Нишасти матбуоти - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Нишасти матбуоти

Дар толори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппа нишасти матбуотии намояндагони васоити ахбори омма бо намояндагони донорҳои байналмилалии гурӯҳи кории «Ҷоизаи мусиқии Боб», ки аз мохи ноябри соли ҷори то моҳи апрели соли 2017 озмуни миллии суруди тоҷики «Ҷоизаи мусиқии Боб» - ро ташкил менамоянд, доир гардид. Мақсад аз баргзории озмун ин мусоидати ҳаматарафа ба он нафароне, ки истеъдоди табии доранд вале, имконияти мустақилона истифода бурдани истеъдоди худро надоранд, иборат буд. Дар гурӯҳи кории «Ҷоизаи мусиқии Боб» аъзоёни зерин иштирок менамоянд:
Ҷаноби Хю С Филпот – Сафири Англия
Хонум Патрисия Виверс-Картер – Намояндагони Бонки Ҷаҳони
Хонум Лючия Елми – Роҳбари намояндагони ЮНИСЕФ.
Ҷаноби Ричард Ҷонс – Намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигарон.
Гурӯҳи кори лоиҳаеро таҳия намудаанд, ки мақсади он дастгирии навозандагони тоҷик, ки фарҳанги гуногуни мусиқи ва сабтҳоро аз тамоми гирду атрофи Тоҷикистон муаррифи менамоянд, иборат аст. Суолу ҷавоби нишасти матбуоти маҳз дар доираи роҳҳои амалгардони лоиҳаи мазкур сурат гирифт. Мутобиқи ин лоиҳа пешниҳоди дархост ба озмуни «Ҷоизаи мусиқии Боб» аз 1-уми декабри соли 2016 оғоз мегардад ва то 28-уми феврали соли 2017 давом мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз сини 16-сола то 25 сола метавонад клипи видеои, ки аз 2 дақиқа иборат аст ба сомонаи www. bobsmusicaward.tj пешниҳод намояд ва иштирокчии озмун гардад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню