Рӯзи байналмилалии маъюбон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Рӯзи байналмилалии маъюбон

Дар санаи 3 декабри соли 2016 бо ташаббуси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба муносибати «Рӯзи байналмилалии маъюбон» дар театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа барои кӯдакони имконияташон маҳдуд намоишномаи театри гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар кӯдакон иштирок намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар фарчоми чорабини бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхори» дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз тарафи котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба 40 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳои хотирави супорида шуданд. Илова ба ин аз тарафи котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхори» ба аёдати 3 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуде, ки дар хона бистари буданд ташриф оварда, тӯҳфаҳо расонида шуданд.
Ҳамзамон дар Маркази хизматрасонии иҷтимои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ба 60 нафар кӯдакон тӯҳфаҳо расонида шуданд.                    
Котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак: Д. Шодиев

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню