз»
Дар маркази шаҳр, дар наздикии Теппаи Қӯрғон ҷойгир аст ва дорои шароитҳои хуб аз ҷумла Wi-Fi, кондитсионер, толор барои баргузории конфронс ва толори варзиши мебошад. Ҳайати коргарони инҷо ба забони англиси низ ҳарф мезананд. Ҳуҷрахои ним люкс ва люкси пурраро интихоб намуда метавонед.
Сомона: www.ramzhotel.tj
Тел: 917-91-02-15
Меҳмонхонаи «Само»
Ин меҳмонҳонаи навсохташуда тоза ва бароҳат буда, дорои кондитсионер, оинаҳои нилгун мебошад. Дар наздикии ин меҳмонхона тарабхона ва ҳавзи шиновари ҷойгир мебошанд.
Меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа»
Ин меҳмонхона хучрахои пулакиро пешкаш менамояд, инчунин ҳуҷраҳои дараҷаи люкс бо шароитҳои хуб аз ҷумла кондитсионер ва оинаи нилгун мебошад. Меҳмонхона дар наздикии бозори маркази чойгир аст.
Меҳмонхонаи «Истиқлол»
Ин меҳмонхона дар худ тарабхона ва мағоза дошта яке аз меҳмонхонаи калонтарини шаҳр ба шумор меравад.
Телефонхо барои тамос: 901-03-08-19
Меҳмонхонаи «Мафтуна»
Ин меҳмонхона дар наздикии терминали шаҳр чойгир буда, дорои хучрахои хархела ва бо нарххои гуногуни аз андозаи хучра вобаста бударо дорад. Дар ин мехмонхона кондитсионер ва оинаи нилгун дастрас фарохам оварда шудааст.
Вебсайт: www.maftuna.tj
Телефонхо барои тамос: 901-11-21-53
Тарабхонаҳо
Дар ш. Қӯрғонтеппа тарабхонахои зиёде мавчуданд, ки асосан хӯроки миллии точикиро пешкаш манамоянд, аз чумла ош, манту ва шурбо. Нархи хӯрокхои асоси аз 10 сомони то 35 сомони мебошанд.
Бахши ҷавонон, врзиш ва саёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа 

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню