Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташабусси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  бахшида ба 17 солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-декабри соли1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирхои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» рузи 3 декабри соли чори дар толори китобхона марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи «Камоли Хуҷанди» таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Қосимзода Солияхон ва як  зумра занони фаъоли шаҳр вохӯрии судманд барпо гардид. Дар давоми сухани ифтиои Қосимзода Солияхон дарҷ намуданд, ки шуруъ аз соли 2009 мардуми шарифи Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ҷашн мегиранд  ва  роҷеъ ба ин Ҷаноби Олӣ соли 2010 дар Паёми худ ба муносибати 8-уми Март дар бораи он чунин гуфтанд:
- Рӯзи модар эълон гардидани ин сана  дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуффи нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории худро ба бузурги ва азамати модарони поксиришт собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамони натиҷа аз самараи заҳмати  шабонарӯзии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.
Собиқдорони рӯзгор низ дар навбати худ баромад намуда, нисбати ғамхориҳои мунтазами Сарвари миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақки занону бонувон ва  баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа изҳори минатдори намуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню