Вохӯри бо намояндагони мақомоти суди - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯри бо намояндагони мақомоти суди

Тибқи нақшаи кории Суди вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии намояндагони Суди вилояти Хатлон бо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор карда шуд. Дар вохӯри Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон – Муҳидинов, Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Хатлон – Сафозода, Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои маъмурии Суди вилояти Хатлон - С. Пирмуҳамадзода ва дигар намояндагони Суди вилояти Хатлон иштирок намуданд. Вохӯриро бо сухани ифтиои муовини аввали Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа - Абдуллозода Искандар оғоз намуда, мақсади вохӯриро хамчун сӯҳбат дар доираи саволҳои мушкилу ҳалталабе, ки дар рафти поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба миён меоянд, муаррифи намуд. Сӯҳбат дар ҳақиқат озод ва самими доир гардида, иштирокчиён бе монеа ва маҳдудият оиди мушкилоти худ ба Судяҳо саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар фароварди вохӯри Рисикунандаи Коллегия оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон Муҳидинов оиди рафт ва натиҷаҳои иҷроиши «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки ин қонунҳо характери милли доранд, фаҳмондадиҳи намуданд. Вохури тавонист то андозае дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони шаҳри Қӯрғонтеппа мусоидат намояд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню