Вохӯри бо вакили мардумӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯри бо вакили мардумӣ

Дар толори муассисаи таҳсилоти умуии № 4 вохӯрии сокинони маҳаллаи  Б. Ғаффоров (кучаҳои М. Тусунзода, Низоми, А. Расулов, М. Қодири)  бо вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа аз  ҳамин минтақа Абдуллозода Искандар доир карда шуд. Абдуллозода Искандар аввали соли 2016 дар ҳамин минтака – дар ҳавзи интихоботии № 25, ки шумории умумии овоздиҳандагонаш 2760 нафарро ташкил менамояд, бо роҳи овоздии пинҳони вакил ба маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардида буд. Дар вохӯрии навбати оиди иҷрои корҳои ба сомон расонидааш Абдуллозода Искандар дар назди интихобкунандагонаш ҳисобот дода, фикру пешниҳодҳои онҳоро ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти маҳал мешунавад ва ин изхоротҳои онҳоро дар  иҷлочия навбати ба диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва маҷлиси вакилони он мерасонад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню